Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Додугирифти Тоҷикистон бо Чин $844 млн зиёд шудааст

0

Додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар як соли гузашта ба 2 миллиарду беш аз 800 миллион доллар баробар шудааст, ки нисбат ба як соли пештар 844 миллион доллар зиёдтар будааст.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Чин ҳамоно аз рӯи гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон, миёни кишварҳо дар ҷойи аввал қарор дорад.

Тибқи омори ин ниҳод, соли 2025 аз Тоҷикистон ба Чин дар ҳаҷми 523 млн доллар маҳсулот содир шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ хеле зиёдтар, беш аз 2 миллиарду 325 миллион ҳисоб шудааст.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 12- уми феврал ба хабарнигорон гуфт, воридот аз Чин бештар аз ҳисоби мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо афзоиш ёфтааст.

Бахши асосии электромобилҳо ҳоло ба Тоҷикистон аз ин кишвар оварда мешавад.

Тоҷикистон бештар маъдану консентрати металҳои гаронбаҳо ва сурбро ба Чин мефурӯхтаст.

Солҳои охир ин кишвар ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзии хориҷии кишвар ҳам аз Чин аст.















Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *