Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Толибон
Саъдӣ Шарифӣ, cафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон дидору гуфтугӯ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон рӯзи 12-уми феврал гуфт, дар ин дидор Амирхон Муттақӣ бар таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла густариши муносибатҳои дипломатӣ ва рафтуомади ҳайатҳои ду кишвар таъкид кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Муттақӣ дар ин мулоқот гуфтааст, "касе наметавонад ба равобити дӯстона миёни ду кишвар халал ворид кунад".
Манбаъ аз қавли Саъдӣ Шарифӣ, cафири Тоҷикистон навишт, ки ӯ дар ин дидор дар бораи охирин таҳаввулот ва тавофуқоти қаблии миёни Кобул ва Душанбе гуфтааст, ки Тоҷикистон дар марзи муштараки ду кишвар барнома ва тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дорад ва хоҳони густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамкорm бо Афғонистон аст. Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи тақвияти ҳамкориҳои марзиву амниятиро матраҳ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар бораи ин мулоқот хабаре нашр накардааст.
Дидору гуфтугӯи сафири Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки Тоҷикистон аз замони ба қудрат баргаштани "Толибон" дар Афғонистон дар баробари ин гурӯҳ мавқеъгирии шадид дошт ва дар моҳҳои ахир ин робитаҳо рӯ ба гармӣ овардааст.
