Задухӯрди дигарбораи нерӯҳои Покистон ва “Толибон”
Нерӯҳои Покистон ва Афғонистон рӯзи 3-юми март дар нуқтаҳои гуногуни марзи байни ду давлат бо ҳам дигарбора даргир шуданд. Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ҳушдор дод, ки то ҳол 42 сокини осоишта дар ин кишвар дар низои шашрӯза кушта шудаанд.
Пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба шаҳрҳои бузурги Афғонистон дар ҳафтаи гузашта, ду кишвар сахттарин даргириҳои худро дар солҳои охир оғоз кардаанд. Ин ҳолат нигарониҳоро дар мавриди як ҷанги тӯлонии дигар дар минтақа, ки бо ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эрон низ мувоҷеҳ аст, афзоиш додааст.
Исломобод ҳафтаи гузашта бо мушак ба мавзеъҳои низомии "Толибон" дар Афғонистон ҳамла кард. Иддаои Покистон ин аст, ки "Толибон" ба дастаҳое паноҳ додааст, ки аз хоки Афғонистон ба Покистон ҳамла мекунанд. Ҳукумати "Толибон" кумакро ба ин гуруҳҳо рад мекунад.
Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, рӯзи 3-юми март эълом кард, ки ҳамлаҳои ҳавоии мувафақиятомезе ба пойгоҳи ҳавоии Багром дар шимоли Афғонистон анҷом шудааст. Ин пойгоҳ дар 20 соли ҷанги Афғонистон ҳумчун маркази калидии фармондеҳии Амрико хидмат мекард.
Пулиси Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, ҳамлаи Багром бо истифода аз падофандҳои зиддиҳавоӣ гардонда шуд. Як манбаи баландпояи Покистон гуфтааст, ҳамлаҳои ҳавоӣ то замоне идома хоҳанд кард, ки Афғонистон гурӯҳҳои террористиро халъи силоҳ накунад.
Ин манбаъ гуфт, агар чунин чора андешида нашавад, Покистон метавонад роҳбарияти олии “Толибон”-ро ҳадаф қарор диҳад.
Вазорати дифои Афғонистон рӯзи сешанбе гуфт, ки нерӯҳои “Толибон” як посгоҳи низомии Покистонро дар минтақаи Қандаҳор тасарруф кардаанд. Вазорати иттилооти Покистон аз даргирӣ дар беш аз 20 макон хабар дод.
Манобеи амниятии Покистон гуфтаанд, онҳо як анбори силоҳ дар Ҷалолобод ва як пойгоҳи низомиро дар вилояти Нангарҳор хароб кардаанд. Ҳарду кишвар бидуни пешниҳоди далеле гуфтаанд, ба якдигар осеби бузург расонидаанд.
Радиои Озодӣ мустақилона наметавонад омори талафоти ду ҷонибро тасдиқ кунад.
Ҳайати кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки бар асоси омори ибтидоӣ аз 26-уми феврал то 2-юми март дар "тирандозии ғайримустақим дар даргириҳои фаромарзӣ" 42 сокини осоишта кушта ва 104 нафар захмӣ шудаанд.
