Алиев ҳамлаи паҳподиро ба Нахҷувон "амали террористӣ" номид
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, бар асари партоби ду паҳпод (дрон, ҳавопаймои бесарнишин) аз хоки Эрон дар вилояти худмухтори Нахҷувон ду кас маҷрӯҳ шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, яке аз ин паҳподҳо рӯзи 5-уми март ба бинои фурудгоҳи Нахҷувон зиён расонд ва дигаре дар наздики мактабе дар минтақаи Шакаробод афтод.
Эрон ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Озарбойҷон рад кард.
Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, гуфтааст, Эрон бо ин кораш алайҳи Озарбойҷон “амали террористӣ содир кард”.
Ӯ дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфт, мақомоти Эрон ҳодисаро таҳқиқ кунанд, узр пурсанд ва “шахсонеро, ки ба ин амали террористӣ даст задаанд, ба ҷавобгарӣ кашанд.”
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ин ҳодисаро маҳкум кард ва аз сафири Эрон дар Боку хост, воқеаро шарҳ диҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Туркия низ бо нашри баёнияе ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Эронро ба Нахҷувон маҳкум намуд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷуми март дар изҳороте гуфт: “Ҷумҳурии Исломӣ бо эҳтиром ба соҳибихтиёрии ҳамаи кишварҳо, бахусус кишварҳои ҳамсоя ва мусалмонӣ, партоби ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба самти Ҷумҳурии Озарбойҷон рад мекунад."
Озарбойҷон шарики муҳими Исроил ва таъминкунадаи нафт ба ин кишвар буда, солҳо боз дар масоили низомӣ ҳамкорӣ мекунанд. Бисёриҳо Исроилро аз ҷумлаи кишварҳое медонанд, ки дар ҷанги Озарбойҷон бо Арманистон бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ба Боку силоҳу муҳимот додааст.
Таниш дар минтақа аз рӯзи 28-уми феврал, пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд ва ҳоло доманаи он аксар кишварҳои минтақаро фаро гирифтааст.
