Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Ҳалокати 4 кас дар суқути ҳавопаймои Амрико дар Ироқ

0

Як ҳавопаймои бузурги амрикоӣ, зоҳиран, бар асари садамае дар ҳарими ҳавоии Ироқ сарнагун шуда, чор сарнишини он ба ҳалокат расидаанд.

Ситоди фармондеҳии Амрико, ки назорати амалиётро дар Ховари Миёна дар уҳда дорад, гуфт, ҳавопаймои KC-135 рӯзи 12-уми март дар ғарби Ироқ сарнагун шуд.

Ин навъи ҳавопаймоҳо барои пур кардани захираи маводи сӯхти ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳангоми парвоз истифода мешаванд.

Ба қавли ситод, ҳавопаймо ҳангоми ширкат дар амалиёти Эрон суқут кард, вале на оташи душман ва на оташи тасодуфии нерӯҳои ҳампаймон дар ин амал нақше надорад.

Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Як фармондеҳи амрикоӣ ба хабарнигори “Рейтерс” гуфтааст, номи ду сарнишини боқимондаи ҳавопаймо баъди 24 соат ошкор хоҳад шуд.

Низомиёни амрикоӣ рӯзи дуюми март хабар доданд, ки дар Кувайт се ҳавопаймои ҷангии F-15 бо оташи пойгоҳҳои зиддиҳавоии ин кишвар тасодуфан ҳадаф қарор гирифта, сарнагун шуданд.















Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *