Баста шудани мактаби забономӯзии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон "Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор"-и Донишгоҳи Осиёи Марказиро, ки аз ҳимояти Бунёди Оқохон баҳравар буд, баста, иҷозатномаи онро бозпас гирифтаанд. Ин хабарро вебсайти "Pamir Inside", ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад, рӯзи 16-уми март нашр кард.
Дар ин муассиса хабари баста шудани мактабро ба Радиои Озодӣ рад накарданд, аммо гуфтанд иттилоияи расмӣ 17-уми март пахш мешавад. Мақомоти Тоҷикистон то кунун хабарро шарҳ надодаанд.
"Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор" як бахши Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳисобдорӣ, фанновариҳои нав ва барномасозӣ машғул аст.
Вебсайти "Pamir Inside" навиштааст, дар ин мактаб зиёда аз 1500 нафар омӯзиш мегирифтанд. Ба қавли ин манбаъ, тасмим барои бастани "Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор" аз сӯи Оҷонси назорат дар соҳаи маориф гирифта шудааст.
Дар ин ниҳод хабарро шарҳ надоданд.
Ба гузориши "Pamir Inside", баъд аз эътирозҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Шабакаи Оқохон зери фишори мақомоти Тоҷикистон қарор гирифт ва мақомот назорат ба барномаҳои ин созмонро сахтар карданд.
Аз ҷумла, соли 2024 ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати созишнома бо Шабакаи Рушди Оқохон (АКDN)-ро, ки ба ин ниҳод мақом дипломатӣ медод, тамдид накард.
Ҳамчунин моҳи сентябри соли 2023 ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард.
Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи "Серена" дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат гузаронда шуданд.
Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил дода шуд.
