Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Февраль
2018

Тахриби "девори Ислом Каримов" дар марзи Узбакистону Тоҷикистон

0
Охири ҳафтаи гузашта мақомоти Узбакистон девореро аз гузаргоҳи марзии "Саразм-Ҷартеппа" бардоштанд, ки вилояти Самарқанди ин кишварро бо вилояти Суғди Тоҷикистон мепайвандад.


Дар маросими барчидани девор ҳайатҳои марзбонии Узбакистону Тоҷикистон иштирок доштанд. Девори мазкур, ки баландияш 3 ва дарозияш 10 метр буд ва тоҷикистониён онро "девори Ислом Каримов" меномиданд, соли 2010 бо ташаббуси ҷониби Узбакистон бунёд шуд.


Ба иттилои мақомоти тоҷик, қарор аст, дар гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" терминали нав, меҳмонхона ва истодгоҳи мошинҳо бунёд карда шавад.


Ба гуфтаи сокини деҳаи "Саразм"-и ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон Осим Ҷамолов, тағйироти ахир дар гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" ба беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рабт дорад.


Рӯзноманигори тоҷик аз Панҷакент Шоҳин Равшан гуфт, интизор меравад, гузаргоҳи марзии "Саразм-Ҷартеппа" миёнаҳои моҳи оянда боз шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, дар Панҷакент ба ҷашни "Наврӯз" омодагӣ мебинанд. Қарор аст, дар маросимҳои ҷашнӣ ҳайати Узбакистон ҳам иштирок кунад.














Музыкальные новости






















СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *