Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Февраль
2018

Новости за 14.02.2018

Саакашвили:"Ё мо онҳоро маҳв мекунем, ё онҳо моро!"

Ozodi.org 

Собиқ волии вилояти Одессаи Украина Михеил Саакашвили баъди ихроҷаш аз Украина бо итминон иброз дошт, ки барои сарнагунии ҳукумати ин кишвар, ки зери нуфузи олигархҳо қарор дорад, талош меварзад.

Лайк ва SMS – ба ҷои гулу номаҳои ошиқона. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 14-уми феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад. Дар гузашта, дар ин рӯз тақдими ширинӣ ва номаҳои ошиқона маъмул буд, вале дар замони муосир шодбошиҳо дар рӯзи ошиқон дар олами маҷозӣ маҳдуд шудааст.

Дар он сӯи марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Садои тирпарронӣ ва задухӯрдҳои ахири Афғонистонро сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд. Аксар сокинони деҳоти наздимарзӣ аз мақомоти маҳаллӣ ва расонаҳои хабарӣ фаҳмиданд, ки дар он сӯи марз нерӯҳои афғон бо кумаки нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд.

Тирандозӣ дар назди Оҷонси амнияти миллии Амрико

Ozodi.org 

Бар асари тирандозӣ дар назди Оҷонси амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико се нафар осеб дид. Хабаргузории Reuters рӯзи 14-уми феврал навишт, ки як гумонбар боздошт шудааст. Дар бораи ин ҳодиса ба президент Доналд Трамп гузориш доданд. Бинои Оҷонси амнияти миллии Амрико дар аёлати Мэриленд ҷойгир аст. Ҳодиса дар даромадгоҳи ситоди Оҷонсӣ рух дод. Бино ба навиштаи матбуот, дар назди даромадгоҳ, ки тирпарронӣ онҷо ҷараён гирифт, як мошини сиёҳ ба панҷара бархӯрд. Ҳуввият ва ангезаи ҳамлагар маълум нест. Читать дальше...

“Паёмбар ба занҳояш эҳтироми баробар дошт, мардҳои замони мо чӣ?"

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба таври ғайримустақим чандҳамсариро дар кишвар тасдиқ кард. Идигул Қосимзода рӯзи 14-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, агар мардҳои бисёрзана ба мисли паёмбари ислом адолатро миёни занҳояшон риоят мекарданд, ин масъала боис ба дилсардиву фишор дар хонаводаҳо намешуд.



Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон. Баҳодур қолабҳоро шикаст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Назарҳо дар мавриди Рӯзи ошиқон ё рӯзи Валентин дар водии Вахш мухталиф аст. Иддае мегӯянд, ки таҷлили Рӯзи ошиқон гуноҳ аст ва иддае дигар тибқи бовар ва хостаҳои худ аз рӯзи ошиқон ҷашн мегиранд.

Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон. Баҳодуру Гулрухсор қолабҳоро шикастанд

Ozodi.org 

Гулрухсор ва Баҳодур -- зану шавҳар аз деҳаи Ваҳдати ноҳияи Бохтар ҳастанд, ки дар Рӯзи ошиқон аз деҳа ба шаҳри Қӯрғонтеппа омада, барои якдигар тӯҳфа хариданд ва қарор гузоштанд, бидуни бачаҳо имрӯзро таҷлил кунанд.

Ҳалокати навраси 15-сола зери чархи мошини афсари милиса. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар пайи як садама дар шаҳри Кӯлоб писари 15-солае зери чархи худрави муфаттиши корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб монд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон дод. Додситонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки нисбати ин ҳодиса парванда боз карда ва таҳқиқи он идома дорад.

Вазири беҳдошт баъди марги муовинаш аз мақом барканор шуд

Ozodi.org 

Вазири тундурустии минтақаи Тотористони Русия, Одил Вафин, чанд рӯз баъд аз ошкор шудани ҷасади муовинаш, ки бо айби ҷинояти иқтисодӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, аз мақом барканор шуд.   Мақомоти Тотористон рӯзи 14 феврал гуфтанд, ки Вафин бинобар гузаштан ба вазифаи дигар аз мақом сабукдӯш шуд.  Эълони истеъфои ӯ дар ҳоле пахш шуд, ки ҳафт рӯз пеш муовини 52-солаи вазири беҳдошт Елена Шишмарева дар маҳалли зисташ, дар Қазон, даргузашт.  Одил Вафин марги ноиби худро "фоҷеаи воқеӣ" унвон кард ва гуфт... Читать дальше...

Хонаи Давлатмоҳ меларзад. Дар он сӯи марз чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Садои тирпарронӣ ва задухӯрдҳои ахири Афғонистонро сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд. Аксар сокинони деҳоти наздимарзӣ аз мақомоти маҳаллӣ ва расонаҳои хабарӣ фаҳмиданд, ки дар он сӯи марз нерӯҳои афғон бо кумаки нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд.

Хонаи Давлатмоҳ меларзад. Дар он сӯи марз чӣ мегузарад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Садои тирпарронӣ ва задухӯрдҳои ахири Афғонистонро сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд. Аксар сокинони деҳоти наздимарзӣ аз мақомоти маҳаллӣ ва расонаҳои хабарӣ фаҳмиданд, ки дар он сӯи марз нерӯҳои афғон бо кумаки нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд.

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 14-уми феврали 2018 (HD)

Ozodi.org 

Дар Кӯлоб як кӯдаки 15-сола зери мошини милиса монд Дар Шветсия муҳокимаи Раҳмат Оқилов шурӯъ шуд Ҷуфтҳои тоҷик Рӯзи Валентинро таҷлил карданд Саакашвилӣ мегӯяд, Порошенкоро “чаппа” мекунад Мақомот гуфтанд, ду ноҳия аз Толибон пок шуд Ҳукумат ваъда дод, ки гӯшту тухм фаровон мешавад

Муборизаи якҷояи ҳамсояҳои Афғонистон алайҳи терроризм

Ozodi.org 

НАТО мегӯяд, дар нишасти дурӯзаи Кобул мақомоти низомии минтақавӣ қавл доданд, ки дар мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз фурӯши маводи мухаддир ҳамкории дастҷамъонаро ба роҳ мемонанд.  Сухангӯи маъмурияти НАТО дар Афғонистон капитан Том Гресбэк рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти дифоӣ аз 12 кишвар ваъдаи худро дар мубориза бо терроризм бори дигар таъкид карда, роҳҳои ҷалиавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва расидагӣ ба нигарониҳои амниятии фаромарзиро матраҳ карданд. Дар ин нишаст... Читать дальше...

Ҳамсояҳои Афғонистон бар зидди терроризм якҷо мубориза мебаранд

Ozodi.org 

НАТО мегӯяд, ки дар нишасти дурӯзаи Кобул, мақомоти низомии минтақавӣ қавл доданд, ки дар мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз фурӯши маводи мухаддир ҳамкории дастаҷамъонаро ба роҳ мемонанд.  Сухангӯи маъмурияти НАТО дар Афғонистон Капитан Том Гресбэк рӯзи 14 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти дифоӣ аз 12 кишвар тааҳуди худро дар мубориза бо терроризм бори дигар таъкид карданд ва роҳҳои ҷалиавгирӣ  аз қочоқи маводи мухаддир ва расидагӣ ба нигарониҳои амниятии фаромарзиро матраҳ карданд.... Читать дальше...

КМИР аз "Шабакаи 1" хост, ки намоиши филми Путинро қатъ кунад

Ozodi.org 

Кумисюни марказии интихоботи Русия аз телевизиони "Шабакаи аввал"-и он кишвар даъват кард, ки то охири маъракаи таблиғотии номзадҳо ба мақоми президентӣ, аз намоиши филми Оливер Стоун дар бораи Путин худдорӣ кунад. Дар ин бора Элла Памфилова, раиси КМИР, рӯзи 14-уми феврал ба хабарнигорон маълумот дод. Памфилова ҳамзамон таъкид кард, Филми "Интервю бо Путин" райъдиҳандагонро "ба тарафдорӣ ё муқобил будан ташвиқ намекунад" ва ба ҳеч номзад бартарӣ намедиҳад. Рӯзи гузашта ҳизби "Яблоко" "Шабакаи... Читать дальше...

Исми боз се шаҳрванди Русия, ки дар Сурия кушта шуданд

Ozodi.org 

Номи боз се шаҳрванди Русия, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳалокат расиданд, ошкор шуд. Маълумотро дар робита ба ҳалокшудаҳо гурӯҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team ҷамъоварӣ кард. Гуфта мешавад, кушташудаҳо узви ширкати низомии хусусии "Вагнер"-и Русия буданд. Санадҳои Conflict Intelligence Team рӯзи 14-уми феврал аз ҷумла ҳалокати сокини Нижний Новгород Александр Шиховро маълум карданд, ки қаблан дар низои мусаллаҳонаи шарқи Украина иштирок дошт. Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ... Читать дальше...

Исми боз се шаҳрванди Русия, ки дар Сурия кушта шуданд, ошкор шуд

Ozodi.org 

Номи боз се шаҳрванди Русия, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳалокат расиданд, ошкор шуд. Маълумотро дар робита ба ҳалокшудаҳо гурӯҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team ҷамъоварӣ кард. Гуфта мешавад, ки кушташудаҳо узви ширкати низомии хусусии "Вагнер"-и Русия буданд. Санадҳои Conflict Intelligence Team рӯзи 14 феврал аз ҷумла ҳалокати сокини Нижний Новгород Александр Шиховро маълум карданд, ки қаблан дар низои мусаллаҳонаи шарқи Украина иштирок дошт. Дар ҳамлаҳои... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *