Бе рутба ва бе медал. Генерали тоҷик 28 сол зиндонӣ шуд
Додгоҳи олии Тоҷикистон генерал-майори милиса Файзулло Гадоев – сардори пешини раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилиро 28 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Манобеи Додгоҳи олӣ гуфтанд, ки ҳукми Гадоев рӯзи 15-уми октябри имсол содир шуд. Ӯро бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ришвагирӣ ва сӯиистифода аз мансаб гунаҳкор донистаанд.
Дар ҳоли ҳозир нуқтаи назари вакили мудофеъ ва наздикони Файзулло Гадоев дастрас нест. Инчунин, ҷузъиёти парванда ва мурофиаи ӯ ошкор карда нашудааст.
Аммо бино ба иттилое, ки рӯзи 28-уми октябр аз Додгоҳи олӣ дастраси Радиои Озодӣ шуд, ҳамаи молу амволи Файзулло Гадоев ба нафъи давлат мусодира мегардад.
Ҳамзамон Гадоевро аз рутбаи “генерал-майори милитсия” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳрум карда, бо фармони вазири умури дохилӣ ҳамаи медал ва нишонҳои сарисинагии ӯро аз эътибор соқит донистанд.
Файзулло Гадоев аз соли 2002 то 2007 сардори раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2007 бо “сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақом озод шуд.
Дар сомонаи расмии хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Файзулло Гадоев ба ҳайси мутахассиси содиқ ба касбаш муаррифӣ шудааст. Бино ба иттилое, ки дар ин пойгоҳ дастрас аст, Гадоев солҳои ҳаштодум Донишгоҳи миллӣ ва сипас соли 2005 Донишкадаи андозу ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст.
Гуфта мешавад, ӯ забонҳои тоҷикиву русӣ, узбекӣ ва арабиро медонад ва давраҳои омодагии касбиро дар Туркияву Олмон, Лаҳистон, Маҷористон ва Амрико гузаштааст.