Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Октябрь
2018

Новости за 28.10.2018

Дар ҳамлаи ДИИШ дар шарқи Сурия 68 нафар кушта шудааст

Ozodi.org 

Идораи назорат аз ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон гуфт, ки дар ҳамлаи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар шарқи Сурия 68 тан аз нирӯҳои таҳти раҳбарии курдҳо кушта шудаанд. Ин идора рӯзи 28-уми октябр дар як гузориш гуфт, дар ин ҳамла ҳудуди сад ҷангҷӯи нирӯҳои демократии Сурия захмӣ гардидаанд. Манбаъ мегӯяд, шояд шумораи қурбониҳо бештар шавад. Дар идомаи гузориш гуфта шудааст, ки бар асоси маълумоти онҳо 200 ҷангҷӯи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", бо шумули занҳо, болои ду деҳа дар шарқи дарёи Фурот ҳамла карданд. Читать дальше...

Интихобот дар Гурҷистон. Рақобати 25 нафар барои як курсӣ

Ozodi.org 

Дар Гурҷистон рӯзи 28-уми октябр интихоботи президентӣ баргузор шуд. Барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар 25 нафар рақобат карданд. Дар миёни номзадҳо сафири собиқи Гурҷистон дар Фаронса Салом Зурабишвили, вазири собиқи умури хориҷӣ Григорий Вашадзе аз ҳизби “Ҷунбиши воҳиди миллӣ”-и Михаил Саакашвили ва раиси порлумон Давид Бакрадзе аз ҳизби “Гурҷистони аврупоӣ” низ ҳастанд. Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон мақомоти кишварро ба шаффофият дар интихобот даъват кардааст. Читать дальше...

Барканорӣ ва мақоми нави ҷавонтарин мансабдори Узбекистон

Ozodi.org 

Алишер Саъдуллоев, муовини вазири маорифи халқи Узбекистон, ки аз ӯ ҷавонтарин мансабдор дар он кишвар ном бурда мешавад, мақоми нав гирифт. Ӯ рӯзи 25-уми октябр бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз мақоми муовини вазири маориф озод ва ноиби аввали раиси Иттиҳоди ҷавонон таъйин шуд. Саъдуллоеви 24-сола хатмкардаи Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур аст. Ӯ моҳи июни соли 2017 ба курсии муовини вазири маорифи халқи Узбекистон нишаст. Алишер Саъдуллоев ба мансабҳои давлатӣ баъди он роҳ ёфт... Читать дальше...

"Хоҳарамро ба хотири радди ҳамхобагӣ куштааст"

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сокини 42-солаи ин ноҳия Фаррух Халифаеваро бо ҷурми куштори ҳамсараш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо хонаводаи Арӯс Раззоқова мегӯянд, ки бо ин ҳукм розӣ нестанд ва барои домод ҷазои сангинтар талаб доранд.

Боз тими пурқуввати Корея: Мубин Эргашев қабл аз сабқат чӣ гуфт?

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар арафаи сабқат бо тими Кореяи ҷанубӣ гуфт, бояд то охир мубориза барему роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон – 2019 ба даст орем

Аз хоккей то балет. Комёбии фарзандони муҳоҷирон дар Русия

Ozodi.org 

Бисёрии онҳо хеле зуд ба шароити нав мутобиқ мешаванд ва аз ҳамсолони худ дар ин кишвар пеш мегузаранд. Гуфтугӯ бо чунин кӯдакон ва волидони онҳо, маъмулан дидгоҳҳо дар бораи муҳоҷиратро комилан дигар мекунад.

Ҳалокати 11 нафар дар ҳамла ба канисаи яҳудиёни Питсбург

Ozodi.org 

Тирпарронӣ дар як канисаи яҳудиён дар шаҳри Питсбурги аёлати Пенсилвания 11 кушта ва панҷ захмӣ бар ҷой гузошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 27-уми октябр ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард ва хост, ки ба чунин ҳамлаварон ҳукми қатл дода шавад.

Дар ҳамла ба канисаи яҳудиёни Питсбург 11 нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Тирпарронӣ дар як канисаи яҳудиён дар шаҳри Питсбурги аёлати Пенсилвания 11 кушта ва панҷ захмӣ бар ҷой гузошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 27-уми октябр ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард ва хост, ки ба чунин ҳамлаварон ҳукми қатл дода шавад.

Бе рутба ва бе медал. Генерали тоҷик 28 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон генерал-майори милиса Файзулло Гадоев – сардори пешини раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилиро 28 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Манобеи Додгоҳи олӣ гуфтанд, ки ҳукми Гадоев рӯзи 15-уми октябри имсол содир шуд. Ӯро бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ришвагирӣ ва сӯиистифода аз мансаб гунаҳкор донистаанд. Дар ҳоли ҳозир нуқтаи назари вакили мудофеъ ва наздикони Файзулло Гадоев дастрас нест. Инчунин, ҷузъиёти парванда ва мурофиаи ӯ ошкор карда нашудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *