Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 12.01.2018

Ширкати чинии Huawei дар Қирғизистон "Шаҳри ҳушманд" месозад

Ozodi.org 

Лоиҳаи "Шаҳри ҳушманд" дар Қирғизистон аз сӯи ширкати чинии Huawei Technologies Co амалӣ мешавад. Қирғизистон бо ин ширкат рӯзи 11 январ созишнома баст. Биноба хабари маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон, барои ин лоиҳа 60 миллион доллар харҷ хоҳад шуд. Ширкати "Huawei Technologies Co., Ltd" бояд ҳамаи дастгоҳҳо ва хизматрасониҳоро барои таъмини иттилои шахсӣ фароҳам оварад. Иҷрои лоиҳаи мазкур дар марҳилаи аввал бехатариро дар кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрҳои Бишкеку Ӯш таъмин мекунад, роҳҳои асосии шаҳрҳо... Читать дальше...

Рӯзноманигори зиндонӣ бо наздиконаш мулоқот кард

Ozodi.org 

Модар, ҳамсар ва фарзандони рӯзноманигори боздоштшуда Бобомурод Абдуллоев 10 январ тавонистанд, бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар шаҳри Тошканд чанд дақиқа мулоқот кунанд. Ба гуфтаи вакили дифоъ Сурат Икромов, дар ин мулоқот, ки 25 дақиқа идома ёфт, кормандони амният ҳам ҳузур доштаанд. Наздикони Абдуллоев мегӯянд, вазъи саломатии Абдуллоев қаноатбахш буд ва ӯ дар  ин бора шикоят накард.  Вакили дифоъ афзуд, ки то ҳол парвандаи рӯзноманигор ба додситонӣ ирсол... Читать дальше...

Падари Зайнаб: "Агар қотилони кӯдаконро ҷазо медоданд, духтарам ҳоло зинда мебуд"

Ozodi.org 

Падари духтари ҳаштсолаи покистонӣ, ки ҳафтаи равон ба қатл расид, аз эътирозгарон хост, ки а оромӣ риоят кунанд.Амин Ансорӣ шиква кард, ки агар мақомот масъулони кӯдакрабоиро боздошт ва муҷозот мекарданд, чунин ҳол рӯй намедод.

Зилзилаи 4,8-дараҷаӣ Тоҷикистонро ларзонд

Ozodi.org 

Субҳи 12-уми январ Тоҷикистонро заминларза такон дод. Ба иттилои Хадамоти геофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, зилзила соати 8:40 дақиқа рух дода, маркази он 125-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон будааст. Манбаъ мегӯяд, қувваи зилзила дар маркази он 4,8 ва дар пойтахту атрофи он аз 2,5 то 3 дараҷа будааст.  То ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодӣ гузорише нарасидааст. Се рӯз қабл низ дар ноҳияи Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, зилзилаи 4-дараҷаӣ сабт шуда буд. Тоҷикистон... Читать дальше...

Ронандаи накӯкорро ба Ҳаҷ мефиристанд

Ozodi.org 

Як ронандаи мусофирбар дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон ҳар рӯзи ҷумъа ба мусофирон ройгон хидмат мерасонад. Мардум аз ин кораш огаҳ шуда барои амалӣ шудани орзуяш яъне зиёрати Ҳаҷҷ пул ҷамъ карданд. Ним сол баъд мумкин аст ба орзуяш бирасад.



Абумуслим пас аз 2 ҳафта пайдо шуд

Ozodi.org 

Наздикони Абӯмуслими 12-сола, ки охири декабр нопадид шуда буд, мегӯянд, баъд аз ду ҳафта ӯро пайдо кардаанд. Тоҷиддин Шарипов, падари Абӯмуслим рӯзи 12-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҳаллаи маъруф ба “колхози Русия” пайдо кардаанд. Ба қавли падари Абӯмуслим, писараш рӯзи 29-уми декабр баъди аз мактаб баромадан роҳгум зада, ба самти “колхози Русия” меравад. “Роҳгум зада ба онҷо меравад ва дар як ферма хоб будааст. Соҳибони ин ферма ба ӯ кӯмак карданд... Читать дальше...

"Тоҷик Эйр" ҳафтае ду бор ба Деҳлӣ парвоз анҷом медиҳад

Ozodi.org 

Ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” мегӯяд, парвозҳояш ба шаҳри Деҳлии Ҳиндро зиёд кардааст. Қимати парвоз барои рафту баргашт ба Ҳиндустон қариб 4 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, сар аз 16 феврал аз Душанбе ба Деҳлӣ ду парвоз дар рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегирад. Ба қавли ҷаноби Хайруллоев, парвозҳо тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» сурат гирифта, давомнокии парвоз дар як самт 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯянд... Читать дальше...

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё омода мешавад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев омодагиро ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018, ки аз 1-ум то 11-уми феврал дар Тайбэйи Чин барпо мегардад, шуруъ кард.

Санҷиши ДНК ҳаққи падариро собит, вале оиларо пароканда кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Фанновариҳои замонавии тиббӣ имкон медиҳад, ки ҳаққи падарӣ ё модарии кӯдак пурра мушаххас шавад. Санҷиши мазкур дар бисёр ҳолатҳо ба хотири рафъи шубҳаву гумонҳо нисбати ҳуввияти волидони кӯдак анҷом мешавад.

Санҷиши ДНК ҳақи падариро собит, вале оиларо пароканда кард

Ozodi.org 

Фанновариҳои замонавии тиббӣ имкон медиҳад, ки ҳаққи падарӣ ё модарии кӯдак пурра мушаххас шавад. Санҷиши мазкур дар бисёр ҳолатҳо ба хотири рафъи шубҳаву гумонҳо нисбати ҳуввияти волидони кӯдак анҷом мешавад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *