Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2018

Новости за 26.04.2018

Қабрҳоро ороста нигаҳ дорем, ё не?

Ozodi.org 

Чанде аз раҳгузарон дар Душанбе мегӯянд, ки инсон бояд ба хотири эҳтиром ба гузаштагонаш гӯри онҳоро покизаву озода нигаҳ дорад. Баъзеҳо мегӯянд, гӯр бояд ба оҳистагӣ аз байн равад. Шумо чӣ мегӯяд?

Ҷамолиддин Убайдуллоев намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО шуд

Ozodi.org 

Ҷамолиддин Убайдуллоев – сафири Тоҷикистон дар Фаронса – намояндаи доимии кишвар дар ЮНЕСКО, муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, таъйин шуд. Ӯ рӯзи 25-уми апрели имсол дар мулоқот бо мудири кулли созмон Одри Азуле номаи таъйиноташ ба ин мақомро супурд. Қаблан Рустам Солиев намояндаи доимии Тоҷикистон дар муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал буд. Ҷамолиддин Убайдуллоев моҳи январи имсол сафири Тоҷикистон дар Фаронса таъйин шуд. Убайдуллоев то он дам ба ҳайси сардори раёсати... Читать дальше...

ВКХ: Аз Ироқ овардани кӯдакони тоҷик кори осон набуд

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз паноҳгоҳҳои шаҳри Бағдод ба ватан овардани чаҳор кӯдак кори осон набуд. Онҳо гуфтанд, чанд кӯдаки дигари тоҷик дар маркази Ироқ боқӣ монда, ба зудӣ аз роҳҳои дипломатӣ бархоҳанд гашт.

Русия ба Сурия системаи зиддимушакӣ медиҳад

Ozodi.org 

Низомиёни Русия мегӯянд, ки ба зудӣ ба Сурия системаи нави зиддимушакӣ хоҳанд дод. Ин эълон ду ҳафта баъд аз он садо медиҳад, ки Амрикову Бритониё ва Фаронса таъсисоти кимиёвии Сурияро бомбаророн карданд.

Табиби Трамп номзадиашро аз мақоми вазири қаҳрамонҳо лағв кард

Ozodi.org 

Ронни Ҷексон, табиби хусусии президенти ИМА Доналд Трамп, номзадиашро аз мақоми раҳбари Департамент дар умури ветеранҳо лағв кард. Ҷексон дар ҳоле аз ин мақом даст кашид, ки ӯро ба "рафтори ғайриқонунӣ" муттаҳам карданд ва кумитаи Сенат тасдиқи номзадии ӯро мавқуф гузошт. Ронни Ҷексон дар изҳороташ аз президент, ки ба ӯ эътимод ва номзадиашро ба ин мақом пешниҳод кард, изҳори сипос намуд, аммо гуфт, номзадиашро бозпас гирифт. Кумитаи Сенат дар умури ветеранҳо ин маълумотро, ки Ҷексон - духтури се президент... Читать дальше...

Пулис ҷасади қурбонии "куштори номусӣ"-ро аз қабр берун овард

Ozodi.org 

Мақамоти Покистон ҷасади як зани итолиёвиро, ки гуфта мешавад хешонаш ӯро барои сарпечӣ аз идивоҷи ташкилшуда ба қатл расонидаанд, аз қабр берун овард. Дар ин бора мақомот рӯзи 25 апрел хабар доданд. Колбадшикофӣ ба хотири тасдиқ ё инкори ин иттиҳом анҷом мешавад.  Сана Чимаи 25 сола, шаҳрванди покистонитабори Италия, рӯзи 18 апрел дар шаҳри Гуҷарати вилояти Пунҷоб, ки барои дидани хешонаш омада буд, вафот кард.   Ин қазия дар ҳоле рӯ зад, ки  дӯстони Сана Чима хабари марги ӯро дар шабакаҳои... Читать дальше...



Миллиардер Иванишвилӣ ба саҳнаи сиёсии Гурҷистон бармегардад

Ozodi.org 

Нахуствазири Гурҷистон Георгий Квирикашвилӣ рӯзи 26 апрел дар як нишасти матбуотии фавқулодда гуфт, ки бунёдгузори ҳизби ҳокими "Орзӯи Гурҷистон", миллиардер Бидзина Иванишвилӣ розӣ шуд, раҳбарии ҳизбро дубора бар дӯш бигирад. Эҳтимол дорад, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ маҳз Иванишвилӣ аз ҳизби ҳоким номзад пешбарӣ мешавад. Дар ин нишасти вежа, ки тавассути ҳамаи телевизионҳои умумилӣ пахш шуд, нахуствазир Георгий Квирикашвилӣ гуфт, шахсан аз миллиардер даъват кард, ки ба ҳизби "Орзӯи Гурҷистон"... Читать дальше...

Русия сохтмони неругоҳи атомии Узбекистонро сармоягузорӣ мекунад

Ozodi.org 

Русия эҳтимоли сармоягузорӣ дар сохтмони неругоҳи атомии Узбекистонро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ мекунад. Дар ин бора Дмитрий Прохоренко, намояндаи "Маркази содироти Русия" дар Узбекистон хабар дод. "Ин масъала дар ҳоли баррасӣ аст. Вазифаи мо - аз ҳимояти содироти маҳсулот ва хизматрасонӣ иборат аст. Содироти технология яке аз авлавиятҳост. Мо, албатта, масъалаи сармоягузорӣ дар сохтмони неругоҳи атомиро баррасӣ хоҳем кард", - гуфт Прохоренко. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ҳафтаи гузашта гуфт... Читать дальше...

Арманстон: Интихоби нахуствазир 1 май баргузор мешавад

Ozodi.org 

Рӯзи 25 апрел раиси Маҷлиси миллии Арамнистон Ара Баблоян гуфт, ки порлумон барои интихоби нахуствазири нав рӯзи 1 май ҷамъ мешавад. Дар ин бора сомонаи порлумон хабар додааст.  Рӯзи гузашта вазири умури хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян барои музокирот вориди Маскав шуд. Дар ин бора як манбаи доираҳои дипломатӣ ба "Интерфакс" хабар дод. Маълум нест, ки Налбандян дақиқан бо кӣ мулоқот мекунад. Аммо ин манбаъ гуфт, ки музокирот ба бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон рабт дорад.  Ҳамзамон дафтари матбуоти... Читать дальше...

Арманистон: Интихоби нахуствазир 1 май баргузор мешавад

Ozodi.org 

Рӯзи 25-уми апрел раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ара Баблоян гуфт, ки порлумон барои интихоби нахуствазири нав рӯзи 1 май ҷамъ мешавад. Дар ин бора сомонаи порлумон хабар додааст.  Рӯзи гузашта вазири умури хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян барои музокирот вориди Маскав шуд. Дар ин бора як манбаи доираҳои дипломатӣ ба "Интерфакс" хабар дод. Маълум нест, ки Налбандян дақиқан бо кӣ мулоқот мекунад. Аммо ин манбаъ гуфт, ки музокирот ба бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон рабт дорад.  Ҳамзамон дафтари... Читать дальше...

Оғози мавсими нави мототсиклронӣ дар Душанбе

Ozodi.org 

Мавсими нави мототсиклронӣ дар Душанбе 27-уми апрел оғоз меёбад. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба бошгоҳи мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабиниии кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018 иҷозат дода шуд.

Даъват аз ду бонки байналмилалӣ барои иштирок дар сохтмони Роғун

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон аз ду бонки байналмилалӣ хостаанд, ки дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун – бузургтарин тарҳи иқтисодии кишвар – саҳм бигиранд. Раҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Вазил Ҳудак, муовини раиси Бонки сармоягузории Аврупо ва Юрген Ригторинг, муовини мудири Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд гуфтаанд, ки тарҳи “Роғун” аҳамияти минтақавӣ дорад. Ин мулоқот рӯзи 25-уми апрел дар Вашингтон сурат гирифтааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ ва муовини аввалаш Ҷамолиддин Нурализода гуфтаанд... Читать дальше...

КДАМ сарвазири пешини Қирғизистонро барои бозпурсӣ даъват кард

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ, сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқовро ба бозпурсӣ даъват кард. Дар ин бора Исҳоқов рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи Фейсбук хабар дод ва ҳамзамон акси даъватномаро нашр кард. Дар даъватнома навишта шудааст, ки сарвазири пешин бояд соати 15:00 рӯзи 26 апрел барои бозпурсӣ ба ҳайси шоҳид ба КДАМ ҳозир шавад. Роҳат Сулаймонов, сухангӯи КДАМ гуфт, ки Исҳоқов дар доираи парвандаи ҷиноятии садама дар маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек бозпурсӣ мешавад. Читать дальше...

Хисороти муборизаи Роскомнадзор бо Telegram $2 миллиард ҳисоб шуд

Ozodi.org 

Хисороти эҳтимолии бизнес аз муборизаи Русия барои масдуд кардани паёмрасони Telegram, то охири соли 2018 $2 миллиард хоҳад шуд. Ширкатҳои Русия эҳтимолан $1 милилард зарар мебинанд. Хисороти Amazon ва Google низ ҳамин миқдор хоҳад буд. Дар ин бора дабири кулли барномаи нармафзори Flexbby Андей Прокофьев дар як нома ба ваколатдори интернет Дмитрий Мариничев хабар дод. "Ин бисёр як сенариои дилсардкунанда аст",- гуфт Прокофьев. Дар ин ҳол, ба гуфтаи ӯ, аз тақсими нави бозор "Ростелеком", Mail.ru.Group... Читать дальше...

Модари Гулрӯ: "Духтари маро кай меоранд?"

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки 13 зану кӯдаки тоҷикро аз боздоштгоҳ ва паноҳгоҳҳои Ироқу Сурия ба ватан биоранд. Ҳувияти чаҳор зан ва нӯҳ кӯдак моҳҳои охир ошкор шудааст.

Омурбек Текебоев аз назорати видеоӣ дар маҳбас халос шуд

Ozodi.org 

Масъулони Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон гуфтанд, назорати видеоии раҳбари ҳизби мухолифи "Ота-Макон" ва вакили пешини порлумони ин кишвар Омурбек Текебоев дар маҳбаси рақами 47 қатъ карда шуд. Дурбини назоратиро аз ҳуҷраи Текебоев рӯзи 11-уми апрел дар ҳоле берун карданд, ки сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов дастур дод, имкони қатъи назорати видеоии Текебоев баррасӣ шавад. 29-уми январи соли равон ошкор шуд, ки масъулони маҳбаси рақами 47-и Қирғизистон дар ҳуҷрае, ки раҳбари Ҳизби мухолифи "Ота-Макон" нигаҳдорӣ мешавад... Читать дальше...

Бердимуҳаммадов хостори таъсиси Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд

Ozodi.org 

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, пешниҳод кард, ки Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёбад ва гуфт, ин шӯро метавонад, мулоқоти мунтазами раҳбаронро ба роҳ монад. Бердимуҳаммадов ин пешниҳодро дар ҷараёни сафараш ба Узбекистон ироа кард, ки ду рӯз пеш ҷараён гирифт. Расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд, ки бо ибтикори Бердимуҳаммадов барои ташкили чунин як шӯро гуруҳи коршиносони панҷ кишвар ҷамъ хоҳанд шуд. Ташаббуси президенти Туркманистон дар ҳоле садо медиҳад... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *