Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Май
2018

Новости за 10.05.2018

Вазорат ба ҳаракати мошинҳои борбар аз марзи Чин иҷозат дод

Ozodi.org 

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иҷозаи ҳаракати наздики сад мошини борбар аз марзи Чин ба Душанберо дод. Ин мошинҳои борбар рӯзи 2-уми май барои интиқоли аз меъёр зиёди бор ҳангоми убури марзи Чин бо Тоҷикистон, боздошт шуда буданд.

Сафари раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба Кобул

Ozodi.org 

Ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар раъси раҳбари ин ниҳод Саидмумин Ятимов рӯзҳои 7-9 май аз Кобул дидан кардааст. Ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар", ҳайати КДАМ-и Тоҷикистон дар ин сафар бо сарони ниҳодҳои амниятии Афғонистон, аз ҷумла Маъсум Станакзай, раиси Раёсати умумии амнияти миллии он кишвар, Баҳром Ториқшоҳ, вазири дифоъ, Аҳмад Вайс Бармак, вазири умури дохилӣ ва Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон, мулоқоту гуфтугӯ намуд. Манбаъ мегӯяд, ки таъмини амният дар марзҳо... Читать дальше...

Исроил мегӯяд, ки Эрон аз хоки Сурия ба ин кишвар 20 мушак партоб кардааст

Ozodi.org 

Артиши Исроил эълон кардааст, ки субҳи панҷшанбеи 10-уми май нерӯҳои вобаста ба Сипоҳи посдорони Эрон дар Сурия тақрибан 20 мушак ба тарафи пойгоҳҳои низомии Исроил дар баландиҳои Ҷулон партоб карданд.

Исроил гуфт, Эрон ба баландиҳои Ҷулон 20 мушак партоб кард

Ozodi.org 

Артиши Исроил эълон кардааст, ки субҳи панҷшанбеи 10-уми май нерӯҳои вобаста ба Сипоҳи посдорони Эрон дар Сурия тақрибан 20 мушак ба тарафи пойгоҳҳои низомии Исроил дар баландиҳои Ҷулон партоб карданд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *