Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2018

Новости за 08.06.2018

Эмомалӣ Раҳмон кори саёҳони хориҷиро осон кард

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, то 10 рӯз тамдид кардани мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони хориҷиро имзо кардааст. То ин замон хориҷиён фақат се рӯз мӯҳлат доштанд, ки худро дар идораи милиса дар макони иқомат сабти ном кунанд. Таъхир дар ин кор қонуншиканӣ ба ҳисоб меравад. Қарор дар бораи тамдиди мӯҳлати сабти иқоматро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми июн имзо кардааст ва як нусхаи он тоза ба дасти Радиои Озодӣ расид. Моҳлиқо Шарифзода, сухангӯи Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Путин: "Иғвоҳои Украина пайомади нохуш хоҳад дошт"

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин таҳдид кард, ки агар Киев дар рӯзҳои баргузории Чемпионати ҷаҳонии футбол ҳамлаҳои худро ба мавзеъҳои ҷудоихоҳони рӯ ба Кремл пурзӯр кунад, барои давлати Украина оқибатҳои сангине хоҳад дошт. Вай дар посух ба суоли нависандаи рус Захар Прилепин, ки дар Донбасс ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳон меҷангад, гуфт, умедвор аст, "кор то ба ин гуна иғвогарӣ нахоҳад расид". Путин раҳбарияти кунунии Украинаро ба он айбдор кард, ки наметавонанд, мушкили Донбассро ҳал кунанд. Ба гуфтаи ӯ... Читать дальше...

Садақаро ба кӣ диҳем?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон аз сокинон талаб шудааст, ки садақаи фитрро ба раисони маҳалла ё имомони масҷидҳо супоранд. Мақомот гуфтанд, ки кумисюни махсус дар маҳалҳо садақаи фитрро ба дасти афроди камбизоат хоҳад расонд.

Наздикони як шаҳрванди Қазоқистон хостори озодии ӯ аз зиндони Чин шуданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздикону пайвандони Ертай Султонбек аз вазъи саломатӣ ва амнияти ин қазоқтабор дар маҳбаси Чин нигаронанд. Онҳо дар арафаи сафари президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Пекин дар шаҳри Алмато нишасти хабариеро баргузор карда, аз Остона дархост карданд, ки дар раҳоии Султонбек кумак кунад. Ба гуфтаи наздикони Султонбек, ӯ 25 май дар Чин боздошт шуда, то ҳол тақдираш номаълум аст. Бародараш Женисбек мегӯяд, боздошти Султонбек ба номае рабт дорад, ки аз номи Назарбоев дарёфт карда буд. "Султонбек... Читать дальше...

Туркманистон вайронкунандагони қонуни муҳоҷиратро афв мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Туркманистон масъалаи афви шаҳрвандонеро баррасӣ дорад, ки қонунгузории муҳоҷиратро вайрон кардаанд. Ин меъёр ба онҳое рабт мегирад, ки дар хориҷ аз кишвар ҳузур доранд ва натавонистаанд сари вақт шиносномаи биометрии Туркманистонро дарёфт кунанд. Ҳукумат гуфтааст,  муҳоҷироне, ки ихтиёран ба кишвар бармегарданд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Мақомоти Туркманистон меъёрҳои мазкурро ба шаҳрвандон шарҳ медиҳанд. Шиносномаи биометрӣ, ки соли 2013 дар Туркманистон ҷорӣ шуд, ягона ҳуҷҷате аст... Читать дальше...

Додгоҳи олии Қирғизистон муҳлати зиндони се маҳбуси сиёсиро кам кард

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Қирғизистон қарори додгоҳҳои зинаҳои поёниро нисбати се зиндонии сиёсӣ бетағйир гузошт, аммо муҳлати ҳабси онҳоро кам кард. Бо қарори додгоҳ аз рӯзи 7 июн, муҳлати зиндони Бектур Асанов ва Кубаничбек Қодиров аз 12 ба 8 сол кам шуд. Муҳлати зиндони 20-солаи Эрнест Қорибеков то ба 6 сол кам карда шуд. Ин се нафар моҳи марти соли 2016 замоне боздошт шуданд, ки садои монанд ба гуфтугӯи онҳо дар Интернет нашр шуд. Ин се зиндонӣ дар бораи роҳҳои табаддулот суҳбат мекарданд. Асанов пеш аз боздошташ гуфт... Читать дальше...



"Орзу" ва "Истиқлол" ҳамчунон пешсафи U-18

Ozodi.org 

Дастаҳои «Орзу-2026»-и Ҳисор  ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони то 18-сола пирӯз шуданд, бо 12-имтиёзӣ пешсафанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми июн озими Чин мешавад

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, фардо, шанбеи 9-уми июн ҷиҳати ширкат нишасти солонаи сарони кишварҳои узви Созмони  Ҳамкориҳои Шанхай, озими Чин мешавад. Ин нишаст рӯзҳои 9 ва 10-уми июн дар шаҳри Тсиндаои Чин баргузор хоҳад шуд. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СҲШ-ро тасдиқ карда ва гуфт, ки президенти Тоҷикистон субҳи шанбе дар Чин хоҳад буд. Парвиз Давлатзода, сафири Тоҷикистон дар... Читать дальше...

Путин: "Иғвоҳои Украина паёмади нохуш хоҳад дошт"

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин таҳдид кард, ки агар Киев дар рӯзҳои баргузории Чемпионати ҷаҳонии футбол ҳамлаҳои худро ба мавзеъҳои ҷудоихоҳони рӯ ба Кремл пурзӯр кунад, барои давлати Украина оқибатҳои сангине хоҳад дошт. Вай дар посух ба суоли нависандаи рус Захар Прилепин, ки дар Донбасс ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳон меҷангад, гуфт, умедвор аст, "кор то ба ин гуна иғвогарӣ нахоҳад расид". Путин раҳбарияти кунунии Украинаро ба он айбдор кард, ки наметавонанд, мушкили Донбассро ҳал кунанд. Ба гуфтаи ӯ... Читать дальше...

"Евровидения-2019"-ро намехоҳанд дар Байтулмуқаддас баргузор кунанд

Ozodi.org 

Созмондиҳандагони "Евровидения" намехоҳанд, даври навбатии озмунро дар шаҳри Байтулмуқаддас баргузор кунанд. Дар ин бора нашрияи исроилии"Хааретс" иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаи нашрия, дар Иттиҳоди нашаротии Аврупо (ИНА) метарсанд, ки баргузории озмун дар минтақаи баҳсӣ тобиши сиёсӣ хоҳад гирифт. Фаластиниҳо талаб доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти давлати ояндаи онҳо эълом карда шавад. Вале Исроил мегӯяд, Байтулмуқаддас пойтахти он аст. Иттиҳодияи Аврупо борҳо гуфтааст, ки барои ҳалли низои... Читать дальше...

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA як зина боло шуд

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 7-уми июн дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, як зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 264 имтиёз дар ҷойи 119-ум қарор гирифтааст.

Мақомот ба сокинон: "Садақаи Фитрро ба имомҳо диҳед"

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон аз сокинон талаб шудааст, ки садақаи фитрро ба раисони маҳалла ё имомони масҷидҳо супоранд. Мақомот гуфтанд, ки кумисюни махсус дар маҳалҳо садақаи фитрро ба дасти афроди камбизоат хоҳад расонд.

Мақомот ба сокинон: "Садақаи Фитрро ба имомҳо диҳед". ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон аз сокинон талаб шудааст, ки садақаи фитрро ба раисони маҳалла ё имомони масҷидҳо супоранд. Мақомот гуфтанд, ки кумисюни махсус дар маҳалҳо садақаи фитрро ба дасти афроди камбизоат хоҳад расонд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *