Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 28.11.2018

ИМА шаҳрвандони Русия в Қазоқистонро ба тақаллуб дар интернет муттаҳам кард

Ozodi.org 

Мақомоти Амрико шаш шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Қазоқистонро ба тақаллуб дар бахши таблиғоти диҷитолӣ ё рақамӣ муттаҳам кард. Ин гурӯҳ ба даст ёфтан ба маълумоти хусусӣ, шикастани қуфли компютерҳо ва шустушӯи пулҳои ғайриқонунӣ айбдор шудааст. Дар хабари додситонии ҳавзаи шарқии Ню Йорк, ки рӯзи 27 ноябр пахш шуд, хисороти фаъолияти ғайриқонуни ин гурӯҳ даҳҳо миллион доллар ҳисоб шудааст. Шаҳрвандони Қазоқистон Сергей Овсянников, Евгений Тимченко ва табааи Русия Александр Жуков дар Малазия, Эстония ва Латвия боздошт шуданд. Читать дальше...

Ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон сахттар шуд

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сахттар кард. Бино ба тағйироте, ки рӯзи 28-уми ноябр ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шуд, афроди муттаҳам ба ин ҷиноят, ки бори дувум дастгир шудаанд, аз 5 то ба 8 сол аз озодӣ маҳрум карда хоҳанд шуд.

Ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон сахттар шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сахттар кард. Бино ба тағйироте, ки рӯзи 28-уми ноябр ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шуд, афроди муттаҳам ба ин ҷиноят, ки бори дувум дастгир шудаанд, аз 5 то ба 8 сол аз озодӣ маҳрум карда хоҳанд шуд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро ба Афғонистон бохт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар ҳарду бозии дӯстона аз тими ҷавонони Афғонистон (U-20) бо натиҷаҳои 1:3 ва 1:7 шикаст хӯрд.

Пешсафии Узбекистон дар “CAFA Women’s Championship 2018”

Ozodi.org 

Рӯзи 27-уми ноябр Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи байналмилалӣ “CAFA Women’s Championship 2018”, ки онро Соззмони футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд доир кардааст, баргузор шуданд.

Диловар Гулов гуфтааст, ки аз карда пушаймон аст

Ozodi.org 

Вакили дифои Диловар Гулов, писари вазири собиқи энержии Тоҷикистон, ки барои латукӯби як корманди пулис ба як соли зиндон маҳкум шуд, рӯзи 27-уми ноябр бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дидор кард.

Рамазон Раҳимзода аз Русия дар бораи марги Илҳомиддин Шоев шарҳ хост. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ирсоли як дархост унвони ҳамтои русаш Владимир Колоколсев аз ӯ хост то сабабҳои марги муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар идораи пулиси ноҳияи Вешнякро шарҳ диҳад.

Трамп: "Мулоқот бо Путин мумкин аст лағв шавад"

Ozodi.org 

Дар пайи танишҳои нав миёни Русия ва Украина, раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфтааст, шояд мулоқоташ бо президенти Русия Владимир Путинро лағв кунад. Гуфта шуда буд, онҳо дар ҷараёни нишасти Гурӯҳи 20 дар Аргентина дидор хоҳанд кард.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *