Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Февраль
2019

Новости за 08.02.2019

Путин генералҳои сохторҳои низомиро барканор кард

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин беш аз даҳ фармондеҳи низомиро, ки дар ҳукумат вазифа доштанд, барканор кард. Бар асоси фармоне аз рӯзи 8 феврал, Путин нӯҳ генерал ва ду полковникро, ки дар Кумитаи тафтишот ва вазоратҳои дохиливу ҳолатҳои изтирорӣ кор мекарданд, аз мақом барканор кард. Дар миёни онҳо генерал Сергей Солопов, сардори раёсати ҷилавгирӣ аз фасоди полиси Маскав ва генерал Ирина Зейберт, мушовири аршади раиси Кумитаи тафтишот низ ҳастанд. Дар бораи сабабҳои барканории онҳо чизе гуфта намешавад. Читать дальше...

Вазорати фарҳанг барои беэътиноӣ ба вазъи расонаҳо "гап шунид"

Ozodi.org 

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, аз фаъолият мондани нашрияи мустақили «Озодагон»-ро ба сабаби мушкили молӣ буд ва ҷанбаи сиёсӣ надорад. Баёнияе, ки сабаби танқиди вазорат барои беэътиноӣ ба озодии сухан ва гуногунандешӣ дар ҳамин нишаст шуд.

Лондон $ 650 миллион доллари писари нахуствазирро ҳабс кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Бритониё амр кард, ки 650 миллион доллари писари собиқ нахуствазири Молдова Владимир Филат  дар чаҳорчӯби таҳқиқоти Оҷонсии ҷиноятҳои Бритониё ҳабс мешавад. Ин оҷонсӣ рӯзи 7 феврал гуфт, ки Лука Филат барои иҷораи як пентҳаузаш дар ғарби Лондон 500 ҳазор доллар пешпардохт додааст. "Ин маблағ дар паи фаъолиятҳои ғайриқонунии падараш” ба даст омадааст, гуфтааст оҷонсӣ. Владимир Филат соли 2016 бо қарори додгоҳе дар Молдова ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯро ба он гунаҳгор карданд... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 8-уми феврали соли 2019

Ozodi.org 

Муддати ҳабси Саид Қиёмиддини Ғозӣ 18 сол коҳиш ёфт, донишмандони тоҷик мегӯянд, барои равобити беҳбуд бо Тоҷикистон аввал Эрон бояд иқдом кунад, пули падар ба писари собиқ сарвазири Молдова насиб накард ва юриши чилпо ба Хатлон.



Соли 2018 дар Тоҷикистон 56 шаҳрванди Афғонистон муолиҷаи тиббӣ гирифтанд

Ozodi.org 

Дар беморхонаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон соли гузашта 56 шаҳрванди Афғонистон муолиҷа гирифта, як нафар амалиёти пайвандсозии гурдаро дар Душанбе пушти сар кардааст. Дар ин бора рӯзи 8 феврал дар нишасти матбуотии раҳбарияти вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар дода шуд.  Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар заминаи кӯмаки тиббӣ ба сокинони он сӯи дарё тавофуқе миёни вазорат ва Бунёди Оғохон амал мекунад. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, дар доираи шартнома... Читать дальше...

Хоманеӣ: шиори "марг бар Амрико" яъне "марг бар Трамп", на мардуми Амрико аст

Ozodi.org 

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ гуфт, ки шиори “марг бар Амрико” на ба мардуми Амрико, балки ба президенти ин кишвар Доналд Трам ва дигар тасмимгирандагони амрикоӣ марбут аст. Хоманеӣ гуфт, ки манзури онҳо аз шиори “марг бар Амрико” – “марг ба Трамп, Ҷон Болтон (мушовири амнияти миллӣ) ва Помео (Майк Помпео, котиби давлатии ИМА) мебошад. Ин маънои марг бар ҳукуматдорони Амрикоро дорад”, гуфт раҳбари олии Эрон дар ҷараёни суханронии рӯзи 8 февралаш дар маросиме бо ширкати афсарони нирӯҳои ҳавоӣ... Читать дальше...

Парлумони Юнон барои тасвиби протоколи Македония овоз медиҳад

Ozodi.org 

Парлумони Юнон қарор аст рӯзи 8 феврал  протоколи ба узвияти НАТО пазируфтани ҳамсоякишвари Македонияро ба тасвиб расонад ва бо ҳамин қарор аст  ихтилофҳое, ки даҳсолаҳо идома дошт, хотима меёбад. Овоздиҳӣ баъди он баргузор шуд, ки ин ҷумҳурии бахше аз Югославияи пешин розӣ шуд, ки бо талаби Юнон исмашро ба Македонияи Шимолӣ иваз кунад. Ин овоздиҳӣ шоми ҷумъа баргузор мешавад. Мухолифатҳои Юнон барои Македония номгузорӣ шудани кишваре дар Балкани Ғарбӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки Македония исми як вилояти қадимие дар қаламрави Юнон мебошад. Читать дальше...

Сергей Юрский, ҳунарпешаи маъруфи рус даргузашт

Ozodi.org 

Дар шаҳри Маскав дар синни 83-солагӣ яке аз ҳунарпешаҳои маъруф ва пурмаҳсули Русия, коргардон ва  шоир Сергей Юрский даргузашт. Дар ин бора рӯзи 8 феврал дафтари матбуоти театри Моссовет хабар дод. Юрский соли 1935 дар шаҳри Ленинград таваллуд шуда, Институти театрии ба номи Островскийро хатм кардааст. Солҳои баъдӣ дар театри драмавии ба номи Горкий таҳти раҳбарии Георгий Товстоногов нақшҳо офаридааст.   Аз соли 1978 Юрский муқими Маскав шуд ва дар театри Моссовет кор мекард. Чанде баъд раҳбари ҳамин театр шуд. Читать дальше...

Русия: ИМА бояд системаи дифои мушакиашро дар Руминия хароб кунад

Ozodi.org 

Русия гуфт, ки ИМА бояд системаи дифои мушакии МК-41-и худро дар Руминия ба хотири мувофиқат бо талаботи созиши ҳастаии замони Ҷанги Сард тахриб кунад. Дар изҳороте, ки рӯзи 7 феврал нашр шуд, вазорати дифои Русия инчунин гуфт, ки Вашингтон бояд дастгоҳҳои парвози бидуни сарнишинашро ҳам бо ҳамин сабаб нобуд кунад. Вазорати дифои Русия атташеи низомии сафорати ИМА-ро даъват карда,  талаби хаттии Маскавро ба дасти ӯ супурд. Русия рӯзи 3 феврал иҷрои созиши нирӯҳои миёнапарвози ҳастаии соли 1987-ро... Читать дальше...

Варзиши киберӣ дар Қирғизистон расман навъи варзиш эътироф шуд

Ozodi.org 

Варзиши киберӣ ё интернетӣ дар Феҳристи миллии навъҳои варзиш ва риштаҳои варзишии Қирғизистон шомил шуд. Ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2018 Оҷонсии давлатии кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ин бора қарор содир карда буд. Нуриддин Султамбоев, сухангӯи Оҷонсӣ хабар дод, се навъи дигари варзиш - кунг-фу, варзиши чир ва карлинг шомили феҳрасти миллии Қирғизистон шуданд.

Сарватмандтарин марди дунё мегӯяд, ӯро "шантаж" мекунанд

Ozodi.org 

Ҷефф Безос, молики ширкати Amazon рӯзи панҷшанбе гуфт, вай мавриди қаллобӣ ва "шантаж"-и нашрияи National Enquirer қарор гирифтааст. Ба гуфтаи Безос, нашрия таҳдид кардааст, агар миллиардер аз идомаи таҳқиқот дар бораи пайдо кардани аксҳои хусусӣ ва муколамаи электронии Безос даст накашад, аксҳои урёни ӯро нашр хоҳад кард. Безос номаҳои электронии нашрияи National Enquirer ҳамагонӣ кард, ки аз вай талаб мешавад, аз идомаи таҳқиқот даст кашад. Безос, ки бештар аз 130 миллард доллар сарват дорад... Читать дальше...

Дар минтақаҳои Қазоқистон ба иллати сармо мактаб ва роҳҳо баста шуданд

Ozodi.org 

Дарсҳо барои хонандагони мактабҳои вилоятҳои Қарағанда, Павлодар, Кокшетау, Қазоқистони Шарқӣ ва Қазоқистон Шимолӣ қатъ шуд. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон низ 8 феврал барои хонандагони басти аввали мактабҳо ва коллеҷҳо дарсҳоро бекор карданд. Сармои сахт дар қисмати марказӣ ва шимолии Қазоқистон боиси чунин тасмимгирӣ шудааст. Сардиҳо ҳамзамон ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳҳоро манъ кард. Ҳаракат дар роҳҳои вилояти Павлодар ва аз Остона ба ҳамаи самтҳо қатъ шудааст. Дар вилоятҳои Қазоқистони Шарқӣ... Читать дальше...

Муҳоҷири узбек барои наҷоти 8 одам медал гирифт

Ozodi.org 

Борис Дубровский, губернатори вилояти Челябинск рӯзи 6 феврал дар як ҷамъомади тантанавӣ ба шаҳрванди Узбекистон Оламафрӯз Абдуллоев ноишоне бо номи "Ба некӣ кардан биштоб" тақдим кард. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе маркази иттилооти вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод. Оламафрӯз Абдуллоев рӯзи 31 декабри соли 2018 аз зери харобаҳои биное дар шаҳри Магнитогорск 8 нафарро наҷот дод. Вай яке аз аввалинҳо буд, ки то омадани наҷотдиҳандагон ба кӯмаки сокинони бинои сарозершуда шитофт. Ба Оламафрӯз... Читать дальше...

Варзишкорони тоҷик мехоҳанд шомили UFC гарданд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Ба наздики варзишкорони тоҷик оид ба муҳорибаҳои омехта Азам Ғафоров ва Фатҳиддин Собиров бо ташкилоти Авруосиёи шартнома ба имзо расониданд, ки ин як имконияти дар оянда роҳ ёфтан ба UFC мебошад

Ҳукумат ба хонандаи ҳушманди бухороӣ хона сохт

Ozodi.org 

Дар вилояти Бухорои Узбекистон мақомоти маҳаллӣ барои хонаводаи хонандаи синфи 9 Дониёр Исмоилов хона сохтанд. Дониёр борҳо дар олимпиадаҳои байналхалқӣ аз фанни риёзӣ ширкат кардааст. Дар ҳоли ҳозир дар хонаи навсохт корҳои рангу бор идома дорад. Соли гузашта расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки модари Дониёр Исмоилов аз дарди ҷигар ранҷ мекашад ва падараш мардикор аст. Ба далели мушкилиҳои хонаводагӣ вай натавонист, ки таҳсилашро идома диҳад. Ба навиштаи расонаҳо, раиси вилояти Бухоро Уктам Барноев Дониёрро ба ҳузур пазируфтааст. Читать дальше...

Гирифторшавӣ ба СПИД дар Тоҷикистон ташвишовар шудааст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан ё СПИД дар кишвар ташвишовар аст. Масъулини Вазорати тандурустӣ рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сирояти вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан ё СПИД гирифтор мешудаанд. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз чунин вазъ нигаронӣ карда, онро мояи ташвиш хонд. Читать дальше...

Зариф: "Аврупоиҳо дар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ кӯтоҳӣ карданд"

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи панҷшанбеи 7-уми феврал аз кишварҳои аврупоӣ интиқод кард, ки дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар робита ба созиши ҳастаӣ миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, кӯтоҳӣ карданд.

Мӯҳлати ҷазои Саид Қиёмиддини Ғозӣ 18 сол кам карда шуд

Ozodi.org 

Мӯҳлати ҷазои Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии маъруфи тоҷик 18 сол кам карда шудааст. Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ дар ин бора рӯзи 29-уми январ содир шуда буд.

"Истиқлол" аз Туркия ба Узбекистон меравад

Ozodi.org 

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Анталияи Туркия имрӯз, 8-уми феврал, ба анҷом мерасонад, рӯзи шанбеи 9-уми феврал барои ширкат дар бозии марҳилаи аввали муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) бо бошгоҳи АГМК, барандаи Ҷоми  Узбекистон, ба шаҳри Олмалиқ сафар мекунад. “Истиқлол” дар доираи омодагӣ ба Лигаи қаҳрамонҳои AFC рӯзҳои 6-7-уми феврал дар Анталия боз ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Футболбозони Душанбе... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *