Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2019

Новости за 15.03.2019

Беларусия сафири Русияро "ҳисобдори умедбахш" номид

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Беларусия изҳороти ахири сафири Русия Михаил Бабичро шадидан интиқод кард ва худи сафирро "ҳисобдори умедбахш" номид. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Беларусия  Анатолий Глаз рӯзи 15 март дар шарҳи изҳороти Бабич ба хабаргузории РИА "Новости" гуфт, ки равобити Русияву Беларусия амиқтар аз " бастаи ҳисобҳои ҷаълӣ" аст, ки ба гуфтаи ӯ "сафири Русия ба он такя мекунад". Ӯ ба Михайил Бабич, сафири Русия дар Беларусия, машварат дод, ки беҳтар аст ба вежагиҳое кишваре, ки дар он сафир шудааст тармакуз кунад... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 15-уми марти соли 2019

Ozodi.org 

Қатл вақти намоз. Ҳалокати 49 нафар дар Зеландияи нав. Тоҷикистону Қирғизистон: “Гунаҳкорони низоъро меёбем”. Решаҳои муноқиша дар марз. Гуноҳи шӯравӣ? Таслим шудани 1000 ҷангҷӯи ДОИШ дар Сурия. Баҳси хона, оилаи 23 нафариро бесарпаноҳ кард.

Ёдгор Файзов: "Чин дар Бадахшон постгоҳи низомӣ надорад"

Ozodi.org 

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабарҳо дар бораи фаъолияти пойгоҳи низомии Чин дар хоки ин вилоятро рад кард. Файзов гуфт, танҳо дар марзи Бадахшон дидбонгоҳи марзбонони Чин вуҷуд дорад, вале он ҳам дар хоки Тоҷикистон нест.

Садҳо ҷангҷӯи ДИИШ ва хонаводаҳояшон таслим шуданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо наздик шудани нерӯҳои шӯришии Сурия ба охирин пораи қаламрави таҳти назари гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва саркӯб кардани онҳо, садҳо ҷангҷӯи ДИИШ ва аъзои хонаводаҳояшон худро таслим карданд.

Қирғизистон сокинони ду деҳаи ҳаммарз бо Исфараро кӯчонд

Ozodi.org 

Мақомоти Қирғизистон шаби 14-уми март ва баъди муноқишаи маргбор дар сарҳад, сокинони ду деҳаи ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистонро ба маконҳои дигар кӯч додаанд. Дар баёнияи ҳукумати Қирғизистон гуфта шудааст, ки онҳоро тариқи автобус ва мошинҳои сабукрав ба шаҳри Бодканд бурданд. Баёния рӯзи 15-уми март нашр шуд. Бино ба хабари ҳукумати Қирғизистон, сокинони рустои Оқсой ва Куктош дар бинои литсейи касбии рақами 57 ва хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаи С.Айтматов ҷобаҷо шудаанд. Бархе ба хонаҳои наздикони худ рафтаанд. Читать дальше...



Интерпол ба боздошти 20 гумонбари куштори Хошуқчӣ амр дод

Ozodi.org 

Пулиси байналмилалӣ - Интерпол қарори боздошти 20 шаҳрванди Арабистони Саудиро содир кард, ки дар куштори хабарнигори мунаққиди Оли Сауд Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мешаванд. Дар ин бора нашрияи Daily Sabah бо истинод ба Вазорати адлияи Туркия иттилдодааст. Қарори боздошти шаҳрвандони Арабистони Саудӣ дар асоси дархости Анқара содир шуд. Рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ бо нашрияи The Washington Post ҳамкорӣ ва сиёсатҳои Риёзро танқид мекард. Рӯзноманигорро 2 октябри соли гузашта дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул куштанд. Читать дальше...

Узбекистон наққошии 150 миллионии Рембрантро бозпас гирифт

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон 13 март наққошии Рембрандт Ван Рейн (1606-1669) - рассоми машҳури ҳолландиро ба Вазорати фарҳанги Узбекистон баргардонд. Додситонӣ гуфт, ин наққошӣ ғайриқонунӣ аз Узбекистон ба хориҷ бурда шуд. 28 августи соли 2008 сокини Тошканд А.П. наққошии Рембрандтро ба К.Й. дар ивази 50 ҳазор доллар фурухта ва К.Й. расмро ба хориҷи Узбекистон бурд. Дар солҳои 2014-2018 парвандаи ҷиноӣ ба далели мавҷуд набудани ҷиноят ва инчунин ба поён расидани муҳлати кофтуков борҳо қатъ шуд. Читать дальше...

CPJ аз Остона хост, ки ба фаъолияти хабарнигори Радиои Озодӣ монеа нашавад

Ozodi.org 

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ба таъқиби хабарнигори Бахши қазоқии Радиои Озодӣ Сония Тойкен ва рӯзноманигорони дигарро барои бозтоби мавзуъҳои доғи иҷтимоӣ хотима гузорад CPJ шаби 14 март бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти Қазоқистон бояд дархости Тойкенро дар робита ба радди ҷаримае бипазиранд, ки додгоҳ пас аз бозтоби эътирози бекорон дар Жанаозен бастааст. Дар изҳорот омадааст, ки рӯзноманигор дар посух ба бозтоби эътирози сокинон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Читать дальше...

Харҷҳои низомии НАТО чаҳор дарсад афзудааст

Ozodi.org 

Ҳампаймонони НАТО харҷҳои низомиашонро якбора бештар карданд. Аз ҳама бештар Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон ва Нидерланд харҷ доштаанд, омадааст дар гузориши НАТО барои соли 2018. Гузоришро дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯнамоӣ кард. Ӯ гуфт, харҷи умумии ҳампаймонҳои НАТО дар панҷ соли охир ба нишондоди болотарин расид ва танҳо дар як соли охир харҷҳо 4 дарсад бештар шуд. "Бо ҳадафи пуштибонӣ аз амният шарикон дар бахшҳои мухталиф бештар аз гузашта якҷо амал мекунанд", - гуфт Столтенберг. Читать дальше...

Эътимодномаи сафирони нави Эрону Амрико дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сафирони тозатаъйини нӯҳ кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурданд. Ин маросим рӯзи 15-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Тайи моҳҳои охир Эрону Қирғизистон, Амрико, Чин, Дания, Шриланка, Венесуэла, Гана ва Конго намояндаҳои расмии худро дар Тоҷикистон нав карданд. Ҷон Марк Поммершайм, сафири нави Амрико ва Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири нави Эрон ин ҳафта вориди Тоҷикистон шуданд.

Тоҳирҷон Муъминов сармураббии нави "Истаравшан" шуд

Ozodi.org 

Тоҳирҷон Муъминов, мутахассиси 48-солаи  футболи тоҷик, сармураббии нави дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан таъйин шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истаравшан” бо сармураббии нав то охири соли равон қарордод ба имзо расондааст. Тоҳирҷон Муъминов ду соли ахир сармураббии ССКА «Помир»-и Душанбе буд. Бо раҳбарии ӯ бошгоҳи низомиён соли 2017 барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст. Вале  ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши... Читать дальше...

Умед Ҳасанбеков барои истеъмоли "допинг" муҷозот шуд

Ozodi.org 

Умед Ҳасанбеков, узви дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) барои истеъмоли допинг ё маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ ба муҳлати чаҳор сол - то 6-уми феврали соли 2023 - аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум гаштааст. Дар ин бора FIAS дар сомонаи расмии худ хабар додааст. Дар рӯйхати нашркардаи Федератсияи байналмилалии самбо феълан номи 19 варзишгар аз 10 кишвар - Русия (6 нафар), Қазоқистон (4 нафар), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2 нафар)... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *