Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2019

Новости за 17.08.2019

Паёми Толибон баъд аз кушта шудани бародари Охунзода

Ozodi.org 

Толибони Афғонистон гуфтанд, ки кушта шудани бародари раҳбари онҳо дар бомбгузории рӯзи 16-уми август дар Покистон монеи музокироти сулҳ бо Амрико нахоҳад шуд. Бино ба хабари расонаҳо, Ҳафиз Аҳмадуллоҳ, бародари хурдии Ҳайбатуллоҳ Охунзода, дар таркиши масҷиде дар Кветта кушта шудааст.  Худи Охунзода ҳангоми таркиши бомба дар масҷид набудааст. Як намояндаи Толибон рӯзи 17-уми август тавассути телефон ва аз як маҳалли номушаххас ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, "агар касе фикр кунад, ки шаҳодати... Читать дальше...

Аввал сулҳ ё интихобот? Баҳси нав дар Афғонистон

Ozodi.org 

Бо наздик шудани Амрико ва Толибон ба тавофуқномаи эҳтимолии сулҳ, аксари номзадҳо ба мақоми президенти Афғонистон сулҳро нисбат ба интихобот беҳтар донистаанд. Қарор аст, интихобот дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол баргузор шавад.

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Ozodi.org 

Тозатарин ахбори ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон, таҳлилу баррасиҳо, мусоҳиба ва гузоришҳо аз масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зистмуҳитии Тоҷикистон.

Табиби тоҷик гуфт, "эътимоди сокинон кам нашудааст"

Ozodi.org 

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар остонаи рӯзи табибон, ки ҳар сол 18-уми август таҷлил мешавад, ба суроғи Махфират Бадалова, яке аз пизишкони собиқадори тоҷик рафтанд, то ба дарди дилаш гӯш диҳанд. Ӯ дар бораи беморон, вазъи тибби Тоҷикистон ва пизишкони ҷавон чӣ гуфт? Дар видео бинед.

Кохи Сафед гуфт, ки музокирот бо Толибон “идома мекунад”

Ozodi.org 

Кохи Сафед мегӯяд, ки музокироти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо мақомоти баландпояи ин кишвар дар бораи гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон “бисёр хуб анҷом шуд”. Ба иттилои манбаъ, гуфтугӯҳо бо Толибон “идома меёбад”. Мақомоти Амрико рӯзи 16-уми август аз мулоқоти Трамп бо мушовиронаш хабар доданд. Ҳадафи ин мулоқот гуфтугӯҳо бо Толибон дар бораи хуруҷи эҳтимолии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва ҷустуҷӯи як роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҷанги тақрибан 18-сола хонда шудааст. Доналд Трамп баъд аз мулоқоти рӯзи ҷумъа дар Твиттер навишт... Читать дальше...

Русия шумораи муҳоҷиронро зиёд, вале Тоҷикистон кам мегӯяд. Омори воқеӣ кадом аст?

Ozodi.org 

Шумораи дақиқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия муодилаи ҳалношудаеро мемонад. Мақомоти Русия як омор ва Тоҷикистон рақами дигареро пешкаш мекунанд, ки аз якдигар фарқи калон дорад. Оморе, ки мақомоти рус меоранд, шумори муҳоҷиронро ба маротиб бештар нишон медиҳад.

Ҳалокати ҳашт нафар дар сӯхтори меҳмонхонае дар Украина

Ozodi.org 

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина гуфтанд, ки дар сӯхтори меҳмонхонаи хусусӣ дар Одесса ҳашт нафар ҷон бохта, даҳ тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса бомдоди 17-уми август рух додааст. Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи шанбе дар Facebook навишт, вазъи чаҳор нафар аз маҷруҳон хеле вазнин аст. Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина иттилоъ дод, ки барои хомӯш кардани сӯхтор тақрибан се соат зарур шудааст. Мақомоти Одесса гуфтанд, аз маҳалли ҳодиса 150 нафарро ба ҷойи дигар кӯчонданд. Таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст... Читать дальше...

Иди себу ангур -- ду иди дигари расмӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бо як амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 17-уми августи имсол нашр шуд, иди ангур ва себ низ расмӣ гардидааст. Хадамоти матбуотии президент навишт, аз ин ба баъд "ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад." Аз мақомоти вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ хоста шудааст, ки вобаста ба идҳои мазкур маъракаҳо баргузор кунанд. Дар гузашта дар Тоҷикистон иди асалу ҷашнвораи харбуза таҷлил мешуд ва борҳо мавриди интиқоди мухолифон қарор гирифтааст. Читать дальше...

Гузоришгари СММ: Вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон ташвишовар аст

Ozodi.org 

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Эрон гуфт, соли гузашта дар ин кишвар маҳдудияти озодии баён ва адами муҳокимаҳои мунсифона афзоиш ёфтааст. Вай ҳамчунон ба хотири омори баланди эъдомҳо дар Эрон аз ҳукумати Теҳрон интиқод кард. Раҳмон дар гузориши "Вазъияти ҳуқуқи башарӣ дар ҷумҳурии исломии Эрон" ба ин мавридҳо ишора кардааст. Ин гузориш, ки дар моҳи гузашта тартиб шуда, рӯзи 16-уми август дар Маҷмаи умумии Созмони Милал пешкаш шуд. Ҷовид Раҳмон... Читать дальше...

Вақте раҳбарон мемиранд, бо режимҳои авторитарӣ чӣ хоҳад шуд?

Ozodi.org 

Шумо ҷузъе аз нухбагони режими авторитарӣ ё худкома ҳастед ва шахси аввал аз беморӣ ранҷ мебарад ва мумкин аст бо марг рӯбарӯст. Кӣ ворис мешавад, маълум нест. Дар чунин вазъият бо режим чӣ рух хоҳад дод?





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *