Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Декабрь
2019

Новости за 08.12.2019

Чӣ гуна хонаводаи Абдуқодир миллионҳо долларро ба хориҷ кашонданд?

Ozodi.org 

Хонадони Абдуқодир, як оилаи бонуфузи уйғур дар Қирғизистон, барои ба берун баровардани миллионҳо доллар аз ин кишвари Осиёи Марказӣ аз хадамоти “пулкашон”-ҳо истифода кардааст. Зоҳиран бисёре аз тоҷирони қирғиз ин шабакаи махфии пулкашонҳоро медонистанд ва ба ин восита маблағи зиёдеро ба Туркия ва кишварҳои дигар бурдаанд.

Рӯҳонӣ буҷаи муқовимат бо таҳримҳоро пешниҳод кард

Ozodi.org 

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, чизе, ки онро буҷаи муқовимат дар баробари таҳримҳо хонд, рӯзи 8-уми декабр ба порлумон пешниҳод кард. Ӯ гуфт, қарзи эҳтимолии чандин миллиарддолларӣ аз Русия як манбаи муҳими даромад хоҳад буд. Раиси ҷумҳури Эрон афзуд, дар ин буҷа камтарин  такя ба даромади нафт дар назар гирифта шудааст. Тибқи гузоришҳо буҷаи пешниҳодии Рӯҳонӣ барои соли оянда тақрибан чиҳил миллиард доллар ва нисбат ба имсол 20 дарсад бештар аст. Ин буҷаи пешниҳодӣ барои соли оянда дар ҳоле матраҳ мешавад... Читать дальше...

Иштирок ва ё таҳрими интихоботи 2020? Интихоби мушкили ҲСДТ

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба интихоботи порлумонии моҳи марти соли оянда расман оғоз бахшида, аз ташкили 46 ҳавза хабар доданд, Ҳизби сотсиал - демократ масъалаи иштирок кардан ё таҳрим (бойкот)-и ин маъракаро баррасӣ дорад. Шӯрои сиёсии ҳизб рӯзи 10-уми декабр дақиқ мекунад, ки ба интихоботи моҳи март равад ё онро нодида гирад. Баъзе аз таҳлилгарон гуфтанд, таҳрими интихобот ба натиҷагирии он аз сӯи созмонҳои ғарбӣ таъсир дорад, вале аз эҳтимол дур аст, ки дар дохил чизеро иваз кунад. Масъалаи... Читать дальше...

Куриёи Шимолӣ як мушаки дурпарвозро санҷиш кардааст

Ozodi.org 

Мақомоти Куриёи Шимолӣ гуфтанд, як озмоиши муҳими мушакҳои дурпарвозро анҷом доданд. Пеш аз  ин мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, Куриёи Шимолӣ ниме аз маҳаллеро, ки мушак ба тозагӣ аз онҷо партоб шуд, дар натиҷаи гуфтугӯҳо бо ҳадафи ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Куриё вайрон намудааст. Пхенян рӯзи 8-уми декабр эълом кард, озмоиши навро пас аз он анҷом дод, ки як мақоми Куриёи Шимолӣ гуфтааст: "дар музокирот бо Иёлоти Муттаҳида ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Куриё шомил нест.” Мақомҳои Куриёи... Читать дальше...

Президенти “Озодӣ”: Аз таъқиби хабарнигорон нигарон ҳастем

Ozodi.org 

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз маҳдудияти дар ҳоли афзоиш дар баробари дастрасии хабарнигорони байналмилалӣ ба шунаванддагон дар Эрон изҳори нигаронӣ кард. Ҷеми Флай рӯзи шанбе дар мусоҳибае бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт: "Мо аз таъқиби хабарнигоронамон дар Радиои Фардо сахт нигарон ҳастем. Ҳамкорони мо аз бахши форсии Садои Амрико, Би-би-сӣ ва Мавҷи Олмон низ бо ин вазъ рӯ ба рӯянд." Изҳороти президенти Радиои Озодӣ дар пайи эътирозҳои густардаи хушунатомез дар Эрон сурат гирифт. Читать дальше...

Ҳендке барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд

Ozodi.org 

Петер Ҳендке, нависандаи австриягӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (соли 2019) шинохта шуд. Вай рӯзи 7-уми декабр дар Академияи Нобел дар шаҳри Стокҳолм суханронӣ кард, аммо дар мавриди изҳороти ҷанҷолиаш чизе нагуфт. Ҳендке пештар Слобадан Милошич, раиси ҷумҳури Югословаияи собиқро ситоиш карда буд, ки хашми сокинони ҳавзаи Балканро ба бор овард. Қарор аст, ҷоизаи Нобел барои Петер Ҳендке рӯзи сешанбеи 10-уми декабр тақдим шавад.

"Локомотив-Помир" ғолиби лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи "Локомотив-Помир"-и Душанбе дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуд ва ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 мушарраф гашт. «Локомотив-Помир» бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии мавқуфгузоштаи даври 25-уми мусобиқаи лигаи аввал бо дастаи «Шоҳмансур»-и Душанбе, ки 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 6:0 ғалаба кард. Пирӯзӣ дар бозии охирин ба дастаи «Локомотив-Помир» имкон дод, ки бо 61 имтиёз... Читать дальше...

"Ойина"-и Убайдулло Раҷабовро мебанданд?

Ozodi.org 

Масъулони идораи фарҳанги Душанбе хостаанд, ки фаъолияти театри мазҳакавии "Ойина" қатъ карда шуда, ба ҷойи он гурӯҳи рақсиву овозхонӣ таъсис диҳанд. Коршиносон мегӯянд, "Ойина" дар оғози солҳои 90-ум бо барномаҳои ҷолиб машҳур буд, аммо солҳои ахир аз худ кам дарак медиҳад. Убайдулло Раҷабов, бунёдгузори театр, тасмими идораи фарҳанги пойтахтро ғайри қобили қабул хонд. Нуралӣ Шоев, сардори раёсати фарҳанги ҳукумати Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳтавои намоишномаҳои театри "Ойина" "ҷавобгӯи замон нест". Читать дальше...

Гуруҳи “Алфа” ба шикори гургон ба Бадахшон рафтааст?

Ozodi.org 

Дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои шикори гургҳо як гуруҳи вижа таъсис додаанд. Мақомоти вилоят рӯзи 8-уми декабр расман гуфтанд, ки ин гуруҳ аз нирӯҳои зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иборат аст. Ба иттилои мақомот, хатари ҳамлаи гургон дар чанд ҷамоати ноҳияи Шуғнон, Роштқалъа ва ноҳияи Рӯшон вуҷуд дорад. “Гурӯҳи мазкур бо лавозимоти муосири шикорӣ таъмин буда, вазифаи асосии онҳо нобуд сохтани гургон дар деҳаҳои вилоят аст”, -- гуфтанд дар ҳукумати вилоят. Читать дальше...

Тазоҳуроти камсобиқа дар Беларус ба зидди муттаҳидшавӣ бо Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Садҳо нафар рӯзи шанбе ба зидди нақшаи муттаҳидшавӣ ё ҳамоиши Беларус бо Русия дар Минск тазоҳурот карданд. Афроди норозӣ дар даст шиор, парчами нахустини Беларуси мустақил ва Иттиҳоди Аврупоро доштанд. Ин бузургтарин тазоҳуроти бе иҷоза дар ин кишвари пасошӯравӣ аст. Бар асоси гузоришҳо, ба маъмурони пулис дастур шудааст, ки аз боздошти эътирозгарон худдорӣ варзанд. Тазоҳурот дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 7-уми декабр раҳбарони Русияву Беларус дар остонаи бистумин солрӯзи "тавофуқномаи муттаҳидшавӣ"-и... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *