Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 14.02.2020

Қирғизистон сафири Тоҷикистонро барои гуфтаҳои генерал Навҷувонов эҳзор кард

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар ин кишварро барои гуфтаҳои Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд эҳзор кардааст. Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 14-уми феврал гуфт, дар ин суҳбат ҷониби Қирғизистон нигаронии худро дар робита ба суханҳои мақоми баландпояи тоҷик баён дошт.  Бино ба ин баёния, Навҷувонов чанд рӯз пеш дар нишасти хабарӣ гуфтааст, "агар таърихро варақ занем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд". Читать дальше...

Рӯзи ошиқон дар Душанбе. "Кӯтоҳу самимӣ, дӯстат дорам"

Ozodi.org 

Дар рӯзи 14-уми феврал, ки бештар бо номи иди ошиқон машҳур аст, хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе хостанд, ки ба ҳамсару дӯстдоштаҳои худ занг зада, муҳббаташонро баён кунанд. Бубинед, ки дар ҷавоб чӣ гирифтанд.

Пас аз 30 сол. Сирру асрори "Баҳманмоҳи хунин"

Ozodi.org 

"Баҳманмоҳи хунин", ҳодисае, ки аз он чун сароғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ном мебаранд, бо гузашти 30 сол низ мавриди бархӯрди назарҳост. Муфаттишони парвандаи ин ҳодиса, ки ҳоло бознишастаанд, далелҳои гуногун пеш меоранд. Рӯзи 12-уми феврал солгарди 30-юми ҳодисаҳои баҳманмоҳ буд, ки 26 қурбонӣ ва садҳо захмӣ дошт.

OSCE ба интихоботи Тоҷикистон ҳайати хурди нозиронро фиристод

Ozodi.org 

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон як ҳайати хурди нозиронро ба кишвар фиристодааст.  Катя Андрутс, сухангӯи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, як ниҳоди вобаста ба САҲА, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайат рӯзи 13-уми феврал корро дар Тоҷикистон оғоз кард. Сухангӯи ин созмони байналмилалии воқеъ дар Варшава афзуд, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар арзёбиҳои ниҳоии худро баъд аз ду моҳи баргузории интихобот дар гузорише эълон хоҳад кард. Читать дальше...

"Роғун"-ро бо сармояи берунӣ месозанд?

Ozodi.org 

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, танҳо бо пули буҷа идома додани сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” ғайриимкон аст ва мақомот барои дарёфти маблағ бо созмонҳои молии ҷаҳонӣ музокирот доранд.

Вазир дар бораи қазияи Нилуфар ва ҷинояткории ноболиғон

Ozodi.org 

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 14-уми феврал дар бораи қазияи Нилуфар Раҷабова, ҷинояткории кӯдакон ва масоили дигар суҳбат кард. Тафсилотро дар видео бинед.

Баҳси вазъи печидаи ҷаҳон дар нишасти амниятии Мюнхен

Ozodi.org 

Рӯзи 14-уми феврал наздик ба 35 роҳбари давлат ва ҳукумат, роҳбарони амниятӣ ва дипломатҳо барои иштирок дар Конфронси Амниятии Мюнхен гирди ҳам омаданд. Ин конфронс замоне баргузор мешавад, ки кашмакашҳо миёни ҳампаймонон шиддат гирифта, зудухӯрдҳои хунин дар ҷойҳои дигар идома доранд. Интизор меравад, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ба ин рӯйдод, ки то 16-уми феврал давом мекунад, ҳамроҳ шаванд.  Дар рӯйхати дипломатҳои... Читать дальше...



Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва Додситонии кулли Тоҷикистон

Ozodi.org 

Рӯзи 14-уми феврали имсол дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар тағйироти кадрӣ ваё, ба гуфтаи мунтақидон, "ҷойивазкунии кадрҳои куҳна" сурат гирифт. Бино ба фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Ширин Исматуллозода муовинони нави сарвазир таъин шуданд. Гулмаҳмадзода пештар дар мансаби раиси вилояти Хатлон кор кардааст. Як соли ахир раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон буд.  Ширин Исматуллозода мудири Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе буд. Читать дальше...

Афви Байналмилал аз Э.Раҳмон раҳоии фаврии Далер Шарифовро хост

Ozodi.org 

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) бо фиристодани номае ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори озодии фаврӣ ва бе қайду шарти рӯзноманигор Далер Шарифов шудааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон Далер Шарифовро рӯзи 28-уми январ дастгир карданд. Ӯ ба "барангехтани кинаву адовати динӣ" муттаҳам аст ва ҳоло барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст. Вакили дифоъ ва наздикони Далер Шарифов ҳама иттиҳомотро нисбат ба ӯ рад мекунанд.  Дар номаи созмони Афви Байналмилал ба Эмомалӣ Раҳмон... Читать дальше...

Боздошти 161 нафар бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузашта 161 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро дастгир кардаанд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, қисми бештари ин афрод ба узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ҳаракати “Салафия” ва Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам мешаванд. Назари наздикон ва вакилони боздоштшудаҳо феълан дастрас нест, аммо дар гузашта баъзе афроди муттаҳам ба ифротгароӣ худро бегуноҳ хонда, қазияаашонро бештар сиёсӣ гуфта буданд. Читать дальше...

Дар Тошканд барои мардикорзанон марказ таъсис шуд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканди Узбекистон маркази наве барои занони мардикор таъсис шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд. Дар маросими кушоиши марказ намояндагони расмии Кумитаи занони Узбекистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ширкат карданд. Дар марказ ошхона, иҷораи таҷҳизоти корӣ, иттилоъ дар бораи ҳифзи меҳнат ва имконот барои фароғат фароҳам оварда шудааст. Нозим Ҳусанов, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон гуфт, кормандони маркази нав ба занҳо дар пайдо кардани... Читать дальше...

Демократҳо мехоҳанд, Трампро аз ҳаққи истифодаи артиш зидди Эрон маҳрум кунанд

Ozodi.org 

Сенати ИМА қатъномаеро қабул кард, ки бар асоси он президенти Амрико наметавонад, бидуни розигии Конгресс аз артиши ИМА дар амалиёти низомии зидди Эрон истифода кунад. Сенати ИМА қатъномаро рӯзи панҷшанбе қабул кард. Пештар аз ин ҳуҷҷати мазкур аз сӯи Палатаи намояндагон қабул шуда буд. Дар Сенат ба ҷонибдорӣ аз қатънома 47 демократ ва 8 ҷумҳурихоҳ раъй дод. Ба ин тартиб, ҳуҷҷат бо 55 раъйи мусбат қабул шуд. Ҳамзамон 45 вакили Сенати ИМА зидди ҳуҷҷати мазкур раъй дод. Ҷумҳурихоҳоне, ки ба ҷонибдорӣ аз қатънома раъй доданд... Читать дальше...

Вокуниши ҳукумати Қазоқистон ба изҳороти набераи Назарбоев

Ozodi.org 

Даврон Абаев, вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон ба навиштаи Фейсбукии Ойсултон Назарбоев - набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вокуниш нишон дод. Абаев дар барномаи "Гуфтугӯи ошкоро"-и телевизиони давлатии "Хабар"-и Қазоқистон навиштаҳои Ойсултонро шарҳ дод. Даврон Абаев дар барномаи телевизионӣ гуфт, ки ин "фоҷиаест барои модар", зеро вай чизе қимматтар аз фарзанд надорад. Абаев ҳамчунин афзуд, "шарҳ доданд, такя кардан ба изҳори назари касе, ки аз муътодӣ табобат мегирад, ғайриахлоқӣ аст". Читать дальше...

Қочоқи нашъа кам, вале "воридоти экстази ба Тоҷикистон афзудааст"

Ozodi.org 

Мақомоти Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта ба хотири тақвияти ҳифзи марз бо Афғонистон қочоқи маводи мухаддир дуним баробар кам шуда, вале воридоти экстази ё ҳаб (таблетка)-ҳо аз Аврупо ба Тоҷикистон афзудааст. Тибқи ҳисоби созмонҳои байналмиллалӣ тавассути “масири шимолӣ”, ки Тоҷикистон ба он ворид мешавад, соли гузашта 8 дарсади тавлидоти умумии маводи мухаддири Афғонистон интиқол дода шудааст. Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон... Читать дальше...

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 шуруъ шуд

Ozodi.org 

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2020 дар шаш гурӯҳ - «А», «В», «C», «F», «G», «H» - шуруъ шуд. Бошгоҳи «Ал-Аҳд»-и Лубнон, барандаи феълии Ҷоми AFC, дар майдони худ бар дастаи «Ҳилол Ал-Қудс»-и Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Бозии дигари даври аввали гурӯҳи «А» миёни бошгоҳи «Ал-Ҷайш»-и Сурия ва «Манама»-и Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Ҷоми АFC-2020 Даври 1-ум Гурӯҳи «А» «Ал-Аҳд» (Лубнон) – «Ҳилол Ал-Қудс» (Фаластин) – 2:1 «Ал-Ҷайш» (Сурия) -  «Манама» (Баҳрайн) ... Читать дальше...

ВКД аз ҳукумат хост, муҳлати сабти симкортҳоро тамдид кунад

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки муҳлати иваз кардани шиноснома барои сабти номи симкортҳо тамдид карда шавад. Муҳлати ивази шиносномаҳои куҳна ба шиносномаи соли 2014 ба хотири сабти ном симкорт рӯзи 15-уми феврал ба анҷом мерасад. Бархе ширкатҳои мобилӣ ҳушдор додаанд, ки дар сурати то ин сана сабти ном накардани симкорт бо шиносномаи нав, симкортҳо хомуш карда мешаванд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ҳукумат дархост карданд... Читать дальше...

Раҳимзода гуфт, маъмурони милиса дар қазияи Нилуфар Раҷабова "қонуншиканӣ накардаанд"

Ozodi.org 

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зердастонаш дар қазияи Нилуфар Раҷабова, ягон қонуншиканӣ накардаанд. Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ иддао дорад, ки дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино аз ҷониби кормандони милиса таҳқир ва таҳдид ба таҷовуз шудааст. Аммо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, таҳқиқҳои зиёди онҳо нишон дод, ки кормандони милиса дар қазияи Нилуфар Раҷабова ягон қонуншиканӣ накардаанд. Читать дальше...

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона Кувайтро мағлуб кард

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бозии дӯстона бар тими мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон 13-уми феврал дар шаҳри Даммоми Арабистони Саудӣ доир гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Хоҷаев, Умед Қузиев ва Собирҷон Гулаков ба самар расониданд. Боз як голро кувайтиҳо ба дарвозаи худ заданд. Ин шашумин бозии мунтахаби футзали Тоҷикистон дар моҳи феврал ба шумор мерафт. Читать дальше...

Амрико ва Толибон ба тавофуқи сулҳ "наздик шудаанд"

Ozodi.org 

Тибқи гузоришҳои расонаҳои муътабари байналмилалӣ, Амрико ва Толибон баъд аз беш аз як соли гуфтугӯҳо, ба тавофуқи сулҳ наздик шудаанд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон бо нашри як паём дар "Твиттер" гуфт, ки Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар як тамоси телефонӣ бо вай аз "пешрафтҳо" дар музокироти сулҳ бо Толибон хабар додааст. Оқои Ғанӣ ба нақл аз вазири хориҷаи Амрико навиштааст, ки Толибон пешниҳод кардаанд, ки хушунатҳоро коҳиш медиҳанд. Тибқи ин гузоришҳо, Толибон пешниҳоди як ҳафта оташбас дар Афғонистонро доданд... Читать дальше...

40 донишҷӯи қирғиз аз Чин ба ватан баргардонида шуданд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қирғизистон эълом кард, ки 40 донишҷӯи дигари ин кишвар аз Чин ба ватан оварда шуданд. Ин донишҷӯёнро тариқи парвози "Пекин-Алмато" ва бо дастгирии ҷониби Қазоқистон ба ватан баргардондаанд. Донишҷӯён ба хотири қатъи парвозҳо дар Урумчии Чин дармонда буданд. Ба огаҳии вазорат, ҳамаи донишҷӯён дар беморхонаи махсус бистарӣ ва дар карантин нигаҳдорӣ хоҳанд шуд. Вазъашон қаноатбахш аст. Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *