Бонки Ҷаҳонӣ барои бозсозии Норак боз $ 50 млн. дод
Бонки ҷаҳонӣ барои таҷдид ва азнавсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак 50 миллион доллар грант ва ё маблағи билоиваз дод. Ба иттилои дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ин марҳилаи дуввуми Лоиҳаи барқарорсозии нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аст. Дар доираи ин лоиҳа, барқарорсозии се гидроагрегат, иваз ва барқарорсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва бахшҳои калидии зерсохтории нерӯгоҳи барқӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар назар аст, ки бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ шаш автотрансформатор, ки барои баровардани нерӯи барқи истеҳсолшуда хизмат мекунанд иваз шавад. Читать дальше...