Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Январь
2021

Новости за 21.01.2021

Сайре дар дохил ва беруни қасри беш аз 1 миллиард долларии Путин

Ozodi.org 

Бунёди мубориза бо фасод, як созмони вобаста ба пешвои мухолифони Русия, Алексей Навалний, рӯзи 19-уми январ маълумотро дар бораи "Қасри Путин", дороии мармузи президент Владимир Путин, ифшо кард.

Намояндаи HRW: "Ҳукми Дона Набиев, баробар ба ҳукми қатл аст"

Ozodi.org 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 20-уми январ бо нигаронӣ аз вазъи саломати Дониёр Набиеви 80-сола аз ҳукумат хост, ӯро фавран аз зиндон озод кунад. Сийнат Султоналиева, намояндаи созмон рӯзи 21-уми январ дархости созмонро чунин шарҳ дод.

Баъди муолиҷаи захмҳои корд, Мубинҷон Аҳмадов ба тамрин шурӯъ намуд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Мубинҷон Аҳмадов, ҷавонпаҳлавони шинохтаи тоҷик, ки дар оғози моҳи декабри соли 2020 дар пайи ҳамлаи як гурӯҳ ҷавонон дар Хуҷанд аз зарби корд захмин гашта буд, аз бемористон рухсат шудааст



Русия ба Амрико пешниҳод кард, созишномаи СНВ-3 панҷ соли дигар тамдид шавад

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар оғози кори президент Ҷо Байден ба ҳукумати нави Амрико пешниҳод кард, ки созишномаи дуҷонибаи СНВ-3, дар бораи чораҳои коҳиш ва маҳдудсозии силоҳи стратегӣ, 5 соли дигар дароз карда шавад.

Кор дар хориҷ, вале бидуни муҳоҷират. "Маркази навовариҳои Помир" чӣ гуна ҷойи кор меофарад?

Ozodi.org 

"Муҳоҷират ба Русия ягона роҳи ҳалли мушкили бекорӣ нест". Ин нуктаро соли чаҳорум аст, ки фаъолони "Маркази навовариҳои Помир" бо ташкили ҷойи кор ва пешниҳоди хидматрасонӣ тавассути Интернет собит мекунанд.

Таркиш дар Балучистон мошини сарбозонро нобуд кардааст

Ozodi.org 

Дар натиҷаи таркиши бомбе дар вилояти Балучистони Покистон камаш чаҳор сарбоз кушта ва панҷ тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 20-уми январ ҳангоми гаштзании сарбозони Нерӯҳои ниманизомии Покистон дар ноҳияи Коҳлу рух додааст.

Байден фармони давраи Трампро дар бораи маҳдудияти сафари мусулмонҳо бекор кард

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, фармонеро имзо кард, ки сиёсати президенти собиқ Доналд Трамп дар бораи маҳдуд кардани сафари шаҳрвандони чанд кишвари умдатан мусулмоннишинро ба ин кишвар бекор мекунад.

КБО лағви Олимпиадаи Токиоро рад кард

Ozodi.org 

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аз лағви Олимпиадаи Токио даст кашид. Дар ин бора узви КБО Ричард Паунд дар мусоҳиба бо Kyodo News изҳор доштааст. Ба гуфтаи ӯ, мусобиқот бояд имсол баргузор шавад, зеро боз як таъхири дигар душвор хоҳад буд. Фаунд зикр кард, ки агар вазъи паҳншавии коронавирус хеле душвор бошад, пас Олимпиада метавонад бидуни тамошогарон гузаронида шавад. Вай афзуд, ҳарчанд баргузории мусобиқаҳо бо тамошобинон гуворо аст, аммо ин аслан ҳатмӣ нест. Қаблан хабар дода шуда буд... Читать дальше...

14 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати ҳакамони FIFA дар соли 2021 дохил шуд

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) рӯйхати доваронеро, ки бозиҳои байналмилалиро дар соли 2021 ҳакамӣ мекунанд, нашр кард. Ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон 14 нафар - 5 довар ва 7 ёвари довари FIFA оид ба футбол ва ду ҳакам оид ба футзал – дохил шуданд. Доварони FIFA: Насрулло КАБИРОВ (Норак) Сайёдҷон ЗАЙНИДДИНОВ (Душанбе) Хуршед ДАДОБОЕВ (Хуҷанд) Гулмуроди САЪДУЛЛО (Душанбе) Нодира МИРЗОЕВА (Душанбе)   Ёварони доварони FIFA: ... Читать дальше...

Facebook садҳо сафҳаи "фермаи ҷавоб"-и марбут ба мақомоти Қирғизистонро пок кард

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии "Facebook" баъди интихоботи президентии ахир дар Қирғизистон садҳо саҳифаро пок кард. Бархе аз саҳифаҳои покшуда ба мансабдорони ҳукуматгарои Қирғизистон рабт доштанд. Талоши рӯзноманигорон инро ошкор кард. Айдай Иргебоева, рӯзноманигори сомонаи Kloop-ро метавон, фошкунандаи асосии саҳифаҳои фейкӣ дар идораи Kloop унвон кард. Дар давоми қариб ду сол вай пойгоҳи саҳифаҳои "фермаи ҷавоб" ва фейкиро тартиб додааст. Ҳамаи ин саҳифаҳо ба манфиати сиёсатмадорони алоҳидаи Қирғизистон тарғибот мебаранд. Читать дальше...

Байден Амрикоро ба Паймони иқлимии Порис бозгардонд ва фармони Трамп дар бораи муҳоҷиронро бекор кард 

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми январ дар нахустин соатҳои пас аз савганд ёд кардан, 17 фармон имзо кард. Тибқи ин фармонҳо, аз ҷумла Амрико ба Паймони иқлимии Порис бармегардад ва фармони маҳдудияти сафари шаҳрвандони бархе аз кишварҳо, ки Доналд Трамп онро имзо карда буд, бекор мешавад. Гуфта мешавад, ки 9 фармони имзошуда аз сӯи Байден, барои "тағйир"-и тасмимҳои ҳукумати гузаштаи Амрико будааст. Раиси ҷумҳури Амрико пеш аз имзои ин фармонҳо, ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ гуфт... Читать дальше...

Дар таркиши маркази гармидиҳии Узбекистон се кас ҷон бохт

Ozodi.org 

Дар Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканди Узбекистон, ки чанде пеш фаъолияташ қатъ шуда, таъмиру бозсозӣ мешуд, 20 январ таркиш ба амал омадааст. Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон, дар натиҷа се кас ба ҳалокат расида, се тани дигар захмӣ шудаанд. "Ҳалокшудаҳо ва захмиён кормандони ширкати хидматрасоне ҳастанд, ки бо таъмири марказ машғул аст", - афзудааст манбаъ. Таҳқиқи сабабҳои ҳодиса оғоз шудааст. Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи таркиш зербиноӣ ва таҷҳизоти технологии марказ осеб надидааст.

КМИР натиҷаҳои интихоботи президентии Қирғизистонро тасдиқ кард

Ozodi.org 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) 20 январ бо тасдиқи натиҷаҳои интихоботи пеш аз муҳлати президентии 10 январ онро баргузоршуда эълом кард. Барандаи интихобот Содир Ҷабборов дониста шуд, ки 1 миллиону 105 ҳазору 248 кас ё 79,2 дарсади интихобкунандагон ба ӯ раъй додаанд. Номзадҳои дигар Адахан Мадумаров 94 ҳазору 741 раъй (6,79%) ва Бобурҷон Толбоев 32 ҳазору 979 раъй (2,36%) ба даст овардаанд. Дар интихобот ҷамъан 1 миллиону 395 ҳазору 513 кас иштирок карда, 18... Читать дальше...

Додгоҳи Қазоқистон хост, фаъолони маданӣ як моҳи дигар дар ҳабс монанд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 20 январ дар як ҷаласаи онлайнӣ муҳлати ҳабсӣ чаҳор фаъоли маданиро як моҳи дигар дароз кард. Ҳабси хонагии Даметкан Аспандияроваи 43-сола, ҳабси пешакии Кайрат Клишеви 37-сола, Асхат Жексебаеви 47-сола ва Абай Бегимбетови 48-сола бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ барои ба поён расонидани тафтишот 1 моҳ дароз карда шуд. Ин фаъолони мадании қазоқ ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Көше партиясӣ" гумонбар ҳастанд. Бархе аз онҳо 23 августи соли равон бар... Читать дальше...

"Корвон"-ро нав мекунанд, то оташ нагирад

Ozodi.org 

Дар тарҳи нави "Корвон", бозори калонтарини шаҳри Душанбе, ки дар гузашта борҳо сӯхтааст, ба фанновариҳои амниятӣ ва назоратӣ диққати махсус дода шудааст. Бозсозии "Корвон" аз моҳи марти соли гузашта сар шуда, қарор аст, симо ва назми кори онро комилан дигар кунад.

Бозори "Корвон"-ро аз нав месозанд, мушкилҳои пешина аз байн мераванд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар тарҳи нави "Корвон", бозори калонтарини шаҳри Душанбе, ки дар гузашта борҳо сӯхтааст, ба фанновариҳои амниятӣ ва назоратӣ диққати махсус дода шудааст. Бозсозии "Корвон" аз моҳи марти соли гузашта сар шуда, қарор аст, симо ва назми кори онро комилан дигар кунад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *