Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Февраль
2022

Новости за 28.02.2022

Зеленский хост, Украинаро фавран ба узвияти ИА қабул кунанд

Ozodi.org 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 28-уми феврал хост, кишварашро ҳарчӣ зудтар ба узвияти Иттиҳоди Аврупо бипазиранд. Ин хост пас аз он матраҳ шуд, ки ҳамлаи низомии Русия ба Украина панҷ рӯз боз идома дорад.

Гуфтушунид ба поён расид. Ҳайатҳо ба Киеву Маскав баргаштаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як ҳайати Украина рӯзи 28-уми феврал гуфтугӯро бо намояндагони Русия оғоз карданд, ки ба сабаби таҷовузаш ба Украина зери таҳримҳои сахти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт. Бо гузашти панҷ рӯз аз ҳамла ду тараф дар як маҳалле дар марзи Ҷумҳурии Беларус гуфтушунид доранд.

Қурби рубл пас аз таҳримҳои сахти Ғарб ба сатҳи поинтарин расид. Дар Тоҷикистон ҳам

Ozodi.org 

Пас аз он ки кишварҳои "Гурӯҳи 7" (G7) таҳримҳои молии сахтеро барои муҷозоти президенти Русия бинобар ҳамлаи бедалелаш ба Украина ҷорӣ карданд, пули миллии Русия тақрибан 25 дарсад суқут кард ва ба ҳадди поинтарини худ расид.



Оғози муҳокимаи Чоршанбе Чоршанбиев дар Боздоштгоҳи Душанбе

Ozodi.org 

Мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишкори муҳорибаҳои омехта, 28-уми феврал дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия оғоз шуд. Додрас Сафар Нурализода мурофиаро кушода ё боз эълон кард, аммо хабарнигори Радиои Озодиро ба он роҳ надоданд.

"Ба инҷо омадан намехостам, маҷбур карданд." Паёми сарбозони асирафтодаи Русия дар Украина

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки Русия дар бораи теъдоди сарбозони захмӣ ё кушташудааш дар ҷараёни ҳамла ба Украина сукут меварзад, Киев ба хонаводаҳои сарбозони рус муроҷиат кардааст, ки шахсияти хешовандони асирафтода ва ё кушташудаи худро шиносоӣ кунанд.

Мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев оғоз шуд. Хабарнигори Озодиро роҳ надоданд

Ozodi.org 

Хабарнигори Радиои Озодиро ба мурофиаи аввалини Чоршанбе Чоршанбиев, варзишкори муҳорибаҳои омехта, ки ба даъватҳои интернетии сарнагун кардани ҳокимияти Тоҷикистон айбдор мешавад, роҳ надоданд.

Ростбинӣ ё дурӯягӣ? Акси садои ҷанги Украина дар зеҳни тоҷикон

Ozodi.org 

Ончӣ имрӯз байни Русия ва Украина мегузарад, ҳамаро ба ду ҷабҳа бурдааст. Бархе аз амалкарди Русия ҳимоят мекунанд, бархи дигар "шараф ба Украина" мегӯянд, қисме ҳам бетарафанд. Савумиҳо “Ба мо дахл надорад” ва “Ин ҷанги мо нест” мегӯянд. Албатта, ин ҳаққи онҳост, ки интихоби озод дошта бошанд.

"Регар-ТадАЗ" барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад, бори сеюм Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Ҳосилот” 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Артур Фозилов ду гол, Шуҳрат Элмуродов ва Фатҳулло Фатҳуллоев якголӣ ба самар расониданд. Ба ин тартиб, “Регар-ТадАЗ” бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло, “Ҳосилот” бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Дастаҳои... Читать дальше...

Наздики 30 қирғизистонӣ аз Украина ба кишварҳои дигар рафтаанд

Ozodi.org 

Сафорати Қирғизистон дар Украина хабар дод, аз 680 қирғизизистоние, ки дар Украина қарор доранд, 300 нафар дар қайди консулгариҳо ҳастанд. Рӯзи 27 феврал 14 қирғизистонӣ ба Лаҳистон ва 18 каси дигар ба Молдова рафтааст. 96 тани дигар омодаи сафар ба Маҷористон (Венгрия), 15 тан ба Лаҳистон ва 4 тани дигар ба Руминия ҳастанд. Неруҳои мусаллаҳи Русия аз 24 феврал ба ҳудуди Украина ҳамла мекунанд. Оҷонсии СММ дар умури паноҳандагон рӯзи 26 феврал хабар дод, ки бештар аз 120 ҳазор украинӣ ин кишварро тарк кардааст. Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо гуфт, 300 ҳазор кас аз Украина фирор кардааст

Ozodi.org 

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе гуфтанд, ки аз ибтидои ҷанги Русия дар Украина марзҳои Украина бо Иттиҳоди Аврупоро ҳудуди 300 ҳазор кас убур кардаанд. Иттиҳод ҳамзамон мегӯяд, мунтазири фирориҳои бештар аст. Ба ҳамаи касоне, ки вориди Иттиҳоди Аврупо шудаанд, кӯмак расонида шудааст. "Танҳо рӯзи шанбе аз Украина 77 ҳазор кас фирор кардааст", - хабар медиҳанд мақомоти гумруки Лаҳистон. Қисме аз фирориҳоро Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо пазируфтаанд. Дар Аврупо гирдиҳамоиҳои... Читать дальше...

Дар Қазоқистон барои Украина кӯмаки тиббӣ ҷамъ мекунанд

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз фаъолони ҷамъиятӣ дар Қазоқистон бо маҳкум кардани ҷанги Русия зидди Украина эълом карданд, ки барои кӯмак ба Украина кӯмаки тиббӣ ҷамъ меоранд. "Мо, мардуми воҳиди сермиллати Қазоқистон, ки ҳодисаҳои фоҷиавии моҳи январро аз сар гузаронидем, имрӯз бо ташвиш ва дард хушунати низомии Кремл зидди Украинаро пайгирӣ дорем", - омадааст дар муроҷиати фаъолон, ки дар саҳифаи сиёсатшинос Досим Сатпаев нашр шудааст. Зери ин муроҷиатнома ҳомии ҳуқуқ Бахитҷон Торегожин, рӯзноманигорон Ёрмурод Бапӣ... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *