Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2022

Новости за 27.03.2022

Беш аз 200 омӯзгори шаҳринавӣ ба муҳоҷират ба Русия рафтаанд

Ozodi.org 

Мақомот дар ноҳияи Шаҳринав гуфтаанд, ки аз 322 омӯзгоре, ки соли гузашта тарки касб карда буданд, 214 нафари онҳо барои кор ба Русия рафтаанд. Шаҳло Юлдошева, масъули бахши кадрии шуъбаи маорифи ин ноҳия ба нашрияи порлумонии “Садои мардум” гуфтааст, ки омӯзгорон маоши камро далели тарк кардани касбашон донистаанд. Пештар мақомоти Хатлон гуфта буданд, ки беш аз ду ҳазор омӯзгор дар ин вилоят тарки кор кардаанд. Маҳмадюсуф Имомзода, вазири собиқи маориф ва илм дар нишасти матбуотии рӯзи 3-юми феврал гуфта буд... Читать дальше...

Дар Қарабоғи Кӯҳӣ вазъи низомӣ эълон карданд

Ozodi.org 

Дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ, ки барои он Арманистон ва Озарбойҷон солҳо боз баҳс доранд, вазъи низомӣ эълон шуд. Дар ин бора Араик Арутюнян, раҳбари ин минтақа қарор имзо кардааст. Аз ин пеш, Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки низомиёни озарбойҷонӣ ба минтақаи зери назари нерӯҳои сулҳпарвари Русия ворид шуда, аз тариқи ҳавопаймои бесарнишин чор ҳамла ба деҳаи Фаррух кардаанд. Маскав аз Озарбойҷон хостааст, нерӯҳояшро берун кунад. Вазорати корҳои хориҷии Русия ҷонибҳоро ба созиш даъват кардааст. Читать дальше...

"Пеши президент омадам, намонданд"

Ozodi.org 

Ҷашни асосии наврӯзӣ дар Тоҷикистон поён ёфт, вале баҳси харҷҳои ҳангуфт барои таҷлил аз он дар шароити гаронии нархҳо идома дорад. Рӯзи 21-ум март бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд. Дар ин ҷашн иштирокдорон интихобӣ буданд ва на ҳама мисли Рустам Каримов, сокини ноҳияи Хуросон ба варзишгоҳ роҳ ёфтанд. Ӯ ҳаваси тамошои наврӯзӣ надошт, балки мехост президентро бубинад ва арзашро расонад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *