Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Апрель
2022

Новости за 19.04.2022

Камолиддин Раббимовро ҷарима бастанд

Ozodi.org 

Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси маъруф ва коршиноси мустақили узбекистонӣ, ки 17-уми апрел бо гумони "майдаавбошӣ" ва "итоат накардан ба кормандони пулис" боздошт гашта буд, шоми 18-уми апрел озод шудааст.

Аз манъи харидани шароб то асбоби мусиқӣ. "Алиф" ба бонкдории исломӣ мегузарад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як эълони Бонки Алиф дар бораи маҳдудияти истифода аз кортҳояш барои пардохти баъзе хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона, дар Тоҷикистон баҳс барангехт.

"Алифбонк" мехоҳад корашро бар асоси шариати исломӣ раҳандозӣ кунад

Ozodi.org 

Як эълони Бонки Алиф дар бораи маҳдудияти истифода аз кортҳояш барои пардохти баъзе хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона, дар Тоҷикистон баҳс барангехт.

Модаре, ки кӯдакашро ба қафаси хирс партофт, ба беморхонаи рӯҳӣ фиристода шуд

Ozodi.org 

Зане, ки духтарашро ба қафаси хирс партофта буд, ба муолиҷаи ҳатмии рӯҳӣ фиристода мешавад. Қарори додгоҳи ноҳияи Юнусободи вилояти Тошканд рӯзи 18-уми апрел содир шуд. Дар ин бора намояндаи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов дар Телеграм-каналаш хабар додааст.  Моҳи марти соли ҷорӣ баъди таҳқиқи ҳодиса додситонии кулли Узбекистон гуфт, ки озмоишҳои тиббӣ бемории равонӣ доштани модарро собит кард ва тафтишҳо нишон дод, ки ӯ ҳатто барои посух додан ба саволҳои муфаттишон омода нест. Бо қарори додрас... Читать дальше...

Муфаттишони Русия рафтори бародаронро аз Тоҷикистон ду моҳи дигар таҳқиқ мекунанд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Маскав тафтиши парвандаи бародарон аз Тоҷикистон Саидакрам ва Умарро, ки дар латукӯби ду маъмури пулиси Русия гумонбаранд, ду моҳи дигар дароз кард. Қарори додгоҳ охири ҳафтаи гузашта баромадааст. Мақомоти Русия ба айбдории онҳо таъкид доранд, вакилони дифоъ озодияшонро мехоҳанд.



"Синостан". Чӣ гуна Чин дар Осиёи Марказӣ "империя" сохт

Ozodi.org 

"Синостан" китоби нави Рафаэлло Пантуччи ва Александрос Петерсен аст, ки дар он нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ва аҳамияти он барои ҷараёни ояндаи таърих таҳқиқ шудааст. Нашри китоб як сафари дарозмуддатеро дар пай дошт, ки беш аз даҳ сол барои муаллифон тӯл кашид.

"Истиқлол" боз бо "Ал-Ҳилол" бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чаҳоруми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 боз бо бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ рӯбарӯ мешавад.

Омӯзгорону пизишкони паноҳҷӯ дар Тоҷикистон. Чаро мутахассисони афғонистониро ба кор намегиранд?

Ozodi.org 

Паноҷандагони афғонистонӣ мегӯянд, дар миёни онҳо пизишкону омӯзгорон ва мутахассисони фановариҳои наву ҳунарҳои дигар ҳастанд, вале наметавонанд дар Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси худ кор кунанд.

Ҳабси Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси узбекистонӣ

Ozodi.org 

Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси маъруф ва коршиноси мустақили узбекистониро дар шаҳри Тошканд 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дар ин бора хабарнигори узбекистонӣ Илёс Сафаров дар Фейсбук хабар дод.

Ҳукумат барои хӯроки солиму ройгони хонандагон 5 миллион сомонӣ додааст

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини кӯдакон бо хӯроки солиму ройгон беш аз панҷ миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯянд, рӯзҳои наздик барномаи санҷиширо ба роҳ мемонанд.

Дар Тоҷикистон барномаи шабеҳи Гуглро офаридаанд?

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик бо таъсиси системаи миллии ҷустуҷӯ мехоҳанд, барномаҳои шабеҳи Гугл ва Яндексро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Муаллифони системаи ҷустори миллӣ бовар доранд, ки корашон барои Тоҷикистон муҳим аст. Мутахассисон барои муваффақ шудани ин тарҳ роҳи мушкилеро пешбинӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон даъво доранд, ки барномаи монанд ба Гуглу Яндексро офаридаанд. Иддае шубҳа доранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик бо таъсиси системаи миллии ҷустуҷӯ мехоҳанд, барномаҳои шабеҳи Гугл ва Яндексро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Муаллифони системаи ҷустори миллӣ бовар доранд, ки корашон барои Тоҷикистон муҳим аст. Мутахассисон барои муваффақ шудани ин тарҳ роҳи мушкилеро пешбинӣ мекунанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *