Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июль
2022

Новости за 15.07.2022

Дар Додситонӣ парвандаи хабарнигорон ва ҳодисаи Рӯшонро шарҳ доданд

Ozodi.org 

Масъулини додситонии кулли Тоҷикистон боздошти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ, ду рӯзноманигори шинохтаро шарҳ доданд. Шариф Қурбонзода, як масъули додситонӣ рӯзи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, Завқибек Саидаминӣ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнуи Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад.

Додситонӣ ваъда дод, ки сабаби марги афсарро мегӯяд

Ozodi.org 

Мақомоти додситонӣ дар Кулоб мегӯянд, санҷиши қазияи марги мармузи Абубакр Саидзода, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа идома дорад. Ин мақомдор бо Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, бар сари замин ҷанҷол доштааст.

Хонаҳои сӯхтаи Исфараро таъмир мекунанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Исфара ба сохтмону бозсозии биноҳое сар карданд, ки шаш моҳ пеш дар натиҷаи муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон осеб дидаанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони хонаҳо борҳо аз таъмир нашудани манзилҳои сӯхтаашон шикоят мекарданд.

Вазири тоҷик латту кӯби хабарнигор аз ҷониби писарашро шарҳ надод

Ozodi.org 

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, посухи дақиқ надод, ки оё писараш дар лату куби рӯзноманигори боздоштшуда Далери Имомалӣ даст дорад ё не. Далери Имомалӣ, журналисти шинохтаи тоҷик, рӯзи 4-уми июн гуфта буд, ки ҳангоми бозпурсӣ дар Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ӯро латту кӯб кардаанд. Баъдан, журналистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ба ӯ писари вазири адлия, муфаттиши додситонӣ, мушт задааст. Хабарнигорон дар ин бора рӯзи 15-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз Ашуриён суол карданд. Читать дальше...

CPJ аз ҳукумат хост, Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзодаро раҳо кунад

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дар бораи куҷо будани хабарнигорон, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, маълумот дода ва фавран онҳоро аз боздошт раҳо кунад.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дигар касеро "сафед" накарданд

Ozodi.org 

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 5508 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" содир накардаанд. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.   Шоҳиён сабаби содир нашудани ҳукмҳои сафедро ба натиҷаи “кори хуби мақомоти тафтишоти пешакӣ” рабт дод. “Яъне ягон зарурате надорад, ки нисбати шахсе, ки ҷиноят содир накардааст ё инки гуноҳи ӯ дар содир кардани ҷиноят исбот нашудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда,... Читать дальше...

Бонкҳо ба зарардидагони бозори "Фаровон" имтиёзҳо додаанд

Ozodi.org 

Бонкҳои минтақаи Бохтар ба соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори "Фаровон" зарар дидаанд, имтиёзи муваққатӣ дод. Ин тоҷирон аз бонкҳо 15, 3 миллион сомонӣ қарздор будаанд.  Самадзода Фирдавс, роҳбари Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар нишасти хабарӣ гуфт, ки 503 соҳибкори бозори “Фаровон” расман муроҷиат карда, талаби имтиёз кардаанд.  Ӯ гуфт, ки соҳибкорон метавонад як сол аз супоридани баҳраи бонкӣ озод бошанд. Гуфта шуд, ки бонкҳо итиёзҳои мухталиферо барои муштариёни зарадидаашон роҳандозӣ кардаанд. Читать дальше...

Муҳоҷирати созмонёфта аз Узбекистон ба Русия кам шудааст

Ozodi.org 

Муҳоҷирати кории созмонёфта аз Узбекистон ба Русия 5,6 баробар кам, аммо ба Кореяи Ҷанубӣ афзудааст. Дар ин бора Оҷонси муҳоҷирати корӣ ба хориҷи Узбекистон хабар медиҳад. Дар нимаи аввали соли 2022 ин оҷонс 7101 касро барои кор ба хориҷ фиристодааст. Нишондоди мазкур нисбати ба моҳҳои январ-июни соли гузашта чаҳор баробар кам аст. Дар нимаи аввали соли 2021 ба таври созмонёфта ба хориҷ аз Узбекистон 28,8 ҳазор муҳоҷир ирсол шуда буд. Русия ҳамоно барои муҳоҷирати узбекистониҳо дар мақоми аввал қарор дорад. Читать дальше...

Президенти Шриланка аз хориҷ истеъфо дод

Ozodi.org 

Президенти Шриланка Готабая Раҷапакса баъди расидан ба Сингапур истеъфо дод. Вай аз Малдив ба Сингапур парвоз кард. Дар ин бора расонаҳои Шриланка хабар медиҳанд. Раҷапакса номаи истеъфояшро ба раиси порлумон тавассути почтаи электронӣ ирсол кардааст. Ҳукумати Сингапур гуфт, ки президенти пешини Шриланка "бо сафари шахсӣ" дар Сингапур қарор дорад ва барои дарёфти паноҳандагӣ дархост надодааст. Президенти Шриланка аз дахлнопазирӣ бархурдор буд. Вай бо истифода аз дахлнопазирӣ Шриланкаро тарк кард. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *