Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2022

Новости за 21.09.2022

Аз сангу чӯб то танку дрон. Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз нигоҳи коршиносон

Ozodi.org 

14-17-уми сентябр тақрибан дар тамоми марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии ҷиддии низомӣ ба вуқуъ пайваст. Ҷонибҳои даргир аз оғози низоъ ҳамдигарро масъули асосии он донистанд ва  дар мавриди таҷовуз ва ҳуҷум ба қаламрави худ шикоятҳои монанд карданд.

Мурофиаи баста. Абдуллоҳ Ғурбатӣ даъвои се милисаро рад кардааст

Ozodi.org 

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ даъвои се маъмури милисаро рад кардааст. Кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21-уми сентябр шоҳидӣ додаанд, ки Ғурбатӣ ба онҳо ҳамла карду таҳқир намуд.

Чорқишлоқ. Харобиҳоро бартараф, зиёнро ҳисоб мекунанд

Ozodi.org 

Сокинони деҳаи Чорқишлоқ ин шабу рӯз осори харобиҳои муноқишаи 14-17-уми сентябрро пок мекунанд, то дубора ба зиндагии маъмулии худ баргарданд. Дар ин деҳаи ноҳияи Исфара, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгир аст, даҳҳо манзили зист хароб шудааст.

Шиносномаи Русия дар ивази сарбозӣ. Чӣ назар доред?

Ozodi.org 

Мақомоти Маскав гуфтанд, ки дар маркази "Сахарово" барои ҷалби муҳоҷирон ба хидмати ҳарбӣ дар ивази шиносномаи Русия бахшеро таъсис хоҳанд дод. Иддае онро роҳи осони дарёфти шаҳрвандӣ медонанд. Дигарон хатар доранд. Шумо чӣ?

Дар Шӯроб гуфтанд, ки ба онҳо бо дрон ҳамла шудааст

Ozodi.org 

Намояндагони ҳукумат ва сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон мегӯянд, дар даргирии рӯзи 16-уми сентябр нерӯҳои Қирғизистон аз бесарнишинҳо истифода кардаанд. Душанбе ва Бишкек ду моҳ пеш гуфта буданд, ки дар бораи истифода накардани онҳо дар даргириҳои марзӣ созишнома имзо кардаанд.



"Ин ҷанг аст, майдони футбол нест, муҳоҷирон"

Ozodi.org 

Шореҳони рус мегӯянд, ҷалби муҳоҷирон ба хидмат дар артиши Русия "ихтиёрӣ ва бар асоси созишнома" мешавад. Мунтақидон мегӯянд, ҷалби муҳоҷирон бо ҳадафи истифодаи онҳо дар сафи пеши ҷанг сурат мегирад. "Ин ҷанг аст, майдони футбол нест," --гуфт ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров.

Филми нави Ҳай Давидов ва синамогарони Узбекистон

Ozodi.org 

Ҳай Давидов, ҳунарпешаи исроилӣ ва муассиси театри мазҳакавии “Ханда-ханда”-и яҳудиҳои бухороӣ, бо студияи "Узбекфилм" ёддошти тафоҳум дар бораи наворгирии филми муштараке бо номи “Тӯй муборак” имзо кард.

Тоҷикистон ду шаҳрвандашро, ки аз Қирғизистон гирифта буд, дар зиндони Ёвон ҷой кард

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро, ки Додгоҳи Қирғизистон ба солҳои дароз зиндонӣ карду се моҳ пеш ба Душанбе супурд, аз боздоштгоҳи Хуҷанд ба зиндони ноҳияи Ёвон бурдаанд.

Ҷоми президенти Тоҷикистонро кӣ гирифт?

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи IX байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар шаш вазн паҳлавонони тоҷик ва дар як вазн варзишгари Қазоқистон ғолиб шуданд.

Тоҷикистон Қирғизистонро ба иғво дар марз муттаҳам кард. Бишкек гуфт, "вазъ муътадил аст"

Ozodi.org 

Ба дунболи баёнияи раиси ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз минбари Созмони Милал Тоҷикистонро ба "таҷовуз" ба қаламрави кишвараш муттаҳам кард, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Қирғизистон бо идомаи "амалҳои иғвобарангезона", авзоъро дар сарҳад шиддат мебахшад.

Нурулло Алиев размикори аввалини тоҷик, ки ба UFC дохил шуд

Ozodi.org 

Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои размии омехта (ММА), дар қувваозмоӣ барои бастани шартнома бо UFC (Ultimate Fighting Championship), ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд.

Фаъолони қарақалпоқистониро дар Алмаато ба ҳабси пешакӣ гирифтанд

Ozodi.org 

Се фаъоли боздоштшудаи қарақалпоқистониро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Дар ин бора намояндаи ҷамъияти қарақалпоқистониҳо дар Алмато Оқилбек Муродбой хабар дод. Ҳукмро Додгоҳи байниноҳиявии Алмаато содир карда, ба ин тартиб Қошқарбой Торемуратов, Жангелдӣ Жақсимбетов ва Раиси Худойберганова 40 рӯз дар ҳабси пешакӣ хоҳанд монд. Расонаҳо пештар хабар доданд, ки Раиса Худойбергенова, яке аз фаъолони Қарақалпоқистон дар вилояти Алмаатои Қазоқистон боздошт шудааст. Қаблан... Читать дальше...

Politico: Амрико ҳавопаймоҳои баҳсиро ба Тоҷикистону Узбекистон медиҳад

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим дорад, дар ивази кумак дар мубориза зидди терроризм дар Афғонистон ба Тоҷикистону Узбекистон қариб 50 чархболу ҳавопаймои низомӣ тақдим кунад. Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *