Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Октябрь
2022

Новости за 19.10.2022

Ширкати найшакари Эрон ҳам корпартоӣ кард

Ozodi.org 

Кормандони ширкати найшакари "Ҳафттеппа" дар шаҳри Шуши вилояти Хузистони Эрон ба нишони эътироз аз марги Маҳсо Аминии 22-сола ба коршикании сартосарӣ пайвастанд. Аминӣ моҳи сентябри имсол ба гумони "бадҳиҷобӣ" дастгир ва дар боздоштгоҳи пулиси ахлоқ ҷон дод.

Ахбори Озодӣ аз 19-уми октябри соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Тоҷикистон Қирғизистонро бо кӯшиши ноором намудани вазъ дар марзи муштарак муттаҳам кард, Эрон тақдими ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русияро рад мекунад, вале кишварҳои ғарбӣ бовар надоранд, талоши раҳо намудани ҷавони бемор аз хидмат дар артиш ва матолиби дигар.

"На ба мурофиа роҳ доданд, на ба диданаш." Ба Фаромуз Иргашев чӣ шуд?

Ozodi.org 

Пайвандони Фаромуз Иргашев, ҳуқуқдони “Комиссияи 44” ва довталаби курсии президентӣ дар Тоҷикистон, гуфтанд, ки муҳокимаи ӯ дар Боздоштгоҳ оғоз шуда, вале дар бораи ҷараёну баҳси дохили он чизе намедонанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд.

Муҳоҷири "гумшуда"-и тоҷик дар марз бо Афғонистон дастгир шудааст

Ozodi.org 

Муҳаммад Дилшодбойзода, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия нопадид шуда буд, дар сарҳади Афғонистон боздошт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини 20-солаи ноҳияи Мастчоҳ қасди гузаштан ба Афғонистонро дошт.

Тоҷикистон Қирғизистонро ба "барангехтани низоъҳои нав" муттаҳам кард

Ozodi.org 

Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон Қирғизистонро ба иғвобарангезӣ ва ноором кардани вазъ дар сарҳади ду кишвар муттаҳам кард ва гуфт, ин кори мақомоти Қирғизистон "ҳадафмандона ва барои барангехтани низоъҳои нав" аст. Бишкек ҳанӯз вокуниш накардааст

Медали нуқраи варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ

Ozodi.org 

Миронсоқ Ҷалилов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни наврасон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.



Зиндони пурзӯр ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима. Ҷузъиёти ҳукми Далери Имомалӣ

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти ҳукми Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори тоҷикро ба даст овард. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 17 октябр ин рӯзноманигорро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ба ҷуз аз ҳукми зиндон дигар ҷузъиёти ҳукми додгоҳ рӯшан набуд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *