Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Декабрь
2022

Новости за 11.12.2022

Пизишке, ки ба ҷои Сино Ҳаҷҷ рафта буд, аз олам чашм пушид

Ozodi.org 

Саидҷон Нодирӣ, пизишки шинохта ва раҳбари "Ҷамъияти пайравони Сино” рӯзи 10-уми октябр аз дунё даргузаштааст. Ин пизишки тоҷик бо усулҳои хоси табобати беморон дар Тоҷикистон маъруф буд. Ӯ беморонро тариқи гипноз, сӯзанзанӣ, гиёҳдармонӣ табобат мекард. Китобҳои таълифнамудаи Саидҷон Нодирӣ, мисли “Дил, рӯҳ ва инсон”, “Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда” аз ҷониби пизишкони мардумӣ дар Тоҷикистон истифода мешаванд. Саидҷон Нодирӣ дар солҳои 1980 бо ҳадафи муттаҳид кардани ҳаммаслакони Сино... Читать дальше...

Миҷгона дар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар Русия медали тило гирифт

Ozodi.org 

Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт медали тило ба даст овард. Ин мусобиқа аз 5-ум то 10-уми декабр ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов дар шаҳри Белоярски Русия бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд. Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон сурат гирифт. Миҷгона Самадова дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило баъди ду пирӯзӣ ба... Читать дальше...

Ҳусейн Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, даргузашт

Ozodi.org 

Ҳусейн Асадуллозода, додарарӯси 54-солаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар Эрон даргузаштааст. Манобаи Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми декабр гуфтанд, ҷасади ӯро шаб ё фардо ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, Ҳусейн Асадуллозода аз бемории қалб ранҷ мекашид ва ду ҳафта пеш ӯро барои табобат ба Эрон бурда буданд. “Дар зодгоҳаш маҳаллаи “Чапаев”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маросими хоксупориаш омодагӣ мегиранд. Зери дастгоҳи нафасдиҳӣ будааст ва шаби гузашта... Читать дальше...

Ним асри фаъолият дар китобхона ба Наботбегим Туфалонова чӣ дод?

Ozodi.org 

Як зани китобдори тоҷик, ки 46 соли умрашро дар китобхона сипарӣ кардааст, мегӯяд, толори китобхонаҳои кишвар бештар аз ҳама дар даҳаи 80 – уми асри гузашта пуродам буданд. Ба гуфтаи ӯ шумори китобхонҳо дар ин давра ба ҳадде зиёд буд, ки дар толори хониш ҷойи нишаст ёфт намешуд.

Дар Маскав наздик ба 20 ғайрирусро "облава" кардаанд

Ozodi.org 

Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки наздик ба 20 ҷавонро дар Маскав зӯран ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Ба навиштаи созмони “Мемориал”, ки ҳодисаро пайгирӣ кардааст, бархе аз ин мардҳоро аз кӯча ва гурӯҳеро аз ҷои кору қаҳвахонаҳо боздошт кардаанд. Кормандони пулис ҳангоми боздошт худро муаррифӣ накардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон инро “облава” номиданд, вале мақомот гуфтаанд, ки ҳодиса дар чорчуби “сафарбарӣ ба артиш” сурат гирифтааст. Ба гуфтаи созмон, пулис бештар афродеро боздошт кардаанд... Читать дальше...

Хабарнигори "СССР" дар Хатлон даргузашт

Ozodi.org 

Баҳодур Уроқов, хабарнигори нашрияи “СССР” дар вилояти Хатлон, рӯзи 11-уми декабр даргузаштааст. Ӯ бештар дар мавзуҳои иҷтимоиву иқтисодӣ матлаб менавишт. Дӯстонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Баҳодур чанд вақти охир аз бемории захми ҷигар ранҷ мекашид. Худи ӯ ҳафтаи гузашта дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки дар беморхона бистарӣ шудааст. Баҳодур Уроқов 41 сол дошта, соҳиби шаш фарзанд буд. Дӯстонаш аз  ӯ ба ҳайси хабарнигори фаъол дар минтақа ёд мекунанд.

Шикасти Португалия аз Марокаш ва пирӯзии Фаронса ба Англия

Ozodi.org 

9-уми декабр ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатарбаргузор шуд. Нахуст дастаҳои мунтахаби Марокаш ваПортугалия рақобат карданд. Бозӣ ғайричашмдошт бо пирӯзии марокашиҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Эн-Носирӣдар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 42-юм, ба самар расонд. Зимнан, бори аввал аст, ки аз қораи Африқо тими миллӣ ба нимфинали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Вале орзуи капитани португалиҳо Криштиану Роналду ҷомаи амал напӯшид. Мунтахаби Португалия аз ҳаққи... Читать дальше...

"Барои мошинҳои борбару кӯдакон як роҳ аст". Роҳи хатарнок ба мактаб. ВИДЕО

Ozodi.org 

Расидан ба мактаб ва бозгашт ба хона барои наврасони як маҳалла дар шаҳри Кӯлоб қариб баробар ба қаҳрамонӣ аст. Онҳо ҳар рӯз як роҳи пурхатарро, ки мошинҳои борбар тариқи он ба Бадахшон мераванд, убур мекунанд, то хатту савод омӯзанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *