Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Декабрь
2023

Новости за 21.12.2023

Тирпаронӣ дар як донишгоҳи Прага

Ozodi.org 

Як ҷавони мусаллаҳ дар бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия дар маркази Прага беш аз 15 нафарро кушта, 24 каси дигарро захмӣ кард. Ҳодиса рӯзи 21-уми декабри имсол рӯй дод.

Ризоён: "Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон сиёсати дигаре дошта наметавонад" ВИДЕО

Ozodi.org 

​Афғонистон беш аз ду сол боз зери итоати “Толибон” аст. Душанбе шарти асосиро барои робита бо ин гурӯҳ ташкили ҳукумати фарогир медонад, вале ҳамчунон ба додугирифт бо онҳо идома медиҳад. Давлатҳои дигари ҳамсоя ва ҷаҳон аз “Толибон” ва Афғонистон чӣ мехоҳанд?

Чаро Афғонистон аз ҷангу буҳрон халос намешавад?

Ozodi.org 

Афғонистон беш аз ду сол боз зери итоати “Толибон” аст. Душанбе шарти асосиро барои робита бо ин гурӯҳ ташкили ҳукумати фарогир медонад. Давлатҳои дигар чӣ мехоҳанд? Сарнавишти ин кишвар чӣ хоҳад шуд? Посухи ин ва суолҳои дигарро аз таҳлилгар Шералӣ Ризоён пурсидем.

Раҳбарони ситоди интихоботии Путин маълум шуданд

Ozodi.org 

Ситоди интихоботии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро, Владимир Машков, ҳунарпешаи шинохта, Маряна Лисенко, сартабиби шифохонаи рақами 52 дар Маскав ва Артём Жога раиси маҷлиси вилояти ишғолии Донетск раҳбарӣ мекунанд.



Авҷгирии COVID-ро дар Қирғизистон рад карданд

Ozodi.org 

Олимқодир Бейшеналиев, вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон, гуфт, айни замон дар он кишвар зукоми навъи В дар ҳоли паҳншавӣ аст. Вазир дар ин бора рӯзи 21-уми декабр хабар дод.

Ба сохтмони як роҳ дар Тоҷикистон аз Африқо коргар овардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба сохтани як роҳ дар шимоли Тоҷикистон гурӯҳе аз коргаронро аз Чин ва кишвари африқоии Ғано (Гана) овардаанд. Ин роҳ аз Конибодом то Спитамен аст ва аз ҳудуди ду ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон низ мегузарад. Пулро Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон додаанд, аммо масъули сохтмон як ширкати чинист.

Тоҷикон дар Русия кор мекунанд, африқоиҳо дар Суғд

Ozodi.org 

Ба сохтани як роҳ дар шимоли Тоҷикистон гурӯҳе аз коргаронро аз Чин ва кишвари африқоии Ғано (Гана) овардаанд. Ин роҳ аз Конибодом то Спитамен аст ва аз ҳудуди ду ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон мегузарад. Пулро Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ҷудо кардаанд, аммо масъули сохтмон як ширкати чинист.

Кохи Сафед: Ҳеҷ силоҳ аз нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ намондааст

Ozodi.org 

Пас аз иддаои истифода аз силоҳҳои амрикоӣ дар ҳамлаҳои мусллаҳонаи Таҳрики Толибони Покистон дар ин кишвар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки дар бораи истифода аз силоҳҳои амрикоӣ дар ҳамлаҳо алайҳи Покистон маълумоте надорад ва наметавонад ин мавзуъро тасдиқ кунад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *