Афсари пешини пулиси Русия барои қатли 19 зан ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд
Афсари пешини пулиси Русия бо ҷурми куштори 19 зан дар Сибир ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Додгоҳи минтақавии Новосибирск ҳукми Евгений Чуплинскийро рӯзи 6 март эълон кард. Шаш рӯз пеш ҳайъати мунсифа ӯро дар куштори 19 зан, дар давраи аз соли 1998 то 2005, гунаҳкор донист. Додситонҳо гуфтанд, ки аксари қурбониҳои Чуплинский фоҳишаҳо буданд ва ӯ қабл аз куштор бо баъзеи онҳо ҳамхоба мешуд. Евгений Чуплинский бори аввал соли 2004 боздошт шуд, аммо аз идораи пулис фирор кард. Бори дуввум ӯ соли 2006 ба даст афтод... Читать дальше...