Ҷасади як муҳоҷири 57-солаи тоҷикро рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Иркутски Русия овехта пайдо карданд.
Мақомоти Русия расман хабарро шарҳ надодаанд, вале наздиконаш гуфтанд, ки ӯ ду ҳафта пеш нопадид шуда буд.
Маҳмуд Аҳмадов, муҳоҷири собиқадор буда, солҳо дар соҳаи сохтмон кор кардааст.
Як тан аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Русия ҳодисаро аз рӯйи фарзияи худкушӣ таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи ин хешовандаш, ки зикри номашро зарур надонист, ӯ ду ҳафта пеш ба ҳамсараш гуфтааст, ки зери фишори як корфармои рус қарор дорад. Читать дальше...