Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2019

Новости за 26.03.2019

Фаъолони ҳуқуқ аз Султон Очилова пуштибонӣ карданд

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ситодаш дар Ню Йорк, аз мақомоти Турманистон даъват кард, ки мамнуъияти сафари журналист Султон Очилова ба хориҷи кишварро лағв ва таъқиби рӯзноманигорони мустақилро бас кунанд. Очиловаро рӯзи 11 март ҳангоми сафар ба Гурҷистон дар фурӯдгоҳи Ишқобод манъ карданд. Ба ӯ гуфта шуд, ки барои сафар ба хориҷ ҳақ надорад. Қаблан "Хабарнигорони бидуни марз" низ аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, ки ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳанд. Султон Очилова хабарнигори... Читать дальше...

"BTA Bank"-и Қазоқистон алайҳи шарики пешини Трамп ба додгоҳ шикоят бурд

Ozodi.org 

Бонке дар Қазоқистон, ки дар як баҳси бисёрҷониба барои барқарор кардани дороиҳои даҳсолаҳо пеш аздастдодааш мубориза мебарад, бо аризаи наваш дар додгоҳи Амрико собиқ шарики президент Доналд Трампро дар он муттаҳам кардааст, ки бо сармояҳои ин бонк дар Маскав "Бурҷи Трамп"-ро бунёд кардааст.

Чаро дурбинҳои "Шаҳри бехатар" талбандаҳоро метарсонад?

Ozodi.org 

Дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" аксар гадоҳои маркази Душанберо эҳтиёткор ва аз нуқтаҳои "сердаромад" барои талбандагӣ гурезон кардааст. Дар 3 моҳи аввали соли равон тавассути ин дурбинҳо дар шаҳр беш аз 700 талбандаву оворагард сабт шудаанд.

Ахбори Озодӣ аз рӯзи 26-уми марти соли 2019

Ozodi.org 

Русияро ду шаҳраки низомиро ба Тоҷикистон медиҳад «Агар намоз хонӣ, ғусл кунӣ» террорист меноманд Камераҳо талбандаҳо дар Душанберо метарсонанд Манъи таксиҳои сиёҳшиша ба ҳама хуш наомад Либосу шортӣ бо рамзҳои миллии Тоҷикистон дар Амазон



Вокуниши ронандаҳо ба манъи таксиҳои сиёҳшиша дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бар асоси як қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели имсол ба иҷро медарояд, сиёҳ кардани шишаи "таксӣ" ва мусофирбарҳо манъ шудааст. Вокуниши баъзе аз ронандагони таксиро дар навори видео тамошо кунед.

Достони Забеҳуллоҳ -- як навраси афғон

Ozodi.org 

Дар Афғонистон, ки нисфи аҳолиаш наврасони то 15-сола ҳастанд, ҷанги 17-сола бештар аз ҳама ба кӯдакон осеб расонидааст. Забеуллоҳ Муҷоҳиди 12-сола ҳар рӯз кафш пок мекунад, то барои худу хонаводааш қути лоямуте ба даст биёрад. Ӯ яке аз кӯдакони бешумор ва ятимест, ки бояд аз субҳ то шом барои таъмини хонавода кор кунад.

Чӯпони гурҷӣ барои куштори хонаводаи амрикоӣ гунаҳкор эълон шуд

Ozodi.org 

Ҳайъати мунсифа дар додгоҳи Горӣ чӯпони маҳаллиро дар куштори як ҷуфти амрикоиву гурҷӣ ва писари чорсолаи онҳо, ки соли гузашта ин кишвари Қафқози Ҷанубиро такон дода буд, гунаҳкор эътироф кард.  Ҳукми Малхаз Кобаури, ки моҳи июли соли 2018 ҳангоми боздошт 19 сола буд, рӯзи чоршанбе дар додгоҳи Горӣ бо ҷурми таҷовуз ва куштори Лаура Смити 43-сола, Рийан Смити 44-сола ва писари чорсолаи онҳо Калеб эълон мешавад. Ӯ дар ростои ҳабси якумрӣ қарор дорад. Смитҳо амрикоӣ буданд, аммо шаҳрвандии Гурҷистонро доштанд. Читать дальше...

Тоҷикистониҳои муқими Торонто Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Торонтои Канада беш аз  200 тоҷику тоҷикистонӣ ҷашни муштараки Наврӯзро таҷлил карданд. Базми наврӯзӣ бо ширкати тоҷикистониҳои муқими Торонто ва ҳамчунин ҷамъияти самарқандиҳо баргузор шуд. Ҷашне, ки рӯзи 24 март дар тарабхонаи "Националь" баргузор гардид, аз барномаи калони консертӣ ва ҳам дастурхони идона иборат буд. Ин тарабхона марбут ба як шаҳрванди собиқи Тоҷикистон – Валерий Баротов аз шаҳри Хуҷанд аст, ки беш аз ду даҳсола пеш муқими Канада шуда  тиҷорати худро ба роҳ монд. ... Читать дальше...

Пентагон барои бунёди девор дар марзи Мексика $1 миллиард ҷудо кард

Ozodi.org 

Вазорати дифои Амрико барои бунёди бахше аз девор ба дарозои 91 километр дар марз бо Мексика 1 миллиард доллар ҷудо кард. Дар ин бора Патрик Шанаҳин, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Пентагон рӯзи 25-уми март хабар дод.  Қаблан Конгресс тахсиси 6 миллиард доллар барои бунёди девори марзиро, ки президент Доналд Трамп дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир дархост карда буд, рад намуд. Моҳи феврал Трамп гуфт, барои ба даст овардани маблағи боқимонда аз буҷа вазъи изтирориро эълон мекунад. Читать дальше...

Макгрегор эълон кард, ки аз муҳорибаи бидуни қоида меравад

Ozodi.org 

Бозигари ирландӣ Конор Макгрегор эълон кард, ки аз муҳорибаи бидуни қоида хориҷ мешавад. "Тасмим гирифтам ин варзишро, ки бо номи муҳорибаи бидуни қоида маълум аст, канор гузорам", - навишт ӯ дар Твиттер ва ба ҳамкорони собиқаш дар муҳорибаҳои оянда комёбӣ орзу кард. Бори аввал нест. ки Макгрегор чунин изҳорот медиҳад. Моҳи апрели соли 2016 ӯ навишта буд, ки "мехоҳам ба варзиш хотима диҳам ва онро ба ҷавонон вогузорам". Макгрегори 30-сола 25 набарди бидуни қоида баргузор кардааст. Ин варзишгари... Читать дальше...

ИМА ба Исроил тааллуқ доштани баландиҳои Ҷулонро эътироф кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп эъломияеро имзо кард, ки ба Исроил тааллуқ доштани минтақаи баҳсии баландиҳои Ҷулонро эътироф мекунад. Эъломия рӯзи гузашта дар Кохи сафед дар ҳузури сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу имзо шуд. "Баландиҳои Ҷулон бояд даҳсолаҳо пеш қаламрави Исроил эътироф мешуд", – гуфт президенти ИМА. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, эътирофи баландиҳои Ҷулон ҳамчун ҳудуди Исроил метавонад ба афзоиши ташаннуҷ дар Ховари Миёна сабаб шавад. Баландиҳои Ҷулон то соли 1967 ба Сурия тааллуқ дошт. Читать дальше...

Баррасии имкони сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Русия ва Туркия

Ozodi.org 

Мақомоти Русия ва Туркия имкони ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид (виза)-ро баррасӣ доранд, ки ба шаҳрвандони ду кишвар иҷозат медиҳад, бо шиносномаҳои дохилӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд. Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, қарор аст, дар ин замина бо ҳамтои русаш Сергей Лавров 28 март дар шаҳри Анталия гуфтугӯ кунад. "Русия дар пайи гуфтугӯҳо тасмим гирифт, ки раводидро барои соҳибони шиносномаҳои махсус, соҳибкорон ва ронандагони мошинҳои боркаши Туркия бекор кунад. Вале... Читать дальше...

Вазорати дифои Русия ҳалокати 3 низомияш дар Сурияро тасдиқ кард

Ozodi.org 

Дар Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе тасдиқ карданд, ки охирҳои моҳи феврал се низомии рус дар натиҷаи "ҳамлаи террористҳо" ҷон бохта, ҷасади онҳо ба ватан интиқол ёфт. Вазорат мегӯяд, аз замони дарёфти хабари бедаракшавии се низомияш корҳои ҷустуҷӯии бидуни танаффус идома доштанд. "Дертар дар доираи амалиёти махсус гуруҳи иборат беш аз 30 ҷангӣ маҳв карда шуд, ки дар ҳамла ба низомиёни рус даст доштанд", - афзудааст ин ниҳод. Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро тирамоҳи соли 2015 оғоз кард. Президент... Читать дальше...

Ду ошиқи ноком ҳамдигарро дар қабристон бо корд заданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Қанликӯли Қарақалпоқистон як ҷавони 24-сола ва духтари 21-сола якдигароро бо корд заданд. Дар натиҷа духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мард зинда монд ва боздошт шудааст. Ҳодисаи хунин 1 марти соли равон дар қабристони "Ешимахун"-и деҳаи "Жолий" рух дода, танҳо 25 март расонаӣ шуд. "Писару духтар се сол буд, ки ҳамдигарро дӯст медоштанд. Вале як ҷавони дигар духтарро рабуда, иҷборан бо ӯ издивоҷ кард. Духтар бо баҳонаи ба дарс рафтан ҳамроҳи дӯстписараш аз хонаи шавҳари худ гурехта... Читать дальше...

Фаъолони Бишкек ба ҷавобгарӣ кашидани Отамбоевро талаб доранд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкек иштирокдорони мизи мудаввари "Ғасби қудрат ва оқибатҳои он" ба ҷавобгарӣ кашидани президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро талаб карданд. Талаби фаъолони мадании қирғизро раиси пешини дастгоҳи президенти Қирғизистон Эмилбек Каптагаев ироа кард. "Аз додситони кул Откурбек Ҷамшедов талаб мекунем, ки зидди Отамбоев бо ҷурми ғасби қудрат, ташкили гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ва парвандаҳои сиёсиву иқтисодии коррупсионӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Бар асоси қисми 2-и банди 5-и Конститутсия... Читать дальше...

Дар Вахш як мард ҳамсари ҳомилаашро кушт

Ozodi.org 

Як марди 24-солаи сокини ноҳияи Вахш ба гумони куштани ҳамсараш боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин мард рӯзи 24-уми март бо ҳамсараш, ки дар батн тифли 3-4-моҳа доштааст, вориди муноқиша шуда ва ӯро бо чойник (термос) ба сараш задааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар пай ин мард ҳамсарашро бо рӯймоли дар сараш буда бӯғӣ намуда, бо корд 3 маротиба ба тарафи чашми рост ва як маротиба ба қисмати камараш мезанад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд... Читать дальше...

Саидҷалол Саидов барандаи шоҳҷоизаи "Ҷоми пойтахт-2019" шуд

Ozodi.org 

Саидҷалол Саидов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт-2019” бо шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав – сарфароз гашт. Ин мусобиқа, ки ба Иди байналмилалии Наврӯз бахшида шуд, рӯзҳои 23-24-уми март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин мусобиқаи идонаи паҳлавонӣ 180 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карда, аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо рақобат намуданд. Барои мукофоти аслӣ – автомашинаи сабукрав – паҳлавонон дар вазни мутлақ мубориза бурданд. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *