Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Январь
2023

Новости за 15.01.2023

Назарбоевро аз мақоми "пешво" ҳам маҳрум карданд

Ozodi.org 

Вакилони Қазоқистон қонунеро беэътибор карданд, ки хешовандони Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқро аз масуният маҳрум ва роҳро барои ҷазо додани онҳо боз мекунад. Вакилон рӯзи 13-уми январ бо қабули қарор гуфтанд, дигар Қонун дар бораи раиси ҷумҳури аввалин (элбасӣ) аз эътибор соқит аст.

Тақдири симкортҳо дар Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки 15-уми феврал муҳлати тамдидшудаи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад. Ба иттилои Хадамоти алоқа, аз ду миллион симкорте, ки соҳибонашон онҳоро аз нав сабти ном накардаанд, 800 ҳазораш ҳанӯз фаъол аст.

"Обу барқ намерасад, ҷойи бозӣ нест. Чӣ гуна дар инҷо бино месозанд?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Бунёди бинои нави истиқоматӣ дар канори хонаҳои чаҳорошёна дар як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд боис ба норизоятии мардум шуд. Сокинон мегӯянд, ширкати "Нури Дар-Дар" иҷозаи мақомотро ба даст оварда, вале назари мардум ва зарфияти маҳалларо ба эътибор нагирифтааст.

Марги тақрибан 60 ҳазор кас аз COVID дар Чин

Ozodi.org 

Мақомоти Чин гуфтаанд, дар як моҳи охир дар ин кишвар тақрибан 60 ҳазор кас аз бемории коронавирус ҷон бохт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 14-уми январ навишт.

Як узви пешини порлумони Афғонистонро дар хонааш паронданд

Ozodi.org 

Холид Задрон, сухангӯйи пулиси Толибон дар Кобул, рӯзи 15-уми январ гуфт, Набидзода ҳамроҳи муҳофизаш дар маҳаллаи Аҳмадшоҳ Бобо аз тарафи афроди мусаллаҳи ношинос ба қатл расид. Вай афзуд, бародари Набидзода захмӣ шуд.

Вахтанг Кикабидзе даргузашт

Ozodi.org 

Ҳунарманд, коргардон ва ходими иҷтимоӣ, Вахтанг Кикабидзе, дар 84-солагӣ дар Гурҷистон даргузашт. Дар ин бора рӯзи 15-уми январ шабакаи телевизионии Гурҷистон гузориш дод.

“Қарздорем, кор надорем.” Дар Душанбе гуфтанд, ки аз чӣ азоб мекашанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин шабу рӯз аз бекорӣ, сармо ва нархи гарони маҳсулот азият мекашанд. Навор дар охири ҳафтаи гузашта сабт шуд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *