Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2023

Новости за 20.03.2023

Ахбори Озодӣ аз 20-уми марти соли 2023

Ozodi.org 

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон оғоз ёфт; Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси оби Созмони Милал ба Амрико рафт; сафари раҳбари Чин ба Русия ва матолиби дигар.

Тоҷикони Узбекистон чӣ мушкил доранд?

Ozodi.org 

Оё таъсиси "Шурои адабиёти тоҷик" дар Иттиҳоди нависандагони Узбекистон метавонад, барои рушди фарҳангу адаби тоҷикон дар кишвари ҳамсоя мусоидат кунад?

Номаи Кабирӣ ба шоҳи Нидерланд дар бораи Раҳмон

Ozodi.org 

Раиси Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолиф, дар номае ба шоҳи Нидерланд Эмомалӣ Раҳмонро "шарики муҳими Путин" хонда, аз ӯ хостааст, "дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузорад" ва "ба таъқиби дигарандешон кумак накунад".



Вазири тоҷик аз муомилаи дурушти ронандагон интиқод кардааст

Ozodi.org 

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз тарзи муоширати ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Вазир дар ҷаласае, ки ҳафтаи гузашта баргузор шудааст, гуфтааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд пурзӯр гарданду дарсҳои 20-соата дар ҷамъиятҳо бо ронандагон беҳтару зиёдтар гузаронда шаванд. Ба навиштаи дафтари матбуотии Вазорат, вазир аз шеваи муоширати баъзе мусофирон ҳам интиқод кардааст. Ҷузъиёти бештари ҷаласа бо ҳузури роҳбарони ширкатҳои мусофиркашонӣ маълум нест. Рӯшан нест, ки... Читать дальше...

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми март барои иштирок дар Конфронси оби СММ ба Ню-Йорк сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёварони президент оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ ва кадрӣ, вазири энержӣ, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи муҳити зист ҳамроҳӣ мекунанд. Дафтари матбуоти Президент ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари оқои Раҳмон ба ИМА аз 20 то 24 март идома мекунад. Нишасти об... Читать дальше...

Як фармондеҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар Димишқ кушта шудааст

Ozodi.org 

Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия таъйид кард, ки як фармондеҳи гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин рӯзи якшанбеи 19-уми март дар атрофи шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва кушта шуд. Шохаи низомии гурӯҳи фаластии “Ҷиҳоди исломӣ” низ эълом кард, Алӣ Рамзии 31-сола аз фармондеҳони ин гурӯҳ дар дар атрофи Димишқ ҷон бохт. Хабаргузории "Франс-пресс" гузориш додааст, ниманизомиёни ин гурӯҳ, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, Исроилро ба куштани фармондеҳи худ муттаҳам кардаанд. Читать дальше...

Дар таътили Наврӯз чӣ кор мекунед?

Ozodi.org 

Имсол сокинони Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз 8 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Федератсияи иттифоқҳои касаба мегӯяд, ҳафтаи нави корӣ аз 27-уми март шурӯъ хоҳад шуд. Ҳамкори мо Нигораи Фазлиддин дар хиёбонҳои Душанбе аз шаҳрвандон пурсид, ки рӯзҳои истироҳатии худро чӣ гуна мегузаронанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *