Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2024

Новости за 01.03.2024

Ҷузъиёти марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор фарзандаш дар Душанбе

Ozodi.org 

Марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор кӯдакаш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе наздиконро дар мотам нишонд. Бахусус писари хонадонро, ки зинда мондааст. Мақомот гуфтанд, шаш нафар аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Баъзе аз ҳамсояҳо ва наздикон тафсилоти ҳодисаро нақл карданд.

Тафсилоти марги аъзои як хонавода дар Душанбе

Ozodi.org 

Марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор кӯдакаш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе наздиконро дар мотам нишонд. Бахусус писари хонадонро, ки зинда мондааст. Мақомот гуфтанд, шаш нафар аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Баъзе аз ҳамсояҳо ва наздикон тафсилоти ҳодисаро нақл карданд.

"Гуфтанд, номи туро ФСБ навишт." Ихроҷ аз Русия барои ришу мавъиза

Ozodi.org 

Мавридҳои аз Русия рондани муҳоҷирон барои дидани мавъизаи рӯҳониён ё пайравӣ аз ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ афзудааст. Муҳоҷирон мегӯянд, маъмурони амниятӣ бештар телефони коргаронро аз Осиёи Марказӣ тафтиш карда, дар он навори рӯҳониёнро меҷӯянд. Ҳамчунин мепурсанд, ки пайрави кадом мазҳаб ҳастанд.

Барои риши дароз муҳоҷиронро аз Русия меронанд

Ozodi.org 

Дар Русия мавридҳои рондани муҳоҷирони корӣ барои гӯш кардани мавъиази рӯҳониён ё паравӣ аз ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ афзудааст. Муҳоҷирон мегӯянд, маъмурони амниятӣ телефони коргарон аз Осиёи Марказиро тафтиш карда, навори рӯҳониёнро меҷӯянд.

Шиорҳои зидди ҷанг ва Путин ҳангоми видоъ бо Навалний

Ozodi.org 

​Маросими видоъ бо раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний дар шаҳри Маскав ҷараён дорад. Бо вуҷуди чораҳои бисёр сахти амниятӣ ва ҳузури зиёди нерӯҳои полис, ҳазорон нафар ба маросим рафтанд. Дар миёни онҳо хешовандону наздикон ва тарафдорону мухлисони Навалний ҳастанд.



Ҷойи низоми "Контакт"-ро дар Тоҷикистон чӣ мегирад?

Ozodi.org 

Баробари аз кор мондани низоми "Контакт", муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва гӯшаҳои дигар дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави пулфиристӣ ба пайвандон шудаанд. Бонки Миллӣ гуфт, Русия иҷозаномаи "Киви Бонк", молики системаи "Контакт"-ро бозпас гирифт ва интиқоли пул тариқи ин система ба Тоҷикистон номумкин гардид.

"Аз дуди ангишт дар сандалӣ фавтидаанд"

Ozodi.org 

Марги шаш узви як оила аз заҳри дуди ангишт дар пойтахти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба по кард ва баҳси бебарқиро дар кишвар доғтар намуд. Бисёриҳо дар сар задани ин фоҷеа масъулони соҳаи барқрасониро гунаҳкор карда, хоҳони муҷозоти онҳо шуданд.

Иброҳим Рустамов: "Википедия моли як кас нест"

Ozodi.org 

Чанде пеш дар Душанбе 20-солагии таъсиси Википедияи тоҷикиро ҷашн гирифтанд. Дар он олими тоҷик Иброҳим Рустамовро яке аз бунёдгузорон ва муҳаррири нахустини Википедияи тоҷикӣ номида, афсӯс хӯрданд, ки натавонист дар ҷашн ширкат кунад. Иброҳим Рустамов дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунад.

Иброҳим Рустамов: "Википедия донишнома аст, на зиндагинома"

Ozodi.org 

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе 20-солагии таъсиси Википедияи тоҷикиро ҷашн гирифтанд. Дар он олими тоҷик Иброҳим Рустамовро яке аз бунёдгузорон ва муҳаррири нахустини Википедияи тоҷикӣ номида, афсӯс хӯрданд, ки натавонист дар ҷашн ширкат кунад.

"Назди қабристон пур аз полис аст." Омодагӣ ба дафни Навалний

Ozodi.org 

Маросими видоъ бо сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний рӯзи якуми март дар ибодатгоҳи назди қабристони "Борисовское" дар Маскав ба нақша гирифта шудааст. Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, ки даромадгоҳи қабристон "аз маъмурони полис пур аст".

Боҷи давлатӣ афзуд; талоқ дар Тоҷикистон кам мешавад?

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон чанде пеш тарҳи ислоҳшудаи қонунро "Дар бораи боҷи давлатӣ" қабул кард. Тибқи он, боҷи давлатӣ барои беэътибор кардани ақди никоҳ афзудааст ва зан ё шавҳаре, ки талоқ мехоҳад, бояд ба давлат 500 сомонӣ супорад. Ҳадаф коҳиши талоқҳо гуфта шудааст. Оё мусоидат мекунад?

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро ба Саудӣ бохт

Ozodi.org 

Ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, ки дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, 2-юми март ба поён мерасад.

Беш аз сад нафар дар Ғазза ҳангоми гирифтани ғизо кушта шуданд

Ozodi.org 

Беш аз сад нафар дар Ғазза дар ҳоли гирифтани маводи хӯрокворӣ кушта шуданд. Вазорати тандурустии Ғазза, ки дар ихтиёри гурӯҳи "Ҳамос" аст, омори ҷонбохтагонро 112 нафар ва маҷрӯҳонро беш аз 760 нафар эълон кардааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *