Тоҷикистону Озарбойҷон 12 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Дар поёни музокироти президентони Тоҷикистону Озарбойҷон дар шаҳри Боку ва ҳайатҳои ҳукуматӣ, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба иттилои вебсайти президенти Тоҷикистон, дар баробари имзои ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории бархе сохторҳои давлатӣ, рӯзи 10 август дар Боку инчунин ин санадҳо имзо шуданд:
Созишнома байни КДАМ ва Хадамоти давлатии сарҳади Озарбойҷон оид ба таҳсили низомиёни қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар Академияи Хадамоти давлатии сарҳади Озарбойҷон; созишномаи ҳамкорӣ дар бахши байторӣ; Протокол оид ба пешкаши бурсия ё квотаи таҳсил; созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав; созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои иқтисод, созишномаи ҳамкории додситониҳои кулли ду кишвар ва дигарҳо.
Дар ин мулоқот инчунин имрӯз Ёддошти тафоҳум оид ба таҳвили кокси нафтӣ байни Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” ва Ширкати нафтии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон (SOCAR) ба имзо расид.
Президенти Тоҷикистон рӯзи 9 август вориди Боку шуд ва имрӯз дар қасри Загулбаи Озарбойҷон музокироти расмии Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев баргузор гардид. Дар ин музокирот масоили мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, мубориза бо хатарҳову таҳдидҳои муштарак, вазъи Афғонистон ва ҳам дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.
Сафари расмии мақомоти тоҷик ба Боку рӯзҳои 10-11 август идома мекунад.
Ба иттилои вебсайти президенти Тоҷикистон, дар сафар бо президент инчунин вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, прокурори генералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.
Бори охир президенти Тоҷикистон июли соли 2012 аз Боку дидан карда буд ва дар ҷараёни ин сафар, бино ба иттилои расмӣ, 10 санади ҳаморӣ бо Озарбойҷон ба имзо расид.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар равобити Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкориҳои иқтисодӣ авлавият доранд ва дар чаҳорчӯби ин додугирифтҳо бештар дар бахши фулузоти ранга, саноати кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва мухобирот сурат мегирад.
Мизони табодули молу колои миёни ду кишвар чандон баланд нест ва соли 2017 - 13 миллион долларро ташкил додааст.