Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2018

Новости за 28.08.2018

Трамп гуфт, Google дар бораи ӯ фақат хабарҳои манфӣ пешниҳод мекунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ширкати Google -ро ба ин муттаҳам кард, ки хадамоти ҷустуҷӯи маълумоташ дар бораи ӯ ҳадафмандона фақат хабарҳои танқидиро пешниҳод мекунад. Трамп аз маводи матбуотие ёдовар шуд, ки худаш  онҳоро "Fake News" унвон кардааст. Президент гуфт, Google садои муҳофизакоронро саркуб ва хабарҳои "мусбат"-ро пинҳон мекунад. Раҳбари Кохи сафед қавл дод, ки ин мавридҳоро, ҳамчун талоши ғулҳои интернетӣ барои таҳти назорат гирифтани хабарҳо, "таҳқиқ" мекунад. Моҳи октябри соли гузашта Трамп гуфт... Читать дальше...

Эрон барои таҳримҳо Амрикоро то додгоҳи байналмилалӣ бурд

Ozodi.org 

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки барқарор кардани таҳримҳои марбут ба барномаҳои ҳастаии Эрон қонунӣ буда, бо чораҳои амнияти миллӣ тавҷеҳ шудаанд ва Эрон наметавонад инро дар додгоҳи Олии Созмони Милали Муттҳаид ба чолиш бикашад.   Вакили Департаменти давлатии ИМА Ҷеннифер Нюстед рӯзи 28 август аз додгустарҳои Додгоҳи байналмиллӣ даъват кард, аризаи Эронро, ки лағви таҳримҳои ИМА- ро дархост намудааст, рад кунанд.  Таҳаввулот дар ҳоле оғоз шуд, ки Вашингтон аз созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ... Читать дальше...



Арабистони Саудӣ ҷангро бо Эрон аз эҳтимол дур намедонад

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ ҷангро бо Эрон аз эҳтимол дур намедонад, агар Теҳрон таҳдидҳояшро барои бастани гулугоҳи Ҳурмуз ва роҳ ба сӯи Халиҷи Форс амалӣ кунад,- изҳор дошт вазири энержии Саудӣ Ироҳим ал-Муҳанна рӯзи 28 август дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters. Ин мақомдори Саудӣ изҳори умед кард, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба амалиёти низомӣ алайҳи Эрон иҷозат диҳад. Иброҳим ал-Муҳанна аз таҳримҳои пурраи тиҷоратӣ бар зидди Теҳрон пуштибонӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои феълӣ наметавонад... Читать дальше...

Арабистони Саудӣ ҷанг бо Эронро аз эҳтимол дур намедонад

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ ҷанг бо Эронро аз эҳтимол дур намедонад. Ироҳим ал-Муҳанна, вазири энержии Саудӣ, рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт, "агар Теҳрон таҳдидҳояшро барои бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз ва роҳ ба сӯи Халиҷи Форс амалӣ кунад".  Ин мақомдори Саудӣ изҳори умед кард, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба амалиёти низомӣ алайҳи Эрон иҷозат диҳад. Иброҳим ал-Муҳанна аз таҳримҳои пурраи тиҷоратӣ бар зидди Теҳрон пуштибонӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои феълӣ наметавонад... Читать дальше...

Махлуқи ниқобпӯш хоби сокинони як маҳаллаи Фархорро парронд

Ozodi.org 

Вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш дар маҳаллаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор (дар наздикии сарҳади Афғонистон), ки ба нақли сокинон "шиками бузург" дорад, мардумро сахт нигарон кардааст. Онҳо гуфтанд, ки марди ниқобпӯш шабона ба хонаҳо даромада, аммо ба молу ҷиҳоз даст намерасонад.

Ахбори Озодӣ аз 28-уми августи соли 2018

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд, навбат барои симкорт дар Душанбе, даъвати кор дар агентии мубориза бо фасод, нигаронии сокинони ноҳияи Фархор аз зиёратҳои шабонаи меҳмони нохонда ва истироҳати Президенти Русия дар ҷангалҳои минтақаи Тува.

Махлуқи ниқобпӯш хоби сокинони Фархорро низ парронд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш дар маҳаллаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор (дар наздикии сарҳади Афғонистон), ки ба нақли сокинон “шиками бузург” дорад, мардумро сахт нигарон кардааст. Онҳо гуфтанд, ки марди ниқобпӯш шабона ба хонаҳо даромада, аммо ба молу ҷиҳоз даст намерасонад.

Ду қурбонии ҳамлаи афғонҳо дар Фархор ба хок супурда шуданд

Ozodi.org 

Бар пояи маълумоти расмӣ, ду сокини ноҳияи Фархор, ки баъд аз зӯҳри 26-уми август аз тири гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ дар наздикии марз ҷон бохтанд, ба хок супурда шуданд. Дар маросими дафни Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки рӯз душанбеи 27-уми август баргузор шуд, мақомоти маҳаллӣ ва интизомии ноҳия Фархор иштирок доштанд. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар минтақаи марзии "Ҳамадонӣ"... Читать дальше...

СММ: генералҳои Мянмар бояд барои наслкушӣ ҷавоб гӯянд

Ozodi.org 

Раҳбарияти артиши Мянмар бояд бо иттиҳоми наслкушӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад - чунин аст хулосаи гузориши коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, ки далелҳои таъқиби мусалмонҳои Роҳинҷа аз тарафи низомиёни Мянмарро таҳқиқ карданд. Фишурдаи ин гузоришро нашрияи The New York Times рӯзи 27 август нашр кард. Ба гуфтаи коршиносони СММ,  ки беш аз як сол вазъи Мянмар ва маъракаи мақомот бар зидди мусалмонони Роҳинҷаро омӯхтаанд, далелҳо ба ин далолат мекунанд, ки таъқибҳо хусусияти наслкушиӣ доранд. Дар... Читать дальше...

Русия имсол ба мактабҳои Тоҷикистон 55 омӯзгор мефиристад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Русия имсол барои кор дар мактабҳои Тоҷикистон 55 омӯзгор мефиристад. Инҳо омӯзгорони фанҳои мухталиф – забон ва адабиёти русӣ, физика, кимиё ва фанҳои дигар мебошанд, ки қарор аст дар Душанбеву Ҳисор ва Кӯлоб дарс диҳанд. Омӯзгорон субҳи 29-уми август ба Душанбе хоҳанд омад.​

Қирғизистон аз кишварҳои поёноб ҷуброни обро талаб мекунад

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар саммити ахири Бунёди байналмилалии ҳифзи баҳри Арал (IFSAS) масъалаи маҳдудияти тақсими об дар Осиёи Марказӣ ва ҷадвали саҳмгузории кишварҳои минтақа ба бунёди Аралро матраҳ кард. Ҷеенбеков бо интиқод аз фаъолияти IFSAS пешниҳод кард, ки бунёд ва сохторҳои он бо назардошти манофеи кишварҳои болооб навсозӣ шаванд. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ эътироф карданд, ки мушкили баҳри Арал хеле ҷиддӣ аст ва бояд бо назардошти манофеи ҳамаи кишварҳо амал кунанд. Читать дальше...

Садри аъзами Олмон эътирозҳои хиёбониро дар Ҳемнитс маҳкум кард

Ozodi.org 

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел эътирозҳои хиёбонии нерӯҳои ростгаро дар шаҳри Ҳемнитсро, ки рӯзи 27-уми август ҷараён гирифт, шадидан маҳкум кард. Меркел дар изҳороте гуфт, "ингуна амалҳо набояд дар Олмон ҷой пайдо кунанд". Сабаби эътироз куштори як марди маҳаллӣ буд, ки дар он аз паноҳандагони Сурия ва Эрон гумонбар шудаанд. Чанд ҳазор нафар ба нишони эътироз алайҳи ин ҳодиса ба кӯчаҳо рехтанд. Баъзеи онҳо барои берун кардани хориҷиҳо аз Олмон шиор медоданд ва дастони худро бо шеваи дар ин кишвар мамнӯи "фашистӣ" боло мебардоштанд. Читать дальше...

Дастур ба маҳсгарони тоҷик: "Баъди соати 10 дарҳоро бандед"

Ozodi.org 

Мақомот ба нуқтаҳои маҳси бадан дар Душанбе дастур додаанд, ки баъди соати 22 дарҳои худро банданд. Инчунин, бар асоси дастури мақомот, маҳсгарон набояд ба муштариён “маҳсҳои ғайриахлоқӣ” пешниҳод кунанд.

Русия бузургтарин тамрини ҳарбии даҳсолаҳои ахирро баргузор мекунад

Ozodi.org 

Вазири дифои Русия Серегей Шойгу гуфт, моҳи оянда кишвараш бузургтарин тамрини ҳарбиро баргузор мекунад, ки дар чаҳор даҳсолаи ахир намуна надоштааст.  Шойгу рӯзи 28-уми август гуфт, тамрин бо номи "Восток-2018" дар ҳавзаи марказӣ ва шарқии Русия баргузор мешавад ва ба он 300 ҳазор нерӯ, беш аз ҳазор ҳавопаймо, нерӯҳои баҳрӣ ва воҳидҳои ҳавоӣ ҷалб хоҳанд шуд. "Ин бузургтарин тамрини ҳарбӣ аз соли 1981 баст", - гуфт хабаргузории "Интерфакс" аз қавли Сергей Шойгу.  Моҳи сентябри соли гузашта... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *