Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2018

Новости за 10.08.2018

Вокс-поп аз Тоҷикистон: Эрониҳо озодии бештар мехоҳанд

Ozodi.org 

Ҳафтаи ҷорӣ дар бисёр шаҳру манотиқи Эрон эътирозҳои сартосарӣ сар зад: мардум дар баробари норизоиятҳои иқтисодӣ ва сангинтар шудани шароити зиндагӣ, шиорҳои сиёсӣ ба забон оварданд. Дар Тоҷикистон аз таҳаввулоти ахир дар ҷомеаи Ҷумҳурии исломӣ пайгирӣ мекунанд ва назари чанд нафарро дар ин бора тамошо кунед

Баҳси роҳиби амрикоӣ ба таруфаи фулузоти Туркия зарба зад

Ozodi.org 

Дар пасманзари баҳсҳои дипломатӣ бар сари боздошти роҳиби амрикоӣ аз тарафи Анкара, раиси ҷумҳури ИМА Доналд Тамп гуфт, ки барои ду баробар афзун кардани таруфаи содироти фулод ва аллюминий аз Туркия дастур додааст. Трамп дар пайғомаш, ки рӯзи 10 август дар твиттер нашр шуд, ба коҳиши шадиди пули милии ин кишвари узви НАТО дар муқобили "доллари нерӯманд"-и амрикоӣ ишора кард. "Акнун аллюминий 20 дар сад ва фулод 50 дар сад хоҳад буд. Муносибати мо бо Туркия дар ин марҳила хуб нест!"- навишт Трамп. Читать дальше...

Раиси додгоҳи Айнӣ пас аз боздошт дар куҷост -- "кома" ё СИЗО?

Ozodi.org 

Раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ -- баландпоятарин мансабдорест, ки имсол масъулони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани ришва боздошт кардаанд.

Трамп барои таҳқиқи ҳамлаи террористӣ ба Тоҷикистон изҳори сипос кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп дар нахустин вокунишаш ба  ҳамлаи маргбор ба ҷаҳонгардони хориҷӣ,  ин ҳодисаро "як ҳамлаи террористии бемантиқ" унвон кард. Ӯ дар паёмаш ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки матни он рӯзи 10 август дар сомонаи раиси ҷумҳури нашр шуд, дар робита бо шеваи таҳқиқи ҳамлаи маргбори рӯзи 29 июл ба мақомоти тоҷик изҳори сипос кардааст.  Трап гуфтааст, "ман вокуниши фаврии ҳукуматро ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам. Ин ҳодиса... Читать дальше...

Рустами Эмомалӣ аз додситонӣ хост, ки "Манзили дастрас"-ро тафтиш кунад

Ozodi.org 

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз додситонӣ тақозо кардааст, то амалкарди масъулини сохтмони "Манзили дастрас"-ро тафтиш кунанд.  Дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе рӯзи 10-уми август бо нашри як иттилоия гуфт, таҳлили фаъолияти сохтмони "Манзили дастрас" дар кори масъулинаш камбудӣ ошкор кардааст. Ба қавли шаҳрдорӣ, роҳбарони ин лоиҳа аз муштариён маблағҳоро гирифта, онро ба хазинаи корхона ворид накардаанд. Аммо масъулини шаҳрдории Душанбе нагуфтаанд, ки масъулини сохтмони "Манзили дастрас" чӣ миқдор маблағро аз муштариён гирифта... Читать дальше...

Нома ба Путин: "Қотили бародарамро пайдо кунед". ВИДЕО

Ozodi.org 

Як хонавода дар ҷануби Тоҷикистон аз Владимир Путин, президенти Русия тақозо кардааст, ки дар таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи қатли бародари соҳибкорашон дар шаҳри Магнитогорск ва ҳам се сокини дигари водии, Вахш мусоидат кунад.



Волидони амрикоиҳои кушташуда гуфтанд, марги фарзандонро "ҳамлаи террористӣ" арзёбӣ мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки волидони ду ҷаҳонгарди амрикоии кушташуда дар як ҳамлаи маргбор дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, ин фоҷеаро кори дасти "террористон" меноманд ва ба ҳеҷ сурат "аз мардуми тоҷик домангир нестанд".

Нома ба Путин: қотилони бародарамонро пайдо кунед

Ozodi.org 

Як хонавода дар ҷануби Тоҷикистон аз Владимир Путин, президенти Русия тақозо кардааст, ки дар таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи қатли оила бародари соҳибкорашон дар шаҳри Магнитогорск ва ҳам се сокини дигари водии Вахш мусоидат кунад.

Нерӯҳои Афғонистон ва ИМА Толибонро аз Ғазнӣ берун карданд

Ozodi.org 

Садҳо ҷангии Толибон ҳамлаи густардаеро дар маркази маъмурии вилояти Ғазнӣ оғоз карда, дастикам 14 сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистонро қурбон карданд. Толибон дар ҳоле ақиб нишастанд, ки нерӯҳои Афғонистон ва ҳавопаймоҳои ИМА онҳоро ҳадаф қарор доданд. Дар ин бора мақомоти низомии Афғонистон ва Амрико хабар доданд. Дар ҳамлаи рӯзи 10 август ба Ғазнӣ, 150 километрии ҷанубу шарқи Кобул, дастикам 20 сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистон захм бардошт, -гуфт маъмури бемористони Ғазнӣ Боз Муҳаммад Ҳимат. Читать дальше...

Коршикании сарнишинҳои Ryanair ба 55 ҳазор мусофир таъсир мерасонад

Ozodi.org 

Сарнишинҳои ширкати  Ryanair-и  Ирландия рӯзи панҷшанбе дар панҷ кишвари аврупоӣ коршикани эълон карданд. Ин бузургтарин коршинканӣ дар таърихи  Ryanair аст, ки 30 сол боз дар бозори парвозҳо фаъолият дорад ва ба 1600 масир мусофир мебарад.  Дар Олмон Шведсия, Ирландия, Белгия ва Нидерландия ҳудуди 400 ё ҳар шашумин парвоз лағв шуд. Ба сурати умум аз коршинакӣ дастикам 55 ҳазор мусофир, 42 ҳазор онҳо дар Олмлон, зарар мебинад. Дар ин бора радиои "Мавҷи Олмон" рӯзи 10 август хабар дод. Раҳбари Иттифоқи касабаи пилотҳо Мартин Лохер гуфт... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 10-уми августи соли 2018

Ozodi.org 

Модар барои ҷинояти писарон посух дод, додгоҳ нахустин шикоят аз озори лафзиро баррасӣ мекунад, муроҷиати як хонводаи хатлонӣ ба Путин, намозгузории имом зимни заминларзаи шаддид ва вазъи Боғи ҷонварони Душанбе

Ҳамлаи густурдаи Толибон ба шаҳри Ғазнӣ

Ozodi.org 

Низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Ғазнӣ алайҳи Толибон аз нерӯи ҳавоӣ истифода кардаанд. Шаҳри Ғазнӣ -- маркази вилояти Ғазнӣ дар маркази Афғонистон шаби гузашта мавриди ҳамлаи густурдаи Толибон қарор гирифт.

Волидони амрикоҳои кушташуда: "Медонем, кори дасти террористон аст"

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки волидони ду ҷаҳонгарди амрикоии кушташуда дар як ҳамлаи маргбор дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, ин фоҷеаро кори дасти "террористон" меноманд ва ба ҳеҷ сурат "аз мардуми тоҷик домангир нестанд".

Волидони амрикоҳои кушташуда: "Медонем, кори дасти террористон аст". ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки волидони ду ҷаҳонгарди амрикоии кушташуда дар як ҳамлаи маргбор дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, ин фоҷеаро кори дасти "террористон" меноманд ва ба ҳеҷ сурат "аз мардуми тоҷик домангир нестанд".

Намоз ҳангоми заминларзаи ҳаробиовар қатъ нашуд

Ozodi.org 

Рӯзи якшанбеи 5-уми август вақте ки зилзилаи баробар бо 7 дараҷаи ченаки Рихтер Индонезияро такон дод, мусулмонон дар масҷиди Денпасари ҷазираи Боли намоз мегузоштанд. Дар наворе, ки дурбинҳои масҷид сабт намудаанд, шайх Арафот Абдуғанӣ Муҳаммад намозро қатъ намекунад.

Коргардон ва актёри рус Дмитрий Брусникин даргузашт

Ozodi.org 

Коргардон ва актёри рус Дмитрий Брусникин дар синни 60-солагӣ даргузашт. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Дождь" рӯзи 9 август хабар дод.  Брусникин унвони ҳунарманди хизматнишондодаи Русияро дошт. Ӯ хатмкардаи мактаб-студияи Театри Академии бадеии Маскав буд ва дар ҳамон мактаб ба ҳайси муаллим фаъолият мекард. Соли 2009 ӯ ба унвони "Арбоби ифтихории санъати Федератсия Русия" мушарраф шуд. Соли 2015 шогирдони ҳунарманд аз "Коргоҳи Дмитрий Брусникин" ба шакли пурра ба театри драмавии Маскав пазируфта шуданд. Читать дальше...

Тоҷикистону Озарбойҷон 12 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Ozodi.org 

Дар поёни музокироти президентони Тоҷикистону Озарбойҷон дар шаҳри Боку ва  ҳайатҳои ҳукуматӣ, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба иттилои вебсайти президенти Тоҷикистон, дар баробари имзои ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории бархе сохторҳои давлатӣ, рӯзи 10 август дар Боку инчунин ин санадҳо имзо шуданд: Созишнома байни КДАМ ва Хадамоти давлатии сарҳади Озарбойҷон оид ба таҳсили низомиёни қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар  Академияи Хадамоти давлатии сарҳади Озарбойҷон; созишномаи ҳамкорӣ дар... Читать дальше...

Медеведев: таҳримҳои нави ИМА эълони ҷанги иқтсодӣ аст

Ozodi.org 

Таҳримҳои нави Вашингтон бар зидди Русия ҳамчун эълони ҷанги иқтисодӣ арзёбӣ мешавад,- гуфтааст нахуствазири Русия Дмитрий Медведев. Хабаргузории ТАСС гуфт, ки нахуствазир ин изҳоротро рӯзи 10 август ҳангоми боздидаш аз мамнуъгоҳи давлатии воқеъ дар Кронотский пахш кард. "Агар ба думбол иқдоме мисли манъи фаъолияти бонкҳо ва истифодаи ин ё он арзи хориҷӣ пиёда шавад - ин мустақиман эълони ҷанги иқтисодӣ аст ва ба он бояд аз зовияи сиёсӣ, иқтисодӣ ва агар заруршавад, бо чораҳои дигар вокуниш кард",- гуфт нахуствазири Русия. Читать дальше...

TUT.BY истифодаи ғайриқонунии обунаи БелТА-ро эътироф кард

Ozodi.org 

Сармуҳаррири сомонаи белорусии TUT.BY Марина Золотова эътироф кард, ки рӯзноманигорони ӯ аз обунаи пулакии хабаргузории расмии БелТА ғайриқонунӣ истифода мекарданд. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Белорусия рӯзи гузашта хабар дод.   Муфаттишон ҳамчунин тасмим гирифтанд, шахсони дигарро, ки дар доираи парвандаи БелТА боздошт шуда буданд, озод кунанд. TUT.BY хабар дод, ки сармуҳаррирон аз бинои Кумитаи тафтишотӣ берун мешаванд. Хабаргузории БелаПАН шаби 9 август хабар дод, ки сармуҳаррири ин пойгоҳ... Читать дальше...

Модари ду муттаҳам бо ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ аз вазифааш барканор шуд

Ozodi.org 

Модари ду муттаҳам бо ҳамла ба саёҳони хориҷӣ аз вазифа озод шуд. Омӯзгоре, ки даҳсолаҳо дар мактаби миёнаи шаҳри Норак дарс мегуфт, баъди амали терористии 29-уми июл аз ҳаққи таълим додан дар ин муассиса маҳрум шуд.

Модари ду ҳамлавар ба сайёҳони ғарбӣ аз мақом барканор шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наботбегим Юсуфова, муовини мудири мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и шаҳри Норак, ки ду писараш дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Себистони Данғара иштирок доштанд, аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Норак хабар доданд.

Модари ду ҳамлавар ба сайёҳони ғарбӣ аз мақом барканор шуд

Ozodi.org 

Наботбегим Юсуфова, муовини мудири мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и шаҳри Норак, ки ду писараш дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Себистони Данғара иштирок доштанд, аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Норак хабар доданд.

Фаъолияти бузургтарин фурудгоҳи Туркия - "Отатурк" қатъ мешавад

Ozodi.org 

Аз 31 октябри соли равон фурудгоҳи "Отатурк"-и шаҳри Истамбули Туркия қабули мусофиронро қатъ мекунад ва ҳамон рӯз фурудгоҳи нав ба кор медарояд. Масоҳати фурудгоҳи нав 76,5 миллион ва саҳни терминал ҳудуди 1,6 миллион метри мураббаъ аст. Мақомоти Туркия ҳоло номи онро эълон накарданд. Фурудгоҳи "Отатурк" аз 31 октябр танҳо ҳавопаймоҳои хидматӣ, хусусӣ ва боркашро қабул мекунад ва фаъолияти он дар оянда комилан қатъ мешавад.  Тасмими бунёди фурудгоҳи нав ва қатъи фаъолияти "Отатурк" дар ҳоле гирифта шуд... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *