Даҳҳо кушта аз ҳамлаи ҷангҷӯён ба идораи давлатӣ дар Афғонистон
Дар натиҷаи як ҳамла ба бинои ҳукуматӣ дар шарқи шаҳри Кобул, ки рӯзи 24-уми декабр рух дод, дастикам 43 нафар кушта шуд. Ба гуфтаи Вазорати тандурустии Афғонистон дар ҳамла 25 нафар захм бардошт.
Дар биное, ки ба он ҳамла шуд, Вазорати кори Афғонистон ва чанд идораи давлатӣ ҷойгир аст. Ҷангҷӯён дар ҳоле ба бино ҳамла карданд, ки қабл аз он як интиҳорӣ худро дар даромадгоҳ тарконд кард ва мардум рӯ ба фирор оварданд.
Ба гуфтаи ноиби сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Нусрат Раҳимӣ, баъди даргирии ҳаштсоата бо ҷангҷӯён 350 нафар, ки дар бино буд, наҷот ёфтанд. Се ҳамлагар аз тири нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Намояндаи Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, чанд асири дигар дар дасти гаравгирон боқӣ монда, амалиёти озодсозии онҳо идома дорад.
Масъулияти ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 24-уми декабр 22-юмин ҳодисаи хунини Кобул аз моҳи январи имсол ба ин сӯ аст. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 500 кас ҷон дода, зиёда аз ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.
Намояндаи Амрико 20-уми декабр тасмими президент Доналд Трампро барои ихроҷи 5 ҳазор низомии амрикоӣ аз Афғонистон расман эълон кард. Ин хабар пас аз он нашр шуд, ки Трамп гуфт, ду ҳазор низомии кишвараш Сурияро тарк мекунанд.