Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Декабрь
2018

Новости за 19.12.2018

Reuters: Амрико нерӯҳояшро аз Сурия берун мебарад

Ozodi.org 

Хабаргузории Reuters рӯзи 19 декабр бо такя ба манбаҳояш дар ҳукумати Арико гуфт, ки ИМА эҳтимол тамоми нерӯҳояшро аз Сурия берун мекунад. Ҳамзамон президенти ИМА Доналд Трамп дар твиттер навишт, ки "шикасти ДИИШ ягона сабаби ҳузури мо дар Сурия буд". Ба гуфтаи Reuters, қарори берун шудан аз Сурия дар ҳоле матраҳ шуд, ки гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" қариб тамом қаламравҳои таҳти назораташро аз даст дод. Аз сӯи дигар вазири дифои ИМА Ҷеймс Маттис дар гузашта борҳо гуфта буд, ки ҳузури тӯлонитари нерӯҳо дар Сурияро пешбинӣ мекунад. Читать дальше...

Тазоҳуроти ҳазорон нафар ба зидди "қонуни ғуломӣ" дар Маҷористон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанд шаб аст, ки ҳазорон нафар дар шаҳри Будапешт раҳпаймоӣ мекунанд. Онҳо аз амалкардҳои ҳукумат хашмгин ҳастанд ва мегӯянд, ки ҳуқуқи коргарон, озодии матбуот ва истиқлоли додгоҳӣ дар Маҷористон зери хатар аст.

Дар чиллаи зимистон дар Данғара гули бодом шукуфт

Ozodi.org 

Зимистони имсол ҳавои Тоҷикистон, ба вижа ҳавои вилояти Хатлон, аз меъёр баландтар аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон шоҳиди он шуданд, ки 18-уми декабр дар ноҳияи Данғара гули бодом шукуфта буд.

Сорбон Саломовро ба "Кӯктош" бурданд

Ozodi.org 

Додгоҳи минтақаи Кулоб амр дод, як ҷавони 31-солаи тоҷикро, ки баҳори имсол духтари 3-сола ва як зани 53-соларо бо зарби бел кушт, дар шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ муолиҷа кунанд.

Боздошти якчанд сиёсатмадори Литва бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи Русия

Ozodi.org 

Якчанд сиёсатмадори оппозитсиюнии Литва бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи Русия боздошт шуданд. Дар ин бора сомонаи Delfi.lt бо такя ба додситони кулли Литва Эвалдас Пашилис хабар дод.  Теъдоди мушаххаси онҳое, ки барои ҳамкорӣ бо Русия боздошт шуданд дақиқ нест. Танҳо маълум аст, ки яке аз онҳо раиси пешини ҳизби русиягарои "Фронти халқии Сотсиалистӣ" Алгирдас Палетскис аст. Ба гуфтаи додситон, гумонбарҳо муддати тӯлонӣ супоришҳои истихбороти Русияро иҷро мекарданд. Аз ҷумла, дар бораи вазъи сиёсии Литва гузориш медоданд. Читать дальше...



Мушаррафа Қосимова -- "модари театри тоҷик" 100-сола шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мушаррафа Қосимова, ба гуфтаи соҳибназарон "модари театри тоҷик", рӯзи 19-уми декабр садсола шуд. Ба бовари санъатшиносон, хонум Қосимова тавонистааст бо иҷрои нақшҳои зиёде дар театр ва синамо то ба имрӯз ҳунари хонаводагии Қосимовҳоро ба мардуми тоҷик бирасонад.

Мушаррафа Қосимова --"модари театри тоҷик" 100-сола шуд

Ozodi.org 

Мушаррафа Қосимова, ба гуфтаи соҳибназарон "модари театри тоҷик", рӯзи 19-уми декабр садсола шуд. Ба бовари санъатшиносон, хонум Қосимова тавонистааст бо иҷрои нақшҳои зиёде дар театр ва синамо то ба имрӯз ҳунари хонаводагии Қосимовҳоро ба мардуми тоҷик бирасонад.

Ахбори Озодӣ аз 19-уми декабри соли 2018

Ozodi.org 

Ашёи фармондеҳи собиқ аз қаъри рӯди Вахш ёфт шуд, вале аз Саъдӣ Холмуродов то ҳол дараке нест, арӯсӣ баъди иҷозати равоншинос, мухолифат ба "қонуни ғуломӣ" дар Маҷористон ва чаро русҳо намехоҳанд, фарзандонашон бо атфоли муҳоҷирон ҳамсинф бошанд?

"Муҳоҷирон ба Русия биёянд, аммо аз Тоҷикистону Узбекистон камтар". ВИДЕО

Ozodi.org 

Як назарсанҷии саросарӣ нишон додааст, ки муносибати мардуми Русия ба муҳоҷирон дар 5 соли гузашта андаке беҳтар шудааст, вале айни замон 15 дар сади онҳо намехостаанд, тоҷиконро ба кишварашон роҳ диҳанд.

Даниэл, Мадина, Қадами Қурбон... Шоубизнеси тоҷик дар соли 2018. ВИДЕО

Ozodi.org 

Соли 2018 аксар таронаҳои наву тозаи ситораҳои тоҷик на аз саҳнаҳои баланди ҳунарӣ, балки бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоиву интернет ваё озмуну ҷашнвораҳо дар хориҷи кишвар муаррифӣ шуд.

Як ҷавони узбекистонӣ ҷараёни хушкушиашро дар интернет намоиш дод

Ozodi.org 

Ҷасади хонандаи 14-солаи узбекистониро роҳгузарон дар назди манзили зисташ дар шарқи шаҳри Москва пайдо карданд. Дар паҳлуи ин навҷавон телефони мобилаш афтода буд. Вай лаҳзаи худкушиашро бо сарзер шудан аз ошёнаи 16 ба воситаи пахши мустақим ба корбарони интернет нишон дод. Расонаҳои Русия менависанд, ки ин ҷавон дар хонаводаи комил ба сар мебурд. Падару модараш зодагони Узбекистон ҳастанд. Ба иттилои коргарони хадамоти иҷтимоӣ, волидони ҷавон гоҳҳо дар Узбекистон ва гоҳе дар Русия зиндагӣ мекарданд. Читать дальше...

ИМА ба Туркия харидории "Патриот"-ро пешниҳод кард

Ozodi.org 

Департаменти давлатии ИМА  ба Туркия харидории маҷмааи мушакии "Патриот"-ро пешниҳод кард. Арзиши ин муомилот 3,5 миллиард доллар аст. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА хабар додааст. Анкара аз Амрико харидории чаҳор маҷмааи мушакӣ бо 20 дастгоҳи партобкунанда ва 80 шабакаи зиддимушакиро дархост карда буд. Пешниҳоди фурӯши "патриот" ба Туркия дар ҳоле матраҳ шуд, ки соли гузашта Анкара бо Маскав барои харидани маҷмааи мушакии С-400 шартнома имзо кард.  Туркия узви НАТО буда, намояндагони ИМА ва НАТО борҳо Туркияро огоҳ карданд... Читать дальше...

Тоҷикистон дар овоздиҳӣ оид ба масъалаи низомӣ кардани Қрим ширкат накард

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар овоздиҳӣ барои қабули қатъномаи СММ оид ба ҳузури низомии Русия дар Қриму баҳрҳои Сиёҳ ва Азов  иштирок накард. Овоздиҳие, ки шоми 18 декабр дар Маҷмаи кулли СММ баргузор шуд, бо пешниҳоди Украина сурат гирифт.  Қатъномае, ки аз ҷониби Киев пешниҳод шуд, “ҳузури низомиёни рус дар Қримро хилоф бо меъёрҳои истиқлолияти миллӣ, сиёсӣ ва тамомияти арзии Украина арзёбӣ мекунад” ва ин ҳолатро “таҳдид ба амнияти ин кишвар ва ҳам давлатҳои дигар дар минтақа медонад”. Дар қатънома дар робита бо “низомисозии Қрим аз ҷониби Русия... Читать дальше...

Украина зодрӯзи Бандераро ҷашни расмӣ эълон кард

Ozodi.org 

Зодрӯзи Степан Бандера, идеолог ва раҳбари ҷумбиши миллатчиҳои Украина, ҷашни расмӣ эълон шуд ва соли оянда украиниҳо 110 солагии ӯро дар сатҳи давлатӣ таҷлил хоҳад кард. Ин нукта дар муқаррароти ҷашнҳои расмӣ зикр шудааст, ки порлумони Украина рӯзи чоршанбе нашр кард. 232 намояндаи мардумӣ аз 333 қонунгузори ҳозир дар толори ҷаласа ба тарафдории ин санад овоз доданд. Степан Бандера - яке аз арбобҳои сиёсӣ,  идеолог ва теоретики ҷумбишҳои миллатхоҳии асри XX-и Украина аст. Ӯ соли 1959 аз тарафи... Читать дальше...

Теъдоди пушаймонҳои суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба авҷ расид

Ozodi.org 

Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ афсус мехуранд, дар даҳсолаҳои ахир ба авҷ расид ва 66 дар садро ташкил дод. Чунин аст натиҷаи назарсанҷии "Левада-Центр"- маркази омӯзиши афкори умум. Як соле пеш  ин рақам 58 дар сад буд. Афвҷи афсусҳо аз суқути Шӯравӣ соли 2000 мушоҳида шуд ва он замон 75 дар сади пурсидашудаҳо изҳори пушаймонӣ карданд. Ба гуфтаи ҷомеашиносон, бахши умдаи одамоне, ки аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ афсус мехуранд, 55 сол доранд. Аммо солҳои ахир теъдоди дилтангҳои Шӯравӣ дар байни ҷавонон ҳам афзоиш ёфт. Читать дальше...

Зане, ки мехост худкушӣ кунад, ба оташ задани толори ҳукумат муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Нозима Эргашева, зане, ки рӯзи 14 декабр дар қабулгоҳи ҳукумати ноҳияи Қибрайи Узбекистон қасди худсӯзӣ кард, иддаои мақомотро ки гӯё ӯ мехост “минбарро оташ занад”, рад кард. Эргашеваи 29-сола гуфт, аз пеш нақша кашида буд, ки агар мақомот ба ҳарфаш гӯш надиданд, худро дар назди бинои ҳукумат оташ мезанад.  Эргашева иқрор мекунад, ки дар ҳақиқат, аз пули газ 7 миллиону 200 ҳазор сӯм (ҳудуди 870 доллар) қарздор аст. Он рӯз ӯ барои дархости кумаки моддӣ ба ҳукумати ноҳия рафта буд. "Маро муовини раиси ноҳия қабул кард. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *