Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Декабрь
2018

Новости за 25.12.2018

Чанд пешниҳоди мардум ба президент пеш аз паёми солона. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе аз сокинон гуфтанд, ки мехоҳанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолаи худ ба порлумон бештар ба масъалаи кишоварзӣ, ҳимоят аз муҳоҷирон, кам кардани андоз, наҷоти синфи миёна, озодии бештар ба расонаҳо ва кумак ба матбуоти даврӣ тамаркуз кунад.

Сокинон аз паёми раиси ҷумҳур чӣ интизорӣ доранд?

Ozodi.org 

Бархе аз сокинон гуфтанд, ки мехоҳанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолаи худ ба порлумон бештар ба масъалаи кишоварзӣ, ҳимоят аз муҳоҷирон, сабукӣ ба соҳибкорон, кам кардани андоз, наҷоти синфи миёна, озодии бештар ба расонаҳо ва кумак ба матбуоти даврӣ тамаркуз кунад.

Саида Рустамова: "Барои ҳақиқат бояд талош кард"

Ozodi.org 

"Ҳақ ба ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард". Ин паёми як устоди рақс аз Тоҷикистон аст, ки соле пеш барои гӯш надодан ба паёми солонаи президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд.

2018 – Соли "Диссернет" ва кашфи даҳҳо рисолаҳои дуздӣ. САДО

Ozodi.org 

Соли 2018 барои ҷомеаи илмии Тоҷикистон соли хиҷолатоваре буд, ки парда аз рӯи даҳҳо рисолаҳои "дуздӣ" бардошт ва як воқеиятро кашф кард, ки дар Тоҷикистон ҳар кас метавонистааст олим шавад, агар барои ин ҳавсала ва, албатта, пул дошта бошад.

Ахбори Озодӣ аз 25-уми декабри соли 2018

Ozodi.org 

Сарнавишти норӯшани 345 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ва беш аз 200 ҳазор нафари аз он кишвар ихроҷшуда дар Тоҷикистон, мактаб барои атфоли муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва назари вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи таҷлили Соли нав.



Нафаре, ки ҷойгузини Хоманеӣ номбар мешуд, даргузашт

Ozodi.org 

Рӯҳонии саршиноси Эрон ва раиси пешини Вазорати адлия Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошими Шаҳрудӣ баъди бемории тӯлонӣ дар Теҳрон даргузашт. Дар ин бора телевизиони давлатии Эрон рӯзи 24 декабр хабар дод.  Шаҳрудии 70 сола моҳи январ дар Олмон табобат мегирифт ва дар ҳоле ба Теҳрон баргашт, ки фаъолон аз додситонии Олмон тафтиши қарорҳои эъдомро, ки Шаҳрубӣ қабул карда буд, дархост карданд. Фаъолон нақши ӯро дар қарорҳои эъдом ҷиноят алайҳи башарият унвон мекунанд.  Ӯ шахси наздик ба Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ... Читать дальше...

Теъдоди қурбониҳои сунами дар Индонезия ба 429 нафар расид

Ozodi.org 

Теъдоди қурбониҳои сунамӣ дар гулӯгоҳи Зонда афзоиш ёфта, мақомоти маҳаллӣ рӯзи 25-уми декабр марги 429 нафарро тасдиқ карданд. Як ҳазору чорсад нафар захмӣ буда, 128 нафар нопадид шудааст.  Офати табии шаби якшанбе дар тангнои Зонда, ки ҷазираҳои Ява ва Суматраро аз ҳам ҷудо мекунад, ба вуқуъ пайваст. Зилзиласанҷҳо мегӯянд, ки мавҷҳои бузургро оташфишонии вулқони Анак-Кракатау баланд кард. Гурӯҳҳои наҷот бо ҳадафи пайдо кардани зиндаҳо оворҳоро кофтукоб мекунанд. Президенти Индонезия аз макони... Читать дальше...

Биноба суқути бозори бурс Трамп эҳтимол вазири молияро барканор мекунад

Ozodi.org 

Дар пасманзари сарозер шудани шохисҳои аслии ИМА дар бозорҳои бурс, президент Доналд Трамп имкони барканор шудани вазири молия Стивен Мнучинро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Bloomberg рӯзи 24-уми декабр хабар дод. Гуфта мешавад, ки раҳбари Кохи Сафед қарори барканории вазирро вобаста ба вазъ дар бозори бурс қабул хоҳад кард. Аз ҷумла, будани Мнучин дар ҳукумат акнун ба чигуна коҳиш ёфтани шохисҳои аслӣ бастагӣ хоҳад дошт.  Рӯзи душанбе шохиси DowJones дар бозорҳои ҷаҳонӣ 2,9 дар сади арзишашро аз даст дод... Читать дальше...

"Дар соли 2018 ҳуқуқи сокинон бештар нақз шуд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол ҳуқуқи онҳо бештар дар робита ба пӯшидани либос, дарёфти нафақаи муносиб, ихтисор аз ҷойи кор, озодии сухану дин ва дастнорасии вебсайтҳо нақз шудааст.

Даҳҳо кушта аз ҳамлаи ҷангҷӯён ба идораи давлатӣ дар Афғонистон

Ozodi.org 

Дар натиҷаи як ҳамла ба бинои ҳукуматӣ дар шарқи шаҳри Кобул, ки рӯзи 24-уми декабр рух дод, дастикам 43 нафар кушта шуд. Ба гуфтаи Вазорати тандурустии Афғонистон дар ҳамла 25 нафар захм бардошт.  Дар биное, ки ба он ҳамла шуд, Вазорати кори Афғонистон ва чанд идораи давлатӣ ҷойгир аст. Ҷангҷӯён дар ҳоле ба бино ҳамла карданд, ки қабл аз он як интиҳорӣ худро дар даромадгоҳ тарконд кард ва мардум рӯ ба фирор оварданд.  Ба гуфтаи ноиби сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Нусрат Раҳимӣ... Читать дальше...

"Нафақаи кам доданд, аз кор ихтисор карданд" – Нақзи ҳуқуқ дар соли 2018

Ozodi.org 

Бархе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол ҳуқуқи онҳо бештар дар робита ба пӯшидани либос, дарёфти нафақаи муносиб, ихтисор аз ҷойи кор, озодии сухан ва дастнорасии вебсайтҳо нақз шудааст.

Писари афсари пешини КГБ мегӯяд, расми 15-миллионии Рембрандт моли ӯст

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 25-уми декабр даъвои писари афсари пешини КГБ Андрей Плужниковро баррасӣ хоҳад кард, ки мегӯяд, "соҳиби воқеии расми Рембрандт аст". Додгоҳи ноҳияи Яккасаройи Тошканд 21-уми ноябр Комил Юлдошевро 52 миллион сӯм (беш аз $6 ҳазор) ва Рафаэл Фузайловро 34 миллион сӯм ($4 ҳазор) барои ҳаннотии асари марбут ба Рембрандт ба нафъи давлат ҷарима кард. Андрей Плужников, муҳандиси 50-сола аз Тошканд мегӯяд, расми "15-миллионевроии Рембрандт ба ӯ тааллуқ дорад ва ӯ аз ҳуқуқаш дар додгоҳ ҳимоят хоҳад кард". Читать дальше...

Чеченҳои "ҳамҷинсгароҳо" аз пушти сарашон парронда шуданд

Ozodi.org 

Сокинони Чеченистон Шото-Шамил Акаев ва Аюб Иброҳимов, ки дар "маҳбаси пинҳонӣ" барои "ҳамҷинсгароҳо" дар қаламрави ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешуданд, 30 марти соли 2017 аз фосилаи наздик, аз паси сарашон парронда шуданд. Дар ин бора нашрияи "Новая Газета" чопи Маскав, рӯзи 23 декабр бо такя ба гузориши пизишки қонунӣ хабар дод, ки ҳангоми таҳқиқи Кумитаи тафтишот дарёфт шуд. Кушташудаҳо бо худ чизе надоштанд, аммо фарзияи расмӣ мегӯяд, ки онҳо ҳангоми ҳамла ба ходимони пулис ҳадафи тир қарор гирифтанд. Читать дальше...

Туркия ба марзи Сурия нерӯи бештар фиристод

Ozodi.org 

Туркия ба марзи Сурия нерӯи изофӣ фиристод. Дар ин бора рӯзи 24 декабр расонаҳои Туркия хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳо, нерӯи изофӣ аз сарбозон ва техникаи низомӣ иборат аст, ки ба минтақаи ҷанубу шарқи Туркия - вилояти Килиси ҳаммарз бо Сурия интиқол ёфт. Ба навиштаи Нашрияи Hurriyet-и Туркия, қисме аз нерӯҳои ирсолшуда ба минтақаи шимоли Сурия - ноҳияи Ал-Боб ворид шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳо, мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки аз ҷониби Туркия ҳимоят мешаванд, дар наздикии... Читать дальше...

Додситонҳо барои мудирони пешин Telia ҷазои сахт талаб карданд

Ozodi.org 

Додситонҳои Шветсия 19 декабр дар додгоҳи Стокҳолм, ки парвандаи мудирони пешини Telia-ро баррасӣ мекард, барои айбдоршавандаҳо ҷазои аз ҳама сахттарро талаб карданд. Баррасии парвандаи фасодкории мудирони пешини ширкати Telia ҳудуди чаҳор моҳ пеш, 4 сентябр дар додгоҳи Стокҳолм оғоз шуда, 19 декабр ба поён расид. Дар курсии айбдорӣ се роҳбари пешини ширкати Telia - мудири пешини иҷроия Ларс Нюберг, мудири пешини молӣ ва ноиб-президенти пешин Теро Кивисаарӣ, инчунин мушовири пешини асосӣ дар умури тиҷорати Авруосиё Улӣ Туима нишастаанд. Читать дальше...

Консулгарии Чин дархости наздикони "маҳбусони Шинҷон"-ро қабул накард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Алмато як гуруҳи фаъолони иттиҳодияи ҷамъиятии "ал-Амонат"  рӯзи 24 декабр дар назди бинои консулгарии Чин ҷамъ шуданд, то дархостномаеро бо имзои 26 қазоқтабор, ки аз минтақаи Шинҷон баргаштаанд, ба намояндагии Чин супоранд. Фаъолон мегӯянд, наздикони онҳо дар Чин боздошт шудаанд. Муаллифони нома аз Пекин қатъи таъқибу раҳоии наздиконашонро талаб кардаанд. Вале масъулони консулгарии Чин аз қабули нома худдорӣ карда, гуфтанд, муаллифон аллакай шаҳрвандии Қазоқистонро қабул кардаанд ва... Читать дальше...

Баррасии парвандаи куштори Денис Тен дар Қазоқистон оғоз шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Алмато субҳи  25 декабр баррасии парвандани куштори варзишгари маъруф Денис Тенро оғоз кард. Дар курсии айбдорӣ се ҷавон Ормон Қудойбердиев, Нуралӣ Киясов ва Жанар Толибоева нишастаанд. Қудойбердиев ва Киясов дар "авбошӣ" ва "куштор" айбдор мешаванд. Толибоеваро ба он айбдор мекунанд, ки дар бораи куштор ба мақомот хабар надодааст. Модари Денис – Оксана Тен, ки дар мурофиа ҳузур дошт, акс наворгирии худро манъ кард. Гумонбарон низ гуфтанд, зидди наворгирӣ ҳастанд ва додрас ҳам дархости онҳоро пазируфт. Читать дальше...

"Ифтихори Узбекистон" борои истифодаи допинг муваққатан аз бозиҳо маҳрум шуд

Ozodi.org 

Нахустин қаҳрамони ҷаҳони Узбекистон, соҳиби унвони "Ифтихори Узбекистон" Руслан Нуриддинов бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум шуд. Тавре Федератсияи байналхалқии варзиши вазнин (IWF) хабар медиҳад, баъди дубора санҷидани варзишкорон, ки ҳангоми Олимпиадаи Лондон дар соли 2012 баргузор шуда буд, натиҷаҳои Руслан Нуриддинов мусбат баромаданд. Санҷиши дубораи Руслан Нуриддинов нишон дод, ки вай аз доруҳои нерӯафзо истифода кардааст. Руслан Нуриддинов дар Лондон дар вазни 105 кг. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *