Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2019

Новости за 03.06.2019

Шикояти Песков аз боздошти тоҷири амрикоӣ

Ozodi.org 

Сухангӯи раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ҳукумат мехоҳад, сармоягузори шинохтаи амрикоӣ Майкл Калвей, ки дар ҳабси хонагӣ аст, дар форуми маъруфи иқтисодии Русия ҳузур дошта бошад. Майкл Калвей ба тақаллуби молӣ муттаҳам мешавад, ҳарчанд худаш иттиҳомот дар ин заминаро рад кардааст. Форуми иқтисодии Санкт Петербург ҳафтаи оянда баргузор мешавад. Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин рӯзи 3-уми июн бо ишора ба номи Майкл шикоят кард, ки “вазъи маъюскунандае” бо ӯ пеш омадааст ва афзуд, ҳукумати Русия ӯро ҳамчун “тоҷири қобили эътимоде медонад... Читать дальше...

Охирсухани сафари Туск. Ҷумлаи баҳсбарангез дар соҳили кӯли Сарез. ВИДЕО

Ozodi.org 

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск баъди бозгашт ба Брюссел ҷараёни сафарашро ба Осиёи Марказӣ дар як видеои кӯтоҳ натиҷагирӣ кард. Вале ҷузъиёте, ки имрӯз мардум аз онҳо мегӯянд, дар ин видео нест.

Бобоназарова: "Додгоҳ бояд мустақил бошад"

Ozodi.org 

Ойниҳол Бобоназарова, раиси пешини Бунёди Сорос дар Тоҷикистон ва довталаби курсии президентӣ дар интихоботи соли 2013 дар гуфтугӯи ихтисосӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Қиматҳои "равғанӣ" дар бозорҳо дар остонаи Иди Фитр. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки ширинифурӯшҳо мегӯянд дар се рӯз ба ҳаҷми се моҳ тиҷорат кардаанд, фурӯшандаҳои либос иддао доранд, ки ба эҳтимоли кампулӣ занҳои тоҷик дар муқоиса бо солҳои қаблӣ барои худ дар остонаи Иди Фитр либоси нав камтар харидорӣ мекунанд.



Ахбори Озодӣ аз 3-уми июни соли 2019

Ozodi.org 

Тоҷикистон бо зарбаи сели харобиовар мувоҷеҳ шуд, нархи гӯшт дар арафаи Иди Фитр, сафари Президенти ИМА ба Британия, таҳқиқи ошӯбҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Озарбойҷон аз хариди 10 Боинг даст кашид

Ozodi.org 

Ширкати ҳавопаймоии “АЗАЛ”-и Қазоқистон эълон кард, ки аз қарордоди як миллиардолларӣ барои хариди ҳавопаймои Боинг 10737 Макс даст кашидааст. Сабаб ба гуфтаи Пошо Кесаминси, сухангӯи ширкат “омилҳои амниятӣ” будааст. Ӯ рӯзи 3-уми июн ба хабарнигорон гуфтааст, “АЗАЛ тасмим гирифт, ки ба сабабҳои амниятӣ аз ширкати Боинг 10 ҳавопаймо нахарад ва қарордоди марбутаро лағв кард”. Баъди суқути ҳавопаймои серхаридори Боинг 737 Макс дар шаҳри Аддис Абебаи Эфиопия кишварҳои зиёде парвози ин ҳавопайморо дар фазои худ манъ карданд. Читать дальше...

Тазоҳуроти занони қазоқ дар назди Кохи президент

Ozodi.org 

Як ҳафта қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон даҳҳо зан дар назди кохи раиси ҷумҳурӣ дар шаҳри Нурсултон пойтахти кишвар эътироз карданд. Онҳо хостанд, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва манзил барои мардум бештар карда шавад. Тазоҳургарон аз мақомот мехостанд, ки ваъдаҳояшон барои кӯмаки молӣ ва тақсими хона ба оилаҳои серфарзанд ва занони танҳоро иҷро кунанд. Онҳо “Хонаи дуруст барои фарзандони мо” шиор медоданд ва талаб карданд, ки нахуствазир Аскар Мамин, раиси ҷумҳури муваққат Қосимҷомарт Токаев ва Нурсултон Назарбоев... Читать дальше...

Ифшогари урдӯгоҳҳои Чин аз Қазоқистон рафт

Ozodi.org 

Сайрагул Саутбой, як шаҳрванди қазоқтабори Чин, ки шаҳодаташ дар додгоҳ, “ӯрдугоҳҳои тарбиявӣ” дар шимолуғарби кишварро ошкор кард, Қазоқистонро тарк кардааст, чун ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ надодаанд. Айман Умаров, вакили дифои ӯ рӯзи 3-уми июн дар Фейсбук навишт, ки фарди зери ҳимояташ Қазоқистонро тарк карда ва ба қавли ӯ ба “яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон рафтааст.” Сайрагул Саутбой бисёр мехост дар Қазоқистон паноҳандагии сиёсӣ бигирад, вале моҳи август додгоҳ ӯро ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам кард. Читать дальше...

Сафари давлатии Доналд Трамп ба Бритониё оғоз шуд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо сафари серӯзаи давлатӣ ворид Бритониё шуд. Қарор аст, ӯ ва ҳамсараш Мелания рӯзи 3-уми июн бо хонаводаи салтанатии Бритониё ва аз ҷумла Малика Элизаветаи дуввум дар Кохи Букингем мулоқот кунад. Пеш аз вуруд ба Лондон, ӯ раиси ин шаҳр Содиқ Хонро дар Твиттер “як бозандаи сангдил” номид, чун ӯ ҳукумати Бритониёро барои истиқболи бошукӯҳи Доналд Трамп танқид кард.  Сафари Трамп ба Лондон дар замоне сурат мегирад, ки Бритониё ба сабаби масъалаи хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шудааст. Читать дальше...

"Кӯдакон озодиро аз калонсолон беҳтар мефаҳманд". ВИДЕО

Ozodi.org 

Нушофарин -- хонандаи синфи панҷуми яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе аст. Ӯ духтареро тасвир кардааст, ки дар синф нишаста, хоҳиши ҷавоб гуфтан ба дарсро дорад. Нушофарин бо ин расмаш ҳуқуқи духтарон ба таҳсилро нишон додааст.

Сел гӯристони Шӯрқурғони Конибодомро вайрон кард

Ozodi.org 

Дар натиҷаи борони зиёди шаби 2-уми июн дар шаҳри Конибодом гӯристони деҳаи Шӯрқурғон комилан зери об монд ва даҳҳо гӯр фӯру рафт. Видеоро аз тариқи Вотсапп ба мо фиристоданд ва ба ин рақам +420 724 053 959

Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Юнон, Қирғизистон ва Туркия

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин 2-юми июн ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Дар Алмато чанд иштирокчии эътирозҳоро ҳабси хонагӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон шаби 1-уми июн ду зан - Жазира Демеуова ва Гулзипа Ҷаукероваро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Додгоҳ гуфт, ин ду зан аъзои созмони мамнуъ ҳастанд ва ба ин тартиб, онҳоро то 1 моҳ ҳабси хонагӣ кард. Чанде пештар додгоҳ нисбати модари танҳо Оксана Шевчук низ айни ҳамин ҳукмро содир карда буд. Додгоҳ гуфт, вай узви ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" аст. Ҷаукерова ва Демеуова дар додгоҳ гуфтанд, ки аъзои созмони "Интихоби демократии Қазоқистон" нестанд... Читать дальше...

Қатар аз эъломияҳои поёнии нишастҳои Макка интиқод кард

Ozodi.org 

Кишвари арабии Қатар баёнияҳои се нишасти Маккаро, ки Эронро ҳадафи интиқодҳои шадид қарор доданд, радд карда ва мегӯяд, ин баёнияҳо ишорае ба пайгирии як сиёсати миёнаравона барои кушодани дарвозаҳои гуфтугӯ бо Теҳрон намекунанд.

Дар Қирғизистон корҳои иктишофӣ ва кандани уран манъ шуд

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон корҳои иктишофӣ дар майдонҳои дорои иҷозатнома бо ҳадафи пайдо кардани уран манъ шуд. Ин фармонро сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев имзо кард. Бар асоси фармон, то танзим шудани ин масъала дар сатҳи қонунгузорӣ, корҳои иктишофӣ ва кандани уран манъ мешавад. Моҳи апрели соли ҷорӣ дар Қирғизистон дар пасманзари нақшаҳои коркарди кони урани вилояти Иссиқкӯл эътирози мардумӣ сар зад. Фаъолон дар шаҳрҳои Бишкек, Балиқчӣ, Қаракӯл ва дар наздикии кон эътироз баргузор карданд. Читать дальше...

Дар пойтахти Туркманистон навбатпоӣ барои биринҷу шакар идома дорад

Ozodi.org 

Ин рӯзҳо пушти дари мағозаҳои давлатии пойтахти Туркманистон навбатпоии тӯлонии харидорони шакар, биринҷ ва равғани растанӣ мушоҳида мешавад. "Шумори навбатпоён то 100 тан мерасад. Миёни онҳо занон бо кӯдакони ширхор, куҳансолон, кӯдакону наврасон ҳам ҳастанд. Онҳо аз субҳи содиқ назди мағоза меоянд",-гуфт як сокини Ишқобод. Ба гуфтаи ин сокин, барои ҳар кас на бештар аз се кило биринҷ ва як кило шакар фурӯхта мешавад. Расонаҳо хабар медиҳанд, дар ҳоле пушти дари мағозаҳои давлатӣ навбатпоӣ мушоҳида мешавад... Читать дальше...

Шаст сол дар орзуи пул. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони рустои Дӯстӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон як таркиби оҳаниро, ки дар болои дарёи Ёқсу гузошта шудааст ва ягона роҳи онҳо ба маркази ноҳия аст, бештар бо номи “Пули сирот” мешиносанд. Онро ба сабаби борикӣ ва хатарзо буданаш чунин ном гузоштаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *