Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Июнь
2019

Новости за 16.06.2019

Пули муҳоҷирон оилаҳоро танбал мекунад? Муҳаққиқон мегӯянд, бале. ВИДЕО

Ozodi.org 

“Хариди хӯрок, либос, пардохти пули таҳсил ва бунёди хонаву ташкили ҷашни арусӣ”. Посухи онҳое, ки барои гирифтани пули ноновари хона ва ё муҳоҷир паси дари як бонк дар Душанбе омадаанд.

Рашид аз қуллаи Карл Маркс фаромад ва ба хонасозӣ гузашт

Ozodi.org 

Рашид сохтмончӣ ё таъмиргар нест. Ӯ як кӯҳнаварди ботаҷриба ва касбӣ аст. Бо рангу бор ва шустани тиреза дар биноҳои баландошёна ӯ барои фатҳи қуллаҳои баланд ва амалӣ шудани орзуҳояш шароит фароҳам мекунад.

Трамп шаҳрдори Лондонро "фалокат" номид

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дигарбора Содиқ Хон шаҳдори Лондонро танқид кард ва ӯро “фалокат” номида гуфт, ки бояд ҳарчӣ зудтар иваз карда шавад. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар Твиттер навишт, “Лондон ҳарчӣ зудтар ба шаҳрдори нав эҳтиёҷ дорад. Хон як фалокат аст, ки бадтар мешавад.” Ӯ пештар шаҳдори Лондонро “як бозандаи дилсанг” номидааст. Трамп дар ин бора бо нашри  навиштаи Кети Ҳопкинс, шореҳи ростгарои ифротии Бритониё изҳори назар кардааст. Ин шореҳ соли 2015 ба исломситезӣ муттаҳам шудааст ва муҳоҷиронро ба ҳашарот монанд кардааст. Читать дальше...

Раиси ҷумҳури собиқро ба додгоҳ меоранд

Ozodi.org 

Қарор аст, Умар Башир, раиси ҷумҳури барканоршудаи Судон ҳафтаи оянда барои эълони иттиҳоми фасодкорӣ ва нигаҳдории ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба додгоҳ ҳозир шавад. Дар ин бора додситонии Судон рӯзи 15-уми июн хабар дод. Ду моҳ пештар аз ин баъд аз тазоҳуроти азими мардумӣ, низомиёни Судон Умар Баширро аз мақомаш барканор карданд. Ӯ, ки раҳбари худкомае буд, муддати тӯлонӣ дар Судон ҳукумат кардааст. Волид Аҳмад, додситони кулл дар бораи эълони иттиҳом суҳбат кард, вале нагуфт, ки Умар Башир кадом рӯз ба додгоҳ меоранд. Читать дальше...

Тоҳиров Фирӯз ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ дар Бӯстон майдони варзишӣ сохт

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Масоҳати майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболи​ хурд мутобиқ гардонида шудааст, 1530 метри мураббаъро дар бар мегирад ва он дорои утоқи либосивазкунӣ, мағозаи фурўши лавозимоти варзишӣ ва нўшокиҳои ташнашикан мебошад

Аз Покистон хостанд, як беморро ба дор накашад

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Покистон хостанд, як зиндонии гирифтори бемори равониро ба дор накашад. Соро Билол, раиси созмони Тарҳи Адолат дар Покистон рӯзи 16-уми июн гуфт, ҳукумат бояд иҷрои ҳукми қатли Ғулом Аббосро, ки бояд рӯзи 18-уми июн ба дор овехта шавад, то замони арзёбиҳои иловагӣ ба таъхир андозад. Созмони мазкур мехоҳад, дар Покистон ҳукми қатлро аз байн баранд. Соро Билол аз қавли Малик Мубашир, табиби шинохтаи бемориҳои равонӣ дар Покистон гуфт, ки ӯ Ғулом Аббос аломатҳои возеҳи бемори равониро дорад... Читать дальше...

Зеленский ба Мариупол рафт ва гуфт:

Ozodi.org 

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 15-уми июн дар маросими панҷумин солгарди раҳоии шаҳри Мариупол аз дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия ширкат кард. Мариупол, дар соҳили Баҳри Азов 20 километр дуртар аз ҷабҳаи пеши  муноқиша дар шарқи Украина ҷойгир аст. Аз замони шуруи ҷангҳо дар ин минтақа аз моҳи апрели соли 2014 то кунун 13 000 нафар кушта шудаанд. Як моҳ пештар аз шуруи даргириҳо, Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб ва сипас ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Владимир Зеленский дар... Читать дальше...

Ҳасан Рӯҳонӣ мунтазири "посухи мусбати" тарафҳои дигар

Ozodi.org 

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш иҷрои дигар бандҳои созиши атомиро муттавақиф мекунад, то замоне, ки аз дигар тарафҳои созиш “посухи мусбат” нагирад. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар шаҳри Душанбе гуфт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эъломи омодагӣ барои ҳаргуна таомул тасмим гирифтааст, то тибқи бандҳои 26 ва 36 “БАРҶОМ” (созиши атомӣ) иҷрои тааҳҳудоташро барои эҷоди тавозун дар ин тавофуқ коҳиш диҳад. Ва албатта дар сурати адами дарёфти посухи мусбат ба ночор иқдомоти бештаре дар ин замина анҷом хоҳад дод.” Ӯ мушаххас нагуфт... Читать дальше...

Валиаҳди Саудӣ Эронро масъули ҳамла ба киштиҳои нафткаш номид

Ozodi.org 

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Шоҳи Арабистони Саудӣ рақиби кишвараш Эронро ба ҳамла ба ду киштии нафткаш дар Халиҷи Уммон муттаҳам кард. Ӯ гуфт, кишвараш “ба ҳар таҳдид ба зидди мардум ва манофеаш муқобила мекунад.” Эрон ин иддаҳоро рад кардааст.

Шикасти тими Тоҷикистон дар Эрон

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар риштаи футзал – “U-20” аз ҳаққи идомаи сабқат дар Ҷоми Осиё – 2019 маҳрум шуд

Майори тоҷик мегӯяд, аз бозгашт ба Тоҷикистон метарсад, зеро...

Ozodi.org 

Як майори фирории тоҷик, ки ба қавли худаш ду сол қабл аз таҳдиду фишори зиёди мақомот кишварро тарк кардааст, талош дорад, бегуноҳиашро исбот кунад ва ба Тоҷикистон, назди фарзандонаш баргардад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *