Аво Сузи, ошиқи эстонии Тоҷикистон даргузашт
Пайвандонаш гуфтанд, ӯ шаби 8-уми феврал ҷон дод ва дар оромгоҳи Туҳалонеи наздикии Виляндии Эстония дафн хоҳад шуд.
Пайвандонаш гуфтанд, ӯ шаби 8-уми феврал ҷон дод ва дар оромгоҳи Туҳалонеи наздикии Виляндии Эстония дафн хоҳад шуд.
Идлиби Сурияро, ки дар сарҳад бо Туркия ҷойгир аст ва солҳо боз ҷабри ҷангро мекашад, заминларзаи шадиди 6-уми феврал дар вазъияте баде гузоштааст. Маъмурони идораҳои имдодӣ мегӯянд, минтақа ба кумакҳои фаврии байнулмилалӣ эҳтиёҷ дорад.
Бо гузашти ду сол аз тасмими Тоҷикистону Узбекистон барои сохтани филме дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳанӯз замони наворгирӣ ва буҷаи он мушаххас нашудааст.
Маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон як фаъоли иҷтимоиро ба гумони барҳам задани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва даъват ба ғасби худсаронаи ҳокимият боздошт карданд.
Дар Тоҷикистон баъзе аз донишгоҳҳо муҳтоҷи донишҷӯ шуданд. Соли гузашта бештар аз даҳ ҳазор хатмкунандаи мактаб ва довталаби идомаи таҳсил бо вуҷуди супурдани имтиҳону муваффақ шудан ба донишгоҳҳо наомаданд. Чаро? Пули таҳсил надоштаанд, ё чизи дигар?
Хонаи Шаҳноз Устун, зодаи Тоҷикистон ва сокини Қаҳрамонмараши Туркия, дар заминларзаи харобиовар зиён дидааст. Ӯ мегӯяд, бо чор фарзандаш дар “гараж” зиндагӣ дорад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои пешгирӣ аз хато дар номи ширкатҳо соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз ташхиси забоншиносӣ гузаранд. Пешниҳоди мазкур баҳсҳоро дар бораи эҷоди монеаи дигар дар роҳи соҳибкорӣ барангехтааст.
Теъдоди қурбониёни заминларзаҳои мудҳиши рӯзи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия аз 19 ҳазор нафар гузашт. Талоши наҷоти афроде, ки зери биноҳои фурурехта мондаанд, идома дорад, вале айни замон шикоят аз таъхир дар кумакрасонӣ низ зиёд аст. Мардуми Сурияи ҷангзада дар ин байн азоби бештар мекашанд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд боздошти блогер Абдуқодир Муъминовро тасдиқ кард. Дар иттилоияи раёсат омадааст, блогери узбек ба "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" гумонзад аст.
Сарсенбек Акбар, қазоқтаборе аз минтақаи худмухтори Шинҷон ва шавҳари яке аз эътирозгарони назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмато Гулнур Косдаулет баъди шаш сол тавонист, ба назди хонаводааш ба Қазоқистон равад.
Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон аз Додгоҳи шаҳри Бишкек хостааст, баррасии баҳси ин ниҳодро бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба таъхир гузорад. Вазорат ҳамчунин гузаронидани ташхиси забоншиносиро дархост кардааст.
Ҳудуди 60 ҳазор кас соли гузашта ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуда, бештар аз 11 нафар ба дарс ҳозир нашудаанд. Дар Маркази миллии тестӣ сабабро напардохтани пули шартнома гуфтанд. Дигарон қонуни хидмат дар артишро далел меоранд.
Се корманди қудратии Қарақалпоқистонро дар робита ба "амалҳои ғайриқонунии маъмурони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни ҳодисаҳои шаҳри Нуқус" дастгир кардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки ба Туркия як гуруҳи иловагии наҷотбахшон фиристода шудааст.
Мардеро дар назди сафорати Русия дар пойтахти Қирғизистон дастгир кардаанд. Маъмурони пулиси Бишкек гуфтанд, "ӯ мехост, иқдоми эътирозӣ ташкил кунад".
Афви як мард дар Русия, ки барои қатли тамоми аъзои як оила ба 23 сол зиндон маҳкум шуда буд, нигарониву шубҳаро барангехтааст.
Шарти додани иҷозаи иқоматро ба хориҷиён дар Қазоқистон сахттар кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти 10-уми қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида, ки рӯзҳои 10-12-уми феврал дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона - баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Тоҷикистон барои ёрӣ ва рафъи пайомадҳои зилзилаи маргбор ба Туркия 50 маъмури наҷот фиристод.
Наҷотбахшон мегӯянд, навзодро замоне ёфтанд, ки ҳанӯз нофи ӯ бо модараш пайваст буд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз хатову ғалат дар номи ширкатҳо, соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз санҷиши забон гузаранд.
Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Туркия эълон кард, ки шумораи қурбониёни зилзила дар ин кишвар ба 12 ҳазору 391 кас ва теъдоди захмиҳо ба 62 ҳазору 914 нафар расид. Дар Сурия аз кашфи 3042 ҷасад аз зери вайронаҳо хабар доданд. Шумори захмиҳои зилзила дар Сурия 5635 тан эълон шуд.
Дар соли 2022 аз кони "Қумтор" дар Қирғизистон 17,3 тона тило истихроҷ шудааст. Дар ин бора Алмос Бариктабасов, роҳбари ширкати "Кумтор Голд Компани" хабар дод. Бариктабасов гуфт, ки ширкат дар соли гузашта 32,1 млрд сом андоз пардохтааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2021 6,6 дарсад бештар аст. Қаблан ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Қумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Дар ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Читать дальше...
Туркманистон ҳамчун кӯмаки дӯстона ба Узбекистон гази моеъ ирсол кард. Узбекистон дар посух ба Туркманистон мошинҳои муосири "ёрии таъҷилӣ" фиристод. Ин доду гирифт ба муносибати 30-солагии робитаҳои дипломатии ду кишвар сурат гирифтааст. Узбекистон дар посух ба дарёфти гази моеъ, ба Туркманистон 20 мошини "ёрии таъҷилӣ"-и навъи "Volkswagen Caddy" ирсол кардааст.