Содирот кам шуд ё зиёд? Оморҳои зиддунақизи мақомоти Тоҷикистон. ВИДЕО
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоши, ба гуфтаи он "рекордӣ" ё бесобиқаи гардиши савдои хориҷии кишвар хабар дод. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба бештар аз 7,5 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба як соли пеш 20,1 дарсад зиёд будааст.