Тоҷикистон ду маҳбуси аз Қирғизистон истирдодшударо афв кард
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Қирғизистон ба Душанбе истирдод шуда буданд, аз маҳбас раҳо гаштанд.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Қирғизистон ба Душанбе истирдод шуда буданд, аз маҳбас раҳо гаштанд.
Селе, ки рӯзи 21-уми июл ба ноҳияи Лахш сарозер шуд, пеш аз ҳама заминҳои кишт ва ҳам ҳосили то ҳоло ҷамъоваришударо осеб расонид. Кишоварзон маҷбур ҳастанд барои наҷоти ҳосили картошка аз рӯи пули ларзон убур кунанд. Азиятҳои сокинони деҳоти Лахш дар гузориши Мӯъмин Аҳмадӣ тақдим мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон қарореро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он сар аз соли нави 2024 вуруди мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 ба қаламрави кишвар манъ мешавад. Ҳадаф таҷдиди парки нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳо ба ҳаво аст. Барот Юсуфӣ гузориш медиҳад
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди сари қудрат баргаштани “Толибон” дар Афғонистон тавлид ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар дар қиёс бо соли 2020 порсол ин мавод дуним баробар бештар аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шудааст.Аз Душанбе гузориши Шаҳлои Абдуллоҳро мебинем
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукми се милисаи гумонбар дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлобро эълон кард. Ҳар кадоми онҳо ба 14 солии зиндон маҳкум шуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мегӯяд бо ҳамтои қирғизаш ба мувофиқае расидааст, ки дарҳои беш аз ду сол бастаи сарҳадро аввал ба рӯи тоҷирону сокинони наздимарзӣ боз намоянд. Фарзон Муҳаммадӣ дар ин бора гузориш медиҳад.
Раиси Суғд мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон дар фикри боз намудани бозорҳои наздимарзӣ шудаанд, дар давраи ҳукмронии Толибон дар Афғонистон кишту қочоқи маводи мухаддир беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст, вуруди мошинҳои куҳна ба Тоҷикистон маҳдуд мешавад ва матолиби дигар.
Вазорати энергетикаи Узбекистон гуфт, ба далели вазъи сангин дар маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетикӣ маҷбуранд, ки барқро дар тамоми вилоятҳои ин кишвар дар соатҳои муайяни рӯз қатъ кунанд. Ин ниҳод афзудааст, ки иқдоми мазкур ба хотири аз ҳад зиёд гарм шудани ҳаво ва таъмиру бозсозиҳои анҷомшуда дар низоми энергетикии Узбекистон дар моҳи июни имсол рабт дорад. Ба иттилои вазорат, рӯзҳои ахир ба далели гармои шадид талабот ба нерӯи барқ дар ин кишвар ду баробар афзоиш ёфта, боиси нуқсон дар хатҳои... Читать дальше...
Як муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург зану кӯдакеро аз коми оташ наҷот додааст. Дар бораи корнамоии муҳоҷир расонаҳои Русия хабар дода, аз ӯ Манучеҳр ном бурдаанд. Сӯхтор рӯзи якуми август дар ошёнаи 25 -уми биное дар шаҳраки Светлий рух додааст. Муҳоҷири тоҷик баъд аз шунидани фарёди зане, ки бо тифли навзодаш дар миёни оташ монда буд ба кӯмак шитофт. Ӯ қабл аз омадани оташнишонҳо дари хонаро шикаста, модару кӯдакро наҷот дод. Муҳоҷири тоҷик ҳангоми сар задани сӯхтор дар баландошёна, дар сохтмоне дар наздикии он кор мекардааст. Читать дальше...
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 4-ум то 14-уми август дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард. Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш шомил аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 132 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат меварзад. Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир хоҳад шуд. Хабаргузории БелТА иттилоъ медиҳад... Читать дальше...
Нархи гӯшт дар Тоҷикистон дар қиёс бо ҳафт кишвари дигари шӯравии пешин гаронтар будааст. Тоҷикистон баъд аз Арманистон дуюм кишваре дониста шуд, ки нархи гушт дар он ба фарқ аз аксар дигар кишварҳои минтақа баланд аст. Инро як санҷиши Хадамоти зиддимонополии Қирғизистон дар пайи арзёбии нархи як кило гӯшти гов дар Қирғизистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус ва Русия нашр кардааст. Гаронтарин нарх барои як кило гӯшти гов дар Арманистон ба қайд гирифта шудааст, беш аз 9 долларро ташкил медодааст. Читать дальше...
Вазорати адлияи ИМА собиқ президент, Доналд Трампро дар талоши бекор кардани натиҷаҳои интихоботи соли 2020 гумонбар эълон кард. Дар иттиҳоме, ки эълон шудааст, Трамп ва муттафиқонаш дар таҳияи нақшаи муфассали эътироф накардани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020, ки дар он Ҷо Байден баранда шудааст ва ба манфиати худ тоб додани натиҷаҳои овоздиҳӣ гумонбар дониста шудааст. Ин парвандаи сеюми ҷиноӣ аст, ки алайҳи Трампи хостори бозгашт ба курсии президентӣ, дар Кохи Сафед эълон шудааст. Читать дальше...
Додгоҳе дар вилояти Маскав ҳукми шаш ҳамроҳи ҷинояткори ашаддии зидди муҳоҷирон бо лақаби Тесакро содир кард. Тесак, ки номи расмиаш Максим Марсинкевич аст, бо қатли муҳоҷирон машғул буд. Бо ҳукми додгоҳ дирӯз, 1-уми август Андрей Кайл, Семен Токмаков, Алексей Гудилин, Павел Хрулев, Максим Хотулев ва Александр Лисенков барои куштори чор муҳоҷир дар ҳодисаҳои 20 соли пеш ба мӯҳлатҳои аз 8 то 15 соли зиндон маҳкум шуданд. Қатли ду муҳоҷири тоҷик тирамоҳи соли 2003 рух додааст, вақте бо ваъдаи... Читать дальше...
Гармои шадид дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти полезиро зиёд кардааст, аммо ду баробар боло рафтани нархи тарбузу харбуза дар бозорҳои пойтахт, сокинонро нигарон кардааст.
Биноҳои порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон, ки бо сармояи Чин сохта шудааст, соли оянда ифтитоҳ мешаванд. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон 2-юми август хабар дод. Сохтмони ин ду бино соли 2018 оғоз шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Чин барои сохтмони бинои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон 1,5 миллиард юан ҷудо кардааст. Мақомоти Тоҷикистон сохтани ин ду иншоотро "дастгирии беғаразонаи молии кишвари дӯсту ҳамсоя" номиданд, аммо мунтақидон онро як навъ нуфузи дигари Чин ба Душанбе гуфтанд. Читать дальше...
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон таъкид кардааст, ки қабули ҳуҷҷати кӯдакони синфи 1-ум ба мактабҳо ройгон буда, талаби маблағ ғайриқонунӣ аст. Ин ниҳод навиштааст, ки дар ҳолати талаб намудани маблағ аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, волидони кӯдак аз онҳо расид (квитансия) барои пардохти маблағ талаб намоянд ё ба ниҳоди масъул шикоят баранд. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, эълони мазкур танҳо барои пешгирӣ ва огоҳ намудани волидон нашр шудааст. Ҳамасола... Читать дальше...
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, санҷиши онҳо нишон дод, ки биноҳои навбунёд дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ба зилзила тобовар ҳастанд.
Шаби 31 июл ба 1 августи соли 2023 дар як занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду нафар кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз қавли хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав иттилоъ додааст. Ба навиштаи ин расона, байни гурӯҳи шаҳрвандон муноқиша сар зада, дар ҷараёни он ду нафар аз зарби корд ҷароҳат бардоштанд ва аз захмҳои гирифтаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. То ин дам муфаттишон шахсияти яке аз фавтидагонро муайян кардаанд. Хабаргузории news.ru. навиштааст... Читать дальше...
Дар яке аз баландошёнаҳои зист дар маҳаллаи Аккенти шаҳри Алматои Қазоқистон 1 август сӯхтор ба амал омадааст. Раёсати тандурустии Алмато хабар дода, ки 31 сокиниин бино, аз ҷумла 16 кудак бо нишонаҳои сӯхтагӣ ба бемористон интиқол дода шудааст. "Дар натиҷаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар иттилоияи раёсат. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дода, ки 250-300 сокини биноро ба ҷои бехавф кучониданд
Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи 1 август аз додгоҳ хостааст, блогер Абдуқодир Муминовро, ки дар тамаъҷӯӣ, қаллобӣ ва иштирок дар порадиҳӣ муттаҳам мешавад, 11 сол зиндонӣ кунад. Дар ин бора хабаргузории "Газете.uz" бо истинод ба хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон иттилоъ додааст. Яке аз даъвогарон дар додгоҳ гуфтааст, ки Муминов барои таҳқиқи як мушкили марбут ба корхонаи хиштбарорӣ аз ӯ 10 ҳазор доллар талаб карда, 3800 доллари онро ҳамчун "пешпардохт" гирифта буд. Блогер изҳор дошта... Читать дальше...
Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия як пулис ва се сокини маҳалиро, ки дар оташ задани вагони зисти муҳоҷирон ва куштани ду тан аз онҳо айбдор мешуданд, бегуноҳ эълон кардааст.