Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Август
2023

Новости за 28.08.2023

"На барқ дорем на об." Сокинони Душанбе мунтазири кумак. ВИДЕО

Ozodi.org 

Манзили даҳҳо сокини  шаҳри Душанбе, аз борону сел зиён дида аксари маҳаллаҳо дар пойтахт оби ошомиданӣ надоранд. Сокинон шикоят доранд ки зиндагӣ дар манзилҳояшон имконнопазир аст ва мақомот ба мушкилашон расидагӣ намекунанд.

Шаҳрвандии Русия мехоҳед, худро дар комиссариати ҳарбӣ сабт кунед!

Ozodi.org 

Шаҳвандии Русия мехоҳед, худро дар комиссариати ҳарбӣ сабт кунед! Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар вилояти Калугаи Русия аз муҳоҷирони довталаби шаҳрвандии Русия тақозо мешавад, ки ибтидо бо вазорати Мудофиаи ин кишвар қарордод банданд.

Ахбори Озодӣ аз 28-уми августи соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Гузориш аз минтақаи Ромит, ки бо зарбаи асосии офати табиӣ мувоҷеҳ шудааст, тундбод ба баъзе маҳаллаҳои Душанбе ҳам зарба задааст, довталабони шаҳвандии Русия бояд дар комиссариати ҳарбӣ сабт шаванд ва матолиби дигар.

Сел Садоқати 24-соларо бурду ду тифлашро ятим кард

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Ваҳдат сели мудҳиш чандин хонаро вайрон кард ва чанд нафарро кушт. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба деҳаи осебдидаи Бустонсаро рафтанд ва шоҳиди оқибатҳои мудҳиши фалокати табиӣ шуданд.



Бобои Дона, ки зиндонӣ шуданаш сару садои зиёде барангехт, даргузашт

Ozodi.org 

Дониёр Набиев (Бобои Дона), зиндонии пешини Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 87-солагӣ даргузашт. Набиев соли 2020 барои кӯмак ба наздикони зиндонии ҲНИТ боздошт ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар пайи интиқоди зиёди ҳомиёни ҳуқуқ ӯро аз зиндон раҳо карда буданд.

Сел деҳаи Тангаӣ дар Ваҳдатро вайрону валангор кард

Ozodi.org 

Дар натиҷаи боронҳои сахти шаби 27-уми август, ду деҳа бахусус деҳоти Тангаӣ ва Шоразм дар шаҳри Ваҳдат сахт осеб диданд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки сел дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат то кунун 13 нафарро куштааст.

Ҳалокат 13 нафар дар боронгариҳои шаби гузашта дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бар асари боридани борон ва селобҳои шаби гузашта дар Тоҷикистон, 13 нафар ҷон бохтанд. Тибқи иттилои расмӣ 11 нафари онҳо дар шаҳри Ваҳдат ва 2 дар нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳалок шуданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён кардааст Хабар такмил мешавад

Имоми масҷиди Тошканд баъди танқиди "кешбэк" барканор шуд

Ozodi.org 

Идораи мусулмонони Узбекистон 25 август хабар додааст, ки имоми масҷиди ба номи "Имом Тирмизӣ"-и шаҳри Тошканд Исоқҷон Бегматов аз мақомаш барканор шудааст. Имом барои "як қатор изҳоротҳои баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ақидаҳои мухолиф ба фатвои уламо" барканор гаштааст. Қаблан як видеои суханронии Бегматов дар Интернет нашр шуд, ки баҳсҳои тундеро дар миёни корбарони узбекистонӣ ба бор овард. Руҳонии узбек дар ин суханронияш дар бораи низоми андозбандӣ ва "кешбэк" ҳангоми пардохтҳои онлайнӣ суҳбат мекунад. Читать дальше...

Эътирози кормандони коммуналӣ дар Жанаозен

Ozodi.org 

Дар шаҳри Жанаозени вилояти Манғистауи Қазоқистон дасти кам кормандони ду ширкати коммуналӣ эътироз карданд. Беш аз 100 корманди ширкати "Озенмунайгаз", ки аз бузургтарин корфармоён дар шаҳр аст, 25 август ба нишони эътироз дар назди бинои коргоҳи ширкат ҷамъ шуданд. Кормандони ширкатҳои коммуналӣ талаб доранд, квотаи ҷойҳои кории интиқолӣ ба "Озенмунайгаз", ки дар ҳоли ҳозир 40 адад аст, кам карда нашавад. Интиқоли кормандон ба "Озенмунайгаз" дар се моҳ як маротиба сурат мегирад. Ҳамчунин аз корфармо талаб мешавад... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *