Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
World News in Tajik
Март
2024

Новости за 02.03.2024

Маҳалли пешвози меҳмонони Ховалинг вайрон мешавад

Ozodi.org 

Дар Хатлон қариб ҳар сол бо харҷи пули зиёд барои меҳмонону сайёҳон макону биноҳо сохта мешавад, аммо дар як фурсати кӯтоҳ онҳо ба харобазор табдил меёбанд. Мисли маконе дар Ховалинг, ки барои қабули меҳмонон сохта буданд ва он акнун батадриҷ вайрон мешавад.

Чаро мақомоти интизомии Кӯлоб нишасти хабарӣ баргузор накарданд?

Ozodi.org 

Бо гузашти як ҳафта аз анҷоми нишастҳои хабарии мақомот хабарнигорон аз натиҷаи онҳову бардошти худ мегӯянд. Дар байни хабарнигорони Кӯлоб ин масъала бисёр баррасӣ мешавад, ки чаро баъзе аз мақомоти муҳим, аз ҷумла раёсати корҳои дохилӣ бо вуҷуди амри раиси ҷумҳур нишасти хабарӣ баргузор накарданд.

Шикояти марди нобино: "Аз некӣ гуфт, аммо ғорат кард"

Ozodi.org 

Як марди нобино дар Душанбе шаш моҳ боз ҷавонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи некӣ ӯро ғорат кардааст. Аслиддин Ҷалилов мегӯяд, ҷавон бо истифода аз корти бонкии ӯ пулро аз ҳисоби бонкиаш гирифт. Мақомоти интизомӣ ҳам зоҳиран парванда ва шикояти ин марди нобино ва муҳтоҷро фаромуш кардаанд.

Рустами Эмомалӣ дастур додааст, барои таъмини гармиву барқ чора андешанд

Ozodi.org 

Дар пайи шикоятҳо аз бебарқиву хонаҳои сард танқиди кори мақомот дар Душанбе, раиси ин шаҳр ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ барои огаҳӣ аз вазъ ба чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон рафтааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *