Сӯхтор дар бозори Бохтар чандин муҳоҷири афғонро аз даромад маҳрум кард
Сӯхтор дар як фурӯшгоҳи шаҳри Бохтар чанд хонаводаи муҳоҷирони афғонро аз манбаи даромаду рӯзгузаронӣ маҳрум кард. Дар пайи сӯхтори рӯзи 7-уми март дар бозори қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири мошинҳо ба гуфтаи мақомот шаш дӯкон пурра ба коми оташ рафт.